Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарнамоии Манижа дар Кобул ва Мазори Шариф


Шоми душанбе дар толори "Умед"-и шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон консерти навбатии Манижа Давлатова, овозхони тоҷик баргузор шуд. Хонум Манижа якчанд рӯз аст, ки бо даъвати ҳотели "Тоҷикистон" (Мазори Шариф) дар Афғонистон ба сар мебарад ва барномаҳои ҳунарии ӯ нахуст аз пойтахт, шаҳри Кобул шурӯъ шуданд. Хабарнигори радиои "Афғонистони озод" дар Мазори Шариф - Файзуллоҳи Қардош мегӯяд, барои таъмини амнияти консертҳои ҳунармандони тоҷик дар Афғонистон, ҳукумати ин кишвар ва мақомоти маҳаллӣ кӯмаки зиёд кардаанд. Тибқи иттилои хабарнигорони радиои Озодӣ дар Кобул ва Мазори Шариф, чиптаҳои консертҳои Манижа Давлатова мутаносибан бо арзиши 40 ва 20 доллари амрикойӣ ба фурӯш гузошта шуданд. Оқои Файзуллоҳи Қардош мегӯяд, новобаста ба ин ки барои сокинони маҳаллии Афғонистон баҳои чиптаҳои консертӣ чандон арзон набуд, садҳо ҳаводорон хоҳони ширкат дар консертҳои овозхонони тоҷик шудаанд.

Бояд гуфт, дар ин ҳайат инчунин Зикри Оллоҳ, овозхон ва оҳангсози шинохтаи дигари тоҷик ҳам ҳузур дорад. Оқои Қардош афзуд, барои ҷилавгирӣ аз бенизомиву ҳодисаҳои ғайримунтазира, консертҳои Кобул ва Мазори Шариф таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор шуданд.

Ба мо имкон даст дод, ки дар меҳмонхонаи "Кифоят"-и Мазори Шариф тавассути телефон бо Манижа Давлатова тамосе барқарор кунем ва ин сӯҳбати мо чанд лаҳза қабл аз консерти дуюми ӯ дар Мазори Шариф, шоми душанбе сурат гирифт.

Манижа:
Се рӯз пеш дар Кобул ва дирӯз дар Мазори Шариф консерт доштем. Дар Кобул консерти мо дар толори "Ҳазору як шаб" ва дар Мазори Шариф дар толори "Умед" баргузор шуд.

"Ояндасоз": Аз ин консертҳо розӣ ҳастед?

Манижа: Бале, аз лутфу муҳаббати беандозаи мардуми афғон воқеан розӣ ҳастам. Ва агар заррае ҳам онҳоро шод карда тавонистам, хурсанд мешавам. Аслан ҳадафи мо шикастани ин қолабҳо буд, ки дар тӯли 23 сол зан ҳақ надошт дар саҳнаи ҳунари Афғонистон овозхонӣ кунад.

"Ояндасоз": Яъне шумо ба ҳадаф расидед?


Манижа: Бале, фикр мекунам, ки ба ҳадаф расидам.

"Ояндасоз": Барои дидани ҳунари шумо тамошобин зиёд омада буд?

Манижа: Хеле зиёд омаданд. Дар Кобул мо дар як рӯз ду консерт гузоштем ва мардум ҳам хеле зиёд омаданд. Ва баъд ба хотири амният консерти рӯзи дигари мо дар Кобул бекор шуд.

"Ояндасоз": Магар ба шумо таҳдид шуд?

Манижа: На, таҳдид нашуд. Танҳо рӯзи аввал, вақте ман ду консерт гузоштам, мардум хеле зиёд омаданд ва ба хотири таъмини амният ва роҳ надодан ба бенизомиҳо консерти рӯзи дигарро бекор карданд

"Ояндасоз": Кӣ тасмим гирифт, ки консерти рӯзи дуюм дар Кобул баргузор нашавад? Шумо ва ё нафароне, ки ба таъмини амнияти ҳунармандони тоҷикистонӣ машғул буданд?


Манижа: Ба ман гуфтанд, ки ба хотири амният беҳтар аст, ки аз баҳри ин консерт гузарем. Аммо барномаи консертӣ куллан хеле хуб гузашт.

"Ояндасоз": Манижа, пас лутфан нақл кунед, ки дар консерт бо чӣ сару либос баромад кардед ва кадом таронаҳои худро иҷро кардед?

Манижа: Мутаассифона, аз 23 таронае, ки омода карда будам, дар Кобул ҳамаашро иҷро карда натавонистам. Тақрибан нисфи ин таронаҳоро иҷро карда тавонистам. Сару либосам бошад, ҳар навъ буд: ҳам куртаҳои тоҷикиву ҳам рӯмол доштам, дар иҷрои таронаи "Падар" бо либоси азо рӯи саҳна омадам. Фикр мекунам, ки ҳама либосҳоям мувофиқи сурудҳо буданд ва бо назардошти саҳнаи афғонӣ, албатта.

"Ояндасоз": Манижа, шумо гуфтед, ки танҳо нисфи таронаҳоро иҷро кардеду бас - чаро ин тур шуд?

Манижа: Чунки ба ман гуфтанд, ки ҳамин кофист. Аммо дар Мазори Шариф ман қариб ҳама сурудҳоямро иҷро кардам ва консерт беш аз 2 соат идома кард. Дар Мазор ман 2 консерт доштам ва мардум хеле хуб истиқбол карданд.

"Ояндасоз": Хуб, пас ба ин тартиб, шоми душанбе консерти охирини шумо дар Афғонистон барпо мешавад?

Манижа: Бале, ба фикрам, чунин аст. Баъд ба ватан бар хоҳем гашт.

Аммо дар ҳамин ҳол, Манижа Давлатова аз зикри таърихи дақиқи бозгашти худ ба Тоҷикистон худдорӣ кард. Дар рӯзҳои наздик мо хонандаи худро бо бозтоби сафари овозхони тоҷикистонӣ дар нашрияҳои Афғонистон шинос хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG