Иддае аз мусоҳибони мо дар хиёбонҳои Душанбе далели афзоиши мӯътодони маводи мухаддир дар Тоҷикистонро ба ҳамсоягии ин кишвар бо Афғонистон ва қимати поёни маводи мухаддир дар муқоиса бо дигар манотиқи ҷаҳон марбут донистанд.
Ба андешаи бархе аз онҳо, як сабаби аслии паҳншавии нашъамандӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки аксари аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, бекорӣ будааст. Як мусоҳиби мо дар хиёбони марказии пойтахт, омили паҳн шудани нашъмандиро дар тиҷорати гарми он мебинад, ки дар сурати пешгирии он аз сӯи мақомоти зирабт, метавон онро аз байн бурд.
Агар як ҳамсӯҳбати мо, бетаваҷҷӯҳии падару модар дар тарбияи фарзандонро аз авомили густариши нашъмандӣ донад, ба назари дигаре, иродаи суст афродро ба ҳамчунин роҳ мебарад.
Гурӯҳе ҳам ба ин фикранд, ки шояд раҳбарони иддае аз кишварҳои абарқудрат ба тиҷорати маводи мухаддир даст доранд, вагарна ба гуфтаи онҳо, чаро дар тӯли ин ҳама солҳо ва сарфи маблағҳои ҳангуфт, ҷаҳон дар мубориза бо он оҷиз мондааст.
Вале аз нигоҳи Шумо, корбарони азиз, сабабҳои паҳн гаштани нашъаву нашъамандӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон чист ва бо чӣ роҳҳое метавон монеи густариши он шуд? Лутфан, назару пешниҳодҳои худро бинависед.