Як вакили порлумони Аврупо, ки пайваста ба ҷонибдории бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон садо баланд мекунад, аз муттавақиф шудани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ ибрози таассуф кардааст. Струан Стивенсон, вакили муҳофизакор аз Шотландия, бо нашри як мақолае дар маҷаллаи “The European Times” гуфтааст, таъхир дар анҷоми арзёбиҳои фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғун, ки акнун бояд соли оянда такмил шавад, хуб нест ва бар зиёни нерӯгоҳ ва тамоми кишварҳои минтақа мебошад.
Струан Стивенсон мегӯяд, моҳи июл баъд аз боздид аз маҳалли нерӯгоҳи Роғун шоҳиди он шудааст, ки бинобар талаби Бонки Ҷаҳонӣ барои муттавақиф кардани тамоми корҳо то замони анҷоми арзёбиҳои байналмилалӣ 5000 коргари ботаҷриба дар сохтмони нерӯгоҳ аз ҷойи кор маҳрум шуданд. Ба қавли ӯ, ҳоло ин хатар вуҷуд дорад, ки ин коргарон барои ёфтани кор ба дигар кишварҳо мераванд ва агар Бонки Ҷаҳонӣ бигӯяд, ки ба сохтмони нерӯгоҳ мувофиқ аст, дар ин сурат ҳам бояд, теъдоди зиёди коргарони нав бояд барои ин анҷоми лоиҳа бозомӯзӣ шаванд.
Струан Стивенсон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун барои Тоҷикистони фақир ҳаётан муҳим аст, зеро 40 дарсади нерӯи барқи ягона нерӯгоҳи барқи обии бузурги кишвар Норакро, корхонаи тавлиди алюминиум ширкати давлатии ТАЛКО мехӯрад, ки тавлидоти аълосифати онро асосан кишварҳои ғарбӣ мехаранд. Ин вакили аврупоӣ афзудааст, ба ҷойи ҳимоят аз тарҳи Роғун, ки метавонад, Тоҷикистонро аз чанголи фақр раҳо кунад, кишварҳои ғарбӣ саъй доранд, Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ва душмани ашаддии нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ором намоянд.
Стивен Струансон дар идомаи мақолааш гуфтааст, иддаоҳои Ислом Каримов дар бораи хатарнок будани нерӯгоҳи Роғун ва таъсироти эҳтимолӣ ва фалокатбори он барои Осиёи Марказӣ ҳеҷ асосе надоранд, зеро об дар обанбори Роғун кам-кам ва дар муддати 17 сол ҷамъ мешавад ва дар ин муддат кишварҳои поёноб ҳеҷ гуна норасоии обро эҳсос нахоҳанд кард. Вакили муҳофизакор ва узви гурӯҳи муҳитизистии порлумони Аврупо мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун дар ин минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, зеро Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз ва ба Покистон наздик аст, ки дар ҳарду кишвар фақру қашшоқии зиёд насли ҷавонро ба доми қочоқбарон ва террористон андохтааст.
Ба гуфтаи ӯ, содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон метавонад, иқтисоди вайрону валангори он минтақаро тағйир дода ва барои шаҳрвандони фақир ва безор аз ҷанги он кишварҳо ҷойи кор офарад. Стивен Струансон ба Бонки Ҷаҳонӣ тавсия додааст, ки дар қабули қарор доир ба Роғун таъхир накунад ва онро ба иҷро дарорад, зеро нерӯгоҳи мазкур на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки Афғонистон, Покистон ва тамоми Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Дар айни замон Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки Мун аз талошҳои Бонки Ҷаҳонӣ барои кӯмак ба Тоҷикистон дар амри расидагӣ ба мушкилоти энержиаш пуштибонӣ кардааст. Бан Ки Мун дар баёнияе ба аҳамияти тасмими Бонки Ҷаҳонӣ барои идомаи арзёбии мустақили фаннии тарҳи сохтмони нирӯгоҳи Роғун таъйид кардааст. Ба бовари дабири кулли СММ, натоиҷи ин арзёбӣ як роҳнамои қавӣ дар раванди тасмимгирӣ бар сари ин тарҳ шуда, ин ба навбаи худ, бояд муколамаи созанда дар масоили обу энержӣ байни кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказиро ба дунбол биёрад.
Бан Ки Мун дар ин баёния тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҷустуҷӯи созишҳои мавриди қабули тарафайн дар тақсими захираҳои оби минтақа ташвиқ кардааст. Тоҷикистон, ки ҳар зимистон ба нерӯи барқ мӯҳтоҷ мешавад ва аҳолиаш дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд, нирӯгоҳи Роғунро танҳо василаи раҳоӣ аз ин бӯҳрон медонад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳро масъалаи ҳаёту мамоти кишвар хондааст. Аммо кишварҳои поёноб, бавижа Узбакистон, ки мегӯянд, дар сурати бунёди нерӯгоҳ онҳо оби кофӣ барои киштзорҳои азими худ нахоҳанд дошт.
Айни замон бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ, арзёбии фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғун идома дорад. Қарор буд, арзёбиҳо соли равон анҷом шавад, вале ҳоло интизор меравад, ки соли 2013 такмил шавад. Бонки Ҷаҳонӣ аз Душанбе хостааст, ки анҷоми таҳқиқот ба ғайр аз корҳои нигаҳдории иншооти мавҷуд, аз идомаи корҳои асосӣ худдорӣ кунад. Нерӯгоҳи Роғун, ки бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта мешавад, бо тавоноии 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро метавонад, аз кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил диҳад.