Ифтитоҳи китобхонаи маҷозӣ барои пажӯҳишгарони тоҷик

Бо ифтитоҳи китобхонаи илмии маҷозӣ ё виртуалии Тоҷикистон пажӯҳишгарону донишмандони тоҷик имкон пайдо карданд, ба роҳатӣ аз дастовардҳои илми ҷаҳон баҳравар гарданд.
Шараф Раззоқбердиев, аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, вақте аз ифтитоҳи ин китобхонаи нав ва маросими муаррифии он дар бинои Академияи улум огоҳӣ пайдо намуд, дарҳол роҳи ин муассисаро пеш гирифт. Ба гуфтаи Шараф, ӯ феълан дар мавзӯи сохтори маъноии истилоҳҳои канданиҳои фоиданок рисолаи илмӣ менависаду аз набудани адабиёти зарурӣ танқисӣ мекашад.

Шараф мегӯяд, хабари таъсиси ин китобхона ба ӯ рӯҳу илҳом ва умеди нав бахшид: "Кори илмии ман ҳам ба забони тоҷикӣ вобастагӣ дорад ва ҳам ба забони англисӣ. Қисме, ки ба забони тоҷикӣ аст, маводи онро пайдо кардам, аммо мутаассифона, ба забони англисӣ будаашро не. Чунки дар ҳеҷ куҷо нест. Умеди онро мекунам, ки дар ин китобхонаи навтаъсиси электронӣ маводи лозимиро пайдо карда метавонам."

Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон аз ҷониби маъмурияти Оҷонсии миллӣ оид ба бехатарии ҳастаии Вазорати энергетикаи Амрико маблағгузорӣ мешавад. Тавре Кэтрин Кейси, ҳамоҳангсози барномаҳои ин Оҷонсӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, торнамои мазкур ба олимону кормандони пажӯҳишгоҳҳо имконият медиҳад, ба зиёда аз 10 миллион мақолаи пурраи пажӯҳишии аксари фанҳои илмӣ дастрасии ройгону осонро дошта бошанд. Вай афзуд, "як хубии ин китобхона боз дар он аст, ки олимон метавонанд, на танҳо доир ба мақолаҳои илмӣ ва пажӯҳишҳои тозаи донишмандони ҷаҳон маълумот пайдо кунанд, балки дар ин сайт корҳо ва пажӯҳишҳои илмии олимони кишвари худро низ дастрас намоянд." Ба таъкиди хонум Кейси, феълан чунин китобхонаҳои илмии виртуалӣ аз ҷониби барномаи онҳо дар кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Марокаш, Алҷазоир, Афғонистон ва Ироқ роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, агар феълан дар ҷаҳони муосир беш аз 500 ҳазор маҷаллаи илмӣ нашр шавад, тавассути ин китобхона донишмандони кишвар акнун ба 12 ҳазори он дастрасӣ пайдо мекунанд. Маҳмадқул Каримов, муовини раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доир ба зарурат ва аҳамияти торнамои ҷадид гуфт: "Имрӯз дар Донишгоҳи миллӣ ҳамагӣ 10-15 номгӯи маҷаллаҳои илмӣ аз собиқ Шӯравӣ боқӣ мондааст. Мо бештар ба русӣ такя мекардем, барои он ки тамоми адабиёти илмиамон ба забони русӣ буд. Имрӯз бошад, 70 дарсади адабиёти илмии ҷаҳон ба забони англисӣ чоп мешавад. Аз ин хотир, дар оянда гумон мекунам, аспирантон, донишмандони мо метавонанд аз ин китобхона истифода бурда, дар дунё чи корҳое анҷом дода мешаванд, воқиф гарданд."

Дар ҳамин ҳол, Саидмуҳаммад Одинаев, ноиби президенти Академияи улуми Тоҷикистон, низ мегӯяд, "солҳои пешин маҷаллаҳои реферативӣ-фаннӣ доир ба ҳар як номгӯи фан, ки ҷамъи мақолаҳои яксоларо ба хонандагон пешниҳод мекарданд, дастраси олимони тоҷик мегардид. Аммо солҳои охир ингуна журналҳо қариб, ки аз байн рафтааст. Бо пайдо шудани интернет ва чунин китобхонаҳои виртуалӣ пеш аз ҳама дар намуди кӯтоҳ ҷамъбасти ҳамаи мақолаҳои илмии дунёро аз ин пайдо кардан мумкин аст."

Ташаббускорони барнома ният доранд, соли 2013 барои истифодабарандагон ва мутахассисони кори китобхона дар саросари кишвар силсиласеминарҳоро баргузор намоянд. Пажӯҳишгарон дар Тоҷикистон метавонанд, тавассути компютере, ки ба интернети донишгоҳ ё муассисаи илмӣ-тадқиқотиашон пайваст шудааст, ба саҳифаи www.TajikistanVSL.org дароянд ва торнаморо истифода баранд.