Манижаи Давлат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт, пахши як клипаш дар телевизион маънои бозгашти ӯ ба саҳнаи ҳунарро надорад.
Пахши як клипи Манижаи Давлат тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта сарусадоҳеро дар бораи бозгашти ин овозхони тоҷик ба саҳнаи ҳунар ба вуҷуд овардааст.
Саида, яке аз мухлисони Манижаи Давлат, ба Радиои Озодӣ занг зада пурсид, ки клипи ин овозхонро дар телевизион дидааст ва мехоҳад донад, ки ӯ дубора ба саҳна баргашта ё не. Вақте мо бо Манижа дар тамос шудем, ин овозхони тоҷик, гуфт, дар шабакаи аввал таронаҳои вай зиёд пахш нашудаанд. "Танҳо клипи таронаи "Беҳтар аз ҷон" пахш карда шуд",-гуфт ӯ.
Манижаи Давлат афзуд, ин ба маънои бозгашташ ба саҳна ва ё ҳамкорӣ бо телевизиони Тоҷикистонро надорад. Ӯ илова кард, тайи ин чанд соле, ки ба телевизион роҳ надорад ва ба барномаҳои ҷашнию консертҳо низ ҷалб карда намешавад, хеле кам ба мусиқӣ машғул аст.
Бо ин вуҷуд, гуфт Манижа, дар солҳои охир чанд таронаи нав омода кардааст, аммо ба ин суол, ки чӣ сурудҳое навиштааст, зарур нашуморид намунаеро ба забон орад. Ӯ изҳори омодагӣ кард, ки рӯзҳои наздик дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ доир ба барномаҳои ҳунарии худ сӯҳбат кунад.
Манижаи Давлат дар оғози соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва дигар форсизабонҳо маҳбубият касб намуд. Ӯ дар соли 2002-юм консерти нахустини худро дар Кохи Борбади Душанбе баргузор карда ва ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи "Сарнавишти ман" ба бозор баровард.
Манижа аз ҷумлаи камтарин овозхонҳои зан дар Тоҷикистон буд, ки дар соли 2006-ум ба Афғонистон рафта ва дар он ҷо барномаҳои консертӣ ҳам иҷро намуд.
Аммо баъд аз ин сафараш дигар Манижа дар саҳнаи ҳунар кампайдо шуд ва дар бораи зиндагиву кори ӯ низ сару садоҳое пахш гардиданд. Бо ин вуҷуд, то ҳанӯз Манижаи Давлат далели сукут ва канор рафтан аз саҳнаи мусиқиро шарҳ надодааст.