Нурлан Тохталиев, роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизстон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хадамоти амнияти кишварҳои муштаракулманофеъ аз ҷамъ омадани гурӯҳи мусаллаҳон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон огоҳанд. Ӯ афзуд, “ҳамсояҳои дуру наздик барои таҳкими марз ва ҷилавгирӣ аз ҳуҷуми ин гурӯҳҳо ба марзҳои ҷанубии давлатҳои муштаркулманофеъ амлакардҳои муштаракро пиёда мекунанд ва авзоъ дар манотиқи марзӣ таҳти назорат қарор дорад.”
Рӯзи гузашта мақомоти Бадахшони Афғонистон аз ҷамъ шудани беш аз 70 ҷангии марбут ба "Ал-Қоида" дар марз бо Тоҷикистон хабар доданд. Ба гуфтаи як мақоми пулиси маҳаллӣ, ин гурӯҳ ба Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
Дар пайи кушта шудани 5 марзбон дар вилояти Бадахшон Абдулаввал, сарпарасти фармондеҳии нирӯҳои амниятии улусволии Арғунчхой гуфт, дар манотиқи Хеҷу Давлатшоҳӣ ва дар марзҳои Тоҷикистон беш аз 70 ҷангии хориҷӣ ҷобаҷо шудаанд.
Ба гуфтаи Абдулаввал, ин ҷангиён атбоъ (шаҳрвандон)-и Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону Қазоқистон, 4 ҷангӣ аз Покистон ва чеченҳоро дар бар мегиранд.
Бархе мақомоти маҳаллӣ бидуни бурдани ном ба хабарнигори Радиои Афғонистони Озод гуфтаанд, бархе аз ҷангиёни марбут ба Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони гурӯҳҳои саркаши Бадахшон низ гӯиё ба ин гурӯҳи ҷангҷӯ пайвастаанд. Фармондеҳи амниятии Арғунчхой Абдулаввал низ дар манотиқи марзии Афғонистон ҷобаҷо шудани бахше аз шӯришиҳои Тоҷикистонро таъйид кард ва гуфт, бештари онҳо дар манотиқи марзии наздик ба улусволии Дарвоз паноҳ ёфтаанд.
Ба ақидаи ин фармондеҳ, агар нерӯҳои НАТО ва мақомоти Афғонистон дар ҳамроҳӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷангҷӯи сарбароварда дар ин марз иқдом накунанд, ин гурӯҳҳо дар оянда метавонанд барои ҳам мақомоти афғон ва ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа барои Тоҷикистон дардисарҳои зиёди амниятӣ эҷод кунанд.