Бархе аз рӯшанфикрони тоҷик аз ҳукумат талаб кардаанд, ки дар Душанбе муҷассамаи Сотим Улуғзода гузошта шавад.
Равшанфикрони Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хостаанд, то дар шаҳри Душанбе муҷассамаи адиби маъруф -- Сотим Улуғзодаро бигузоранд. Махсусан, ин пешниҳод аз забони нависанда Саттор Турсун садо додааст.
Ӯ рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "пешниҳоди ман ин аст, модоме, ки Улуғзода нависандаи бузурги мост, бояд оҳиста-оҳиста ба як рамзи миллат табдил ёбад Барои ин, ба номи ӯ кӯчаҳову гулгаштҳо гузошта шавад, ҳайкалаш бошад. Ин пешниҳод ман буд. Ҳар нафари дигаре ҳам дар муносибат ба фарзандони миллати худ чунин пешниҳод мекард."
Саттор Турсун дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, бовар дорад, ин пешниҳоди ӯ аз ҷониби мақомоти расмии кишвар пазируфта хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир номи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи устод Улуғзода гузошта шудааст.
Гуфтугӯи ҳамкори мо Мирзои Салимпур бо нависанда Саттор Турсун:
http://www.ozodi.org/externalaudio-FLRM/Audio/373657.html
Дирӯз, 13-уми октябр, дар як маросим дар театри ба номи Лоҳутии Душанбе 100-солагии ин намояндаи барҷастаи адабиёти асри бисти тоҷикро таҷлил карданд. Сотим Улуғзода соли 1911 дар Чуст, қаламрави Узбакистони кунунӣ, ба дунё омада, бо асарҳое, чун “Субҳи ҷавонии мо”, “Қисмати шоир”, “Фирдавсӣ”, “Ривояти суғдӣ”, “Марги Ҳофиз” ва “Восеъ” шӯҳрат ёфт.
Дар солҳои 70, баъди ба Бритониё рафтани писараш Азиз, Улуғзода чанд муддат таҳти таъқиб қарор дошт ва чопи китобҳояш манъ шуда буд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 Сотим Улуғзода ба Маскав кӯчид ва соли 1997 дар ғурбат даргузашт.