Вазирон барои мошини гаронбаҳо аз куҷо пул меёбанд?

Акс аз бойгонӣ

Ин суол ҳанӯз беҷавоб аст, ки мансабдорони тоҷик барои харидории мошинҳои хидматӣ чӣ қадар пул сарф мекунанд.
Мошинҳои хидматии мансабдорони Тоҷикистон хеле гаронарзишанд. Дар миёни ин мошинҳо, ки ҳар субҳ аз қароргоҳи худ дар маҳаллаи "Советский-1" берун меоянд, ягон худрави сохти Шӯравии собиқ ё мошинҳои одиро мушоҳида накардем.

Аксари ин мошинҳо итсеҳсоли Олмону Ҷопон ва Куриё буданд, ки ба гуфтаи тоҷирони мошин аз 15 то 70 ҳазор доллар қимат доранд. Равшан Каримов, муовини раҳбари Оҷонси давлатии хариди мол, кор ва хадамоти Тоҷикистон, мегӯяд қаблан харидории ҳамаи маводи зарурӣ барои мақомот бар дӯши ин оҷонсӣ буд, аммо ҳоло бештари вазоратхонаҳо мустақилона маводи заруриашон, аз ҷумла мошинҳои хидматиро харидорӣ мекунанд.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, тасмими кадом тамғаи мошинро харидорӣ кардан дар дасти роҳбари ҳар ниҳоди давлатист, ки буҷаи онро вазорати молияи Тоҷикистон тасдиқ мекунад: "Акнун вазирҳо мошини тамғаи ВАЗ 21 намехаранд. Онҳо ин навъи мошинҳоро ба шаъни худ зебанда намедонанд. Вале дар ин маврид ҳар як вазир ё роҳбари мақоми дигар худаш ба таври инфиродӣ тасмим мегирад."

Талошҳои мо барои дарёфти ҳисоби маблағе, ки аз буҷаи кишвар барои харидории мошинҳои хидматии мансабдорони тоҷик сарф мешавад, бар ҳадар рафт. Нарзулло Ҳабибуллоев, роҳбари департаменти буҷаи вазорати молияи Тоҷикистон, дар як сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, дар ду соли охир харидории мошинҳои хидматӣ барои мансабдорон бо як амри президент мавқуф гузошта шудааст.

Исмоил Талбаков

Ин дар ҳолест, ки намояндаи яке аз ширкатҳои воридкунандаи мошинҳои умдатан тамғаи "Тойота" аз Дубай бидуни бурдани ном гуфт, чанд сол боз барои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон мошинҳои тамғаи "Тойота Лендкрузер" ворид мекунанд: "Чанд сол аст, ки ҳамин госзаказҳоро иҷро мекунем. Барои вазоратҳои Тоҷикистон аз Дубай мошин меорем. Аввали ҳамин сол чанд "Тойота Лендкрузер" овардем, барои як вазорат, лекин то ҳозир пулашро надодаанд." Ин тоҷир мегӯяд, нархи мошинҳои фармоишдодаи вазоратхонаҳои Тоҷикистон ба ширкати вай аз то 40 ҳазор доллари амрикоӣ ва гоҳо аз ин ҳам болост. Яъне, баробари буҷаи дусолаи як мактаби миёнаи кишвар.

Исмоил Талбаков, вакили порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, дар шароити кунунии рушди иқтисоди кившар харидории мошинҳои ба қавле бошукуҳ барои мансабдорон як харҷи беҳуда аст: "Бояд Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар асоснок будани харидории чунин мошинҳои гаронарзиши хидматии мансабдоронро тафтиш кунад. Бигзор, мансабдорон исбот кунанд, ки харидории чунин мошини гарон барои иҷрои вазифаи ӯ зарур буд."

Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти омории соли 2011-ум беш аз 1940 мошини хидматӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба Қирғизистони ҳамсоя қариб 60 дарсад (фоиз) бештар будааст.