Як донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (хост номаш фош нашавад), ки дар даст корти хонанда аз Китобхонаи миллӣ берун мешуд, дар сӯҳбат ба мо гуфт: "дар донишгоҳ "куратор" гуфт, ки ҳатман рафта ба Китобхонаи миллӣ аъзо шавед ва корти хонандаро ба мо нишон диҳед."
Ба қавли ин донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ, барои дарёфти корти хонандаи Китобхонаи миллӣ аз онҳо 10 сомонӣ маблағ ва нусхаи шиноснома талаб мекунанд. Ӯ афзуд, дарёфти ин миқдор маблағ кори мушкил нест, вале бинобар якбора аъзо шудани гурӯҳи зиёди донишҷӯён ба китобхона, вақти зиёд дар интизори навбат сарф мешавад.
Аммо Алидод Расулов, сарвари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф мегӯяд, "вазорат барои иҷборан аъзои китобхонаи миллӣ кардани донишҷӯён супориш надодааст. Мо танҳо дастур додем, ки донишҷӯён метавонанд аъзои Китобхонаи миллӣ шаванд."
Ҷаноби Расулов илова кард, барои дониш андӯхтан ва навиштани реферату кори илмӣ, Китобхонаи миллӣ беҳтарин махзан аст ва "донишҷӯёне, ки аз дастури мо дар мавриди аъзо шудан шикоят кардаанд, ношукр ҳастанд."
Ин дар ҳолест, ки Малика Ҷӯрабекова, ҳунарпеша ва омӯзгори Донишгоҳи санъати Тоҷикистон, мегӯяд, бо маҷбурӣ намешавад ҷавононро ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб кард.
"Мо одат кардем, ки ҳама чизро бо зӯрӣ роҳандозӣ кунем. Ин хел намешавад, бо зӯрӣ ва таҳдид мо ба ягон натиҷа ноил намешавем. Барои ҷалби мардум ба китобхонӣ бояд мо як реформа (ислоҳот)-и куллиро дар Вазорати маориф ва театрҳо роҳандозӣ кунем",-афзуд хонум Ҷӯрабекова.
Чанд лаҳзаи гаштугузор дар назди бинои Китобхонаи нави миллӣ, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст, собит кард, ки ҷавонон нисбат ба китобу толорҳои хониши китобхона бештар муштоқи тамошои бино ва тарзи мемории ин бинои боҳашамат мебошанд. Аксар ҷавонон дар назди ин бино машғули аксбардории якдигар буданд. Бархе аз онҳо дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки бинои Китобхонаи миллиро аз зеботарин биноҳои Душанбе мепиндоранд ва дар назди он акс бардоштанро ҳам хуш доранд.
Бинои Китобхонаи миллӣ хеле боҳашамат ва серҳуҷра аст ва бинобар ин донишҷӯён мегӯянд, ҳангоми бори аввал ташриф овардан дар ошёнаҳои он метавон раҳгум зад. Носирҷон Салимов, роҳбари Китобхонаи миллӣ, ки се ҳафта боз фаъолият дорад, гуфт, онҳо низ эҳсос карданд, ки хонандаҳо бори аввал дар китобхона роҳгум мезананд: “Мо ин мушкилро эҳсос кардем ва ду рӯз қабл тасмим гирифтем, ки ду нафар кормандонамонро аз корҳои дигар озод карда роҳбалад таъйин намоем, то хонандаҳои навро бо бинои китобхона ошно созанд.”
Сохтмони нави нӯҳқабатаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои нигоҳдории 7 миллион китоб пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар сохтмони кӯҳнаи Китобхонаи миллӣ, ки номи Абулқосими Фирдавсиро дошт, чизе дар ҳудуди 3 миллион нусха китоб мавҷуд буд.
Мақомоти тоҷик дар як соли ахир маъракаи ҷамъоварии китобро низ ба роҳ монда, аз муҳассилону кормандон ва вазорату кумитаҳо китоб ҷамъ оварданд. Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2007 оғоз ёфта, ҳазинааш зери 40 миллион доллар баровард мешавад. Масоҳати умумии китобхона ҳудуди 45 ҳазор метри мураббаъ буда, он дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳҳо ва чопхона мебошад.