Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнами Сурайё дар "рӯйхати сиёҳ"-и телевизион?


Шабнами Сурайё ҳангоми иҷрои таронааш дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе
Шабнами Сурайё ҳангоми иҷрои таронааш дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

Ҳазфи баромади Шабнами Сурайё гумонҳо дар бораи "рӯйхати сиёҳ"-и телевизионҳоро бештар кард.

Ҳангоми намоиши мустақими консерти рӯзи 21-уми март, ки дар Наврӯзгоҳ, маҳалли аспрези шаҳри Душанбе, баргузор шуд ва онро Шабакаи аввали Тоҷикистон пахш кард, тамошобинон овозхонии Шабнами Сурайёро диданд.
Cабаби роҳ наёфтани онҳо ба телевизионҳо шояд ба сабабҳои дигар бошад, ки ба мусиқӣ рабте надорад...


Аммо дар бозпахши барномаи идона баромади ӯ "қайчӣ" шуда буд. Муҳаммад Ғоиб, мудири телевизиони Шабакаи аввали Тоҷикистон гуфт, сабаби ҳазф шудани таронаи Шабнами Сурайё дар заъфи матн буд, аз ин хотир, барояш дар миёни таронаҳои дигар, ки дар сатҳи олӣ навишта шуда буданд, ҷой пайдо нашуд.

"ТАРОНАИ БЕМАЪНО"


Вай афзуд, "суруди хуб дар ҳама ҷо мақоми худро пайдо мекунад. Агар мо пахш накунем, ягон телевизиони дигар онро пахш мекунад. Суруд суст буд. "Як бача буд, бачаи мардум ёри ман намешавад". Инро оё ягон маъно дорад?"

Шабнами Сурайё
Дар ҳамин ҳол, Шабнами Сурайё мегӯяд, таронаи ӯ аз қабили ҳамон таронаҳои мардумӣ аст, ки аз нигоҳи шоирон дар матн заъф доранд, аммо ин гуна бархӯрди телевизионҳои давлатӣ бори аввал нест. Вай гуфт, қаблан ҳам телевизионҳои Тоҷикистон аз пахши таронаҳои ӯ худдорӣ мекарданд, аз ҷумла ба он далел ки либосаш ба менталитети тоҷикӣ мувофиқат намекунад.

Хонум Сурайё гуфт, "ростӣ, чанд сол аст, ки маро дар телевизор нишон намедиҳанд. Албатта, ман аз ин бобат парво надорам. Ҳеҷ гап не. Сабаби ин ҳама барои ман рӯшан нест, балки як чизи муқаррарӣ аст. Бигзор маро халқ гӯш кунад ва дӯст дорад."

АЗ МАНИЖА ТО ШАБНАМ

Шабнами Сурайё, яке аз ситораҳои дурахшони мусиқии попи муосири Тоҷикистон ба шумор меояд, ки шӯҳраташ фаротар аз марзҳои кишвар то ИДМ, Эрону Афғонистон ва миёни форсизабонони ҷаҳон берун рафтааст.

Модари ӯ Сурайёи Қосим низ аз сарояндагони соҳибноми Тоҷикистон аст ва соли гузашта хоҳари ӯ Фарзонаи Хуршед да ду соли зиндон маҳкум шуд.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, тайи солҳои ахир мавҷудияти як рӯйхати ба таъбир "сиёҳ" дар телевизионҳои эҳсос мешавад. То Шабнами Сурайё Манижа Давлатова, "ситораи" дигари мусиқии попи кишвар низ дар экрани телевизионҳо зиёд падид меомад, аммо чанд сол ба ин сӯ умуман намудор нест.

Садриддини Наҷмиддин
Ҳамчунин "ситораҳои" дигари Тоҷикистон, аз қабили Садриддини Наҷмиддин ва Баҳром Ғафурӣ дар телевизионҳо қариб ки дучор намеомаданд. Садриддини Наҷмиддин мегӯяд, ҳоло гоҳ-гоҳ таронаҳои ӯро аз телевизионҳо пахш мекунанд.

"Як бор ним бор нишон медиҳанду хеле хурсандамон мекунанд. Аммо хеле кам. Аммо мушкил дар ин нест. Бояд як телевизиони мустақили мусиқӣ ташкил шавад, ки фақат мусиқӣ пахш кунад. Дигар мо ҳам барои телевизионҳо дарди сар эҷод намекунем. Онҳо ҳам боз имкон меёбанд, ки ба мавзӯҳои дигар бештар машғул шаванд"
,-афзуд ӯ.

МЕЪЁРИ ПАХШИ ТАРОНАҲО КАДОМ АСТ?

Баҳроми Ғафурӣ
Баҳром Ғафурӣ ҳам мегӯяд, ҳоло муносибати телевизионҳо бо ӯ тағйир хӯрдаанд ва ӯро гоҳо даъват мекунанд, ки баромад кунад: "Ин ҳама бояд аз дӯстӣ бошад. Бояд миёни мову телевизионҳо дӯстӣ бошад. Ҳунармандон бо телевизионҳо, телевизионҳо бо ҳунармандон бояд ҳамкорӣ кунанд. Нишон додан ё надодани ин ё он кас аз муносибаташ низ вобаста аст."

Дар ҳамин ҳол, суоле пайдо мешавад, ки оё телевизионҳои Тоҷикистон меъёрҳои муайяни пахши таронаҳоро доранд? Муҳаммад Ғоиб, мудири телевизиони Шабакаи аввали Тоҷикистон гуфт, таронаҳо қабл аз пахш аз назари як кумисюни вижа мегузаранд ва дар ҳоли доштани матни харобу оҳанги номақбул пазируфта намешаванд.

Аммо иддае аз коршиносон мегӯянд, меъёрҳои муайяни пахши ин ё он тарона дар телевизионҳои Тоҷикистон ба назар намерасад.



Ганҷина Ганҷова, рӯзноманигори тоҷик, ки дар мавзӯи мусиқии муосир матлаб менависад, мегӯяд, аксаран дар телевизионҳо таронаҳои кӯҳна садо медиҳанд: "Дар онҳо мо ягон навигариеро намебинем. Як суруд такрор ба такрор солҳои дароз пахш мешавад. Сурудҳои мардумиро танзими нав карда, пешкаши мардум мекунанд. Ба назар мерасад, мардуми тоҷик суруди нав надорад ва наметавонад як дигаргунӣ кунад.

Хонум Ганҷова гуфт, "ситораҳои" муосири мусиқии попи Тоҷикистон, аз ҷумла Шабнами Сурайё, ба санъати тоҷик услубу таронаҳои ҷолиберо ҳадя кардаанд, ки писанди мардум ҳастанд, аммо пахш намешаванд. Вай афзуд, сабаби роҳ наёфтани онҳо ба телевизионҳо шояд ба сабабҳои дигар бошад, ки ба мусиқӣ рабте надорад.
XS
SM
MD
LG