Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифи «Рӯдакӣ» ва «Республикаи ман»: бехона ва мариз


«Ояндасоз-мюзик» ин навбат ба дидорбинии беҳтарин оҳангсози тоҷик, муаллифи тарона ва операҳои маъруфи тоҷикӣ Шарофиддин Сайфиддинов меравад. Ӯ муаллифи операи маъруф ва шӯҳратёри “Рӯдакӣ” аст, ки ахиран бахшида ба Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классикии тоҷик баъд аз 40 сол бо таҳрир ва таҳияи нав ба саҳна гузошта шуд.

«Рӯдакӣ» ёдест аз Рудакӣ

Дар намоишномаи “Рӯдакӣ”, ки дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнии Душанбе рӯйи саҳна омад, қисмати шоир, оғозу анҷоми зиндагии пурпечу хам ва мушкилзои қофиласарои шеъри тоҷик, қиссаи ишқи нокоми Рӯдакӣ бо канизаки боистеъдодаш Нигина, муваффақиятҳои вай ҳамчун қаламкаш, мусиқишинос ва марги фоҷеабори ӯ аз дасти душманон инъикос гардидааст. Намоишнома бо ширкати беҳтарин ҳунармандони ҷавони операсаро ва собиқадори театр ба саҳна гузошта шуда, аз лиҳози тарзи тақдиму таҳияи либретто бо ороишоти навтарину либосҳои наву шоистаи ҳунармандон қобили тамошо будааст. Шамсӣ Низом, саррежисёри театри опера мегӯяд, Шарофиддин Сайфидинов дар ин намоишнома оҳангҳои мардумӣ ва бахусус навоҳои “Шашмақом”-ро моҳирона истифода кардааст. Ба гуфтаи Шамсӣ Низом, онҳо дар ҳамкорӣ бо муаллиф тӯли намоишномаи маъруфро, ки беш аз се соат будааст, ихтисор карда, то ба якуним соат дар ду парда расонидаанд.

Шарофиддин Сайфидинов мегӯяд, аз кӯтоҳ кардани асараш чандон хушнуд нест ва таҳрири асар барояш хеле сангин гузаштааст. Аммо
ба хотири тамошобини имрӯза, ки одатан таҳаммули тамошои операи тӯлониро надорад, маҷбур шудааст, операи “Рӯдакӣ”-ро дар шакли нав пешниҳод созад.

Ба тамошои намоиш меҳмонони хориҷӣ, ҳаводорони мусиқиву ҳунар, донишомӯзон ва толибилмони литсейи ҳарбии ба номи Суворов омада буданд. Шаҳбози Шоҳхолиқзода, курсанти бахши якуми Академияи Вазорати корҳои дохилии кишвар мегӯяд, барояш сарнавишти Рӯдакии бузург омӯзанда буда, оҳангсоз тавонистааст, тавассути ин намоишнома ба шахсияти шоир ва таъриху фарҳанги тоҷик дар он замон муроҷиат кунад.

Шарофиддин Сайфиддинов операи Рӯдакиро дар тӯли даҳ сол таҳия намуда, барои аввалин бор соли 1975 онро ба саҳна гузоштааст. Матну сужаи асар ба қалами нависандаи тоҷик Сотим Улуғзода ва шоири рус Сергей Северсов тааллуқ дорад.

Оҳангсоз Шарофиддин Сайфидинов мегӯяд, як сирри муваффақияти худро дар ин асар дар иҷрову офариниши бомаҳорати навоҳои миллӣ тавассути асбобҳои симфонӣ арзёбӣ мекунад.

Ёрии Турсунзода ва Ӯлҷабоев

Сӯҳбати мо бо оҳангсоз Шарофиддин Сайфидинов дар як беморхонаи Душанбе сурат гирифт. Бо иллати дарди буғумҳои пой ва баландшавии фишори хун феълан ӯ бистарӣ аст. Устод моро хуш қабул карда, бо камоли майл аз зиндагӣ ва эҷодиёти худ қиссаҳои аҷиб карданд.

Фаъолияти эҷодии Шарофиддин Сайфиддинов 80 сол қабл дар шаҳри Хуҷанд аз дарҳои скрипка ё ғижжакнавозӣ шурӯъ шудааст. Соли 1945 баъд аз иштирок дар Олимпиадаи ҷавонони боистеъдод дар шаҳри Сталинобод, яъне Душанбеи пешина, вай бо кӯмаки шоири шинохта Мирзо Турсунзода ва котиби комсомол Турсун Ӯлҷабоев барои таҳсил ба шаҳри Маскав фиристода мешавад. Баъд аз даҳ соли таҳсил ӯ дар Маскав кори худро дар Театри опера ва балети Душанбе оғоз мекунад.

Шарофиддин Сайфиддинов аз нахустин муаллифони операҳо ба забони тоҷикӣ буда, инчунин дар солҳои мухталиф намоишномаҳои “Пӯлоду Гулрӯ” ва “Айнӣ”-ро офаридааст.

«Республикаи ман»

Дар баробари ин, ӯ дар ҷодаи эҷоди таронаву оҳангҳои ҷудогона машқи қалам кардааст, ки бойгонии тиллоии мусиқии тоҷикиро ташкил карда, баъзе аз онҳо имрӯз ҳам тавассути радиову телевизион садо медиҳанд. Ба унвони мисол, таронаи “Республикаи ман” аз ҷониби Аҳмад Бобоқулов, овозхони маъруф шӯҳрат касб карда, то ҳанӯз дар консертҳои ҳукуматӣ садо медиҳад. Оҳанги мазкур, мегӯяд устод Сайфиддинов, бо супориши раҳбарияти вақти ҷумҳурӣ эҷод шуда буд, вале тавре мебинем, ҳоло ҳам аз маҳбубияти хосса бархӯрдор аст.

Оҳангсоз мегӯяд, “Республикаи ман” махсус бо нияти иҷрои Аҳмад Бобоқулов эҷод шудааст. Вале имрӯз ин оҳангро мешавад аз забони
“Муҳаббат” дар як шаби қабл аз издивоҷ эҷод шуда, тӯҳфаи арӯсии оҳангсоз ба ҳамсари ҷавонаш будааст.
овозхонҳои дигар низ шунид. Юдик Мулоҷонов, ҳунарманди яҳудитабори тоҷикистонӣ, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, албоми нахустини худро дар Ню-Йорк “Республикаи ман” ном гузоштааст.

Ҳаводорӣ ба Кароматулло ва ҳамкорӣ бо Жанна

Шарофиддин Сайфиддинов ба мусиқии муосири тоҷик назари нек дорад. Вай мегӯяд, ҳама намуди жанри мусиқӣ хуб аст, ба шарте ки оҳанги он дар дараҷаи баланди касбӣ эҷод шуда бошад. Оҳангсоз мегӯяд, боиси таассуф аст, ки оҳангҳои ғайриҳирфаии солҳои ахир ба обрӯи мусиқии эстрадии тоҷикӣ латма мезад.

Шарофиддин Сайфидинов гуфт, худ ҳаводори оҳангҳои Кароматулло Қурбонов ва Наргис Бандишоева буда, бо овозхонҳои ҷавон назири Ҳасани Камол ва Жана Шаинян ҳамкорӣ мекунад.

Таърих ва таваллуди дубораи «Муҳаббат»

Яке дигар аз оҳангҳои маъруфу дӯстдоштании Шарофиддин Сайфидинов “Муҳаббат” ном дорад. Ба таърихчаи эҷоди ин оҳанг рӯ оварда
Оҳангсоз ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки ҳукумати республикае, ки барои пешбурди фарҳангаш солҳои беҳтарини зиндагияшро бахшидааст, барояш як гӯшаи хуби кору зиндагиро дареғ намедорад.
гуфт, ки он тӯҳфаи арӯсии вай ба ҳамсари ҷавонаш будааст. Шарофиддин Сайфиддинов ин оҳангро ба матни бародараш Муҳиддин эҷод кардааст. Ӯ гуфт, ин тарона қабл аз тӯй дар як шаб дар Маскав эҷод шуда, ва нахустин бор онро Шоиста Муллоҷонова дар тӯяш сурудааст. “Муҳаббат” таваллуди дубораро дар замони мо дар тақдими Нигина Амонқулова дидааст.

Умеди оҳангсози маъруф ба республикааш

Шарофиддин Сайфиддинов ҳоло бознишаста аст. Нафақаи ӯ 200 сомонӣ аст ва ӯ мегӯяд, айёми бознишастагӣ аз назари молӣ барояш сахт мегузарад. Дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон оҳангсози пир аз як писару хонааш маҳрум шуда, ҳоло маҷбур аст, дар дар хонаи фарзандонаш рӯз гузаронад. Оқои Сайфиддинов мегӯяд, ӯ имрӯз ҳам барои эҷоди асарҳои нав омода аст, аммо набуди гӯшаи махсуси кор, ки орому мусоид бошад, имкон намедиҳад, ки ҳамаи ниятҳои дар дилдоштаашро рӯйи адвор биёрад. Ӯ ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки ҳукумати республикае, ки барои пешбурди фарҳангаш солҳои беҳтарини зиндагияшро бахшидааст, барояш як гӯшаи хуби кору зиндагиро дареғ намедорад.
XS
SM
MD
LG