Душанбе Тошкандро ба ҳамкории беҳтар даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон (аз чап) ва Ислом Каримов (аз рост)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои узбакаш Ислом Каримовро "ба ҳамкории беҳтар" даъват кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳамтои узбакаш Ислом Каримов ба муносибати 20-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар паёми шодбошӣ ирсол карда, хостори ҳамкориҳои беҳтар миёни ду ҳамсоякишвар шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар барқияи шодбошӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон анъанаҳои бисёрасра ва муносибату дӯстии ду халқро пос медорад: "Бо такя ба анъанаи дӯстии халқҳои тоҷику узбак мо аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ талош дорем дар ҳамаи соҳаҳо бар асоси меъёрҳои баробарӣ эҳтиром ва манфиатҳои тарафайн ҳамкориро ба роҳ монем."

Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардаст, ки дар сурати талошҳои муштарак, имкон фароҳам мешавад, ки "мо дар баробари ҳамаи таҳдидҳои замони муосир истодагарӣ намоем."

Зиёда аз ин, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошии худ ба Ислом Каримов гуфтааст, таҳкими равобит миёни Душанбеву Тошканд ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар ва минтақа мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ҳарду кишвар аз солҳо ба ин сӯ, аниқтараш аз соли 1994 то кунун бар сари масоили мухталиф, аз ҷумла марзу сохтмони нерӯгоҳҳо ва истифода аз захоири оби минтақа, ихтилофи назар доранд ва ин ихтилоф гоҳо то марзи низои мусаллаҳона низ пеш рафтааст.

Ба Маҳмуд Худойбердиеви шӯришгар паноҳ додани Узбакистон ва аз марзи Узбакистон ба Хуҷанд лашкаркашӣ кардани ӯ дар соли 1998, ин ихтилофро ба авҷи худ расонд. Дар беш аз ду соли гузашта тасмими Тоҷикистон роҷеъ ба аз саргирии сохтмони Роғун, ин ихтилофро дубора доман зад.

Соли 2011 Узбакистон роҳи оҳанро дар қитъаи Амузанг-Хатлон тахриб кард ва ҷануби Тоҷикистонро дар муҳосира иқтисодӣ қарор дод. Қочоқи маводи гуногун аз марзи байни ду кишвар солҳост, идома дошта, борҳо сабаби даргирии байни марзбонон гаштааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!