Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 6 саги Зоиров то галаи аспони вазирони тоҷик


Ҳайвоноти хонагии сиёсатмадорон ва афроди саршинос дар бисёр кишварҳо дар қатори боқӣ фаъолиятҳои ин афрод ҳамеша дар навори хабарҳо ҷо меёбанд

Ва гоҳо ҳатто хеле болотар аз ахбори сиёсӣ.

“Гум” шудани гурбаи Медведев

Аз қароргоҳи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гӯё ғайб задани гурбааш Дорофей дар Интернет чунон сару садо кард, ки Медведев маҷбур шуд, аз Деҳлии нав тавассути торнамояш дар Twitter ин овозаҳоро радд кунад. Дмитрий Медведев дар пайи шоеъоти бархоста дар гирди номи гурбааш дар Twitter ин ду ҷумла чинд ки: ”Як манбаи наздик ба Дорофей гуфт, ки ӯ гум нашудааст. Ташаккур ба ҳама барои изҳори ташвиш.”

Медведев боз ду саг дорад. Аммо бештар ду саги лабрадори Владимир Путин – Коннӣ ва Баффӣ – вирди забони расонаҳост ва соле пеш вақте саги Путин насл овард, хабарнигоронро барои нашри ин хушхабар ҳатто дар як поси шаб ба қароргоҳи ӯ даъват карданд. Дар боғи ҳайвоноти хонагии Путин, ҳамин тавр, як бабри уссурӣ, як аспи пони ва чанд аспи асил парвариш меёбанд. Аммо ин дороиҳои Путинро “зоопарк”-и хусусии раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар зодгоҳаш –Гудермес ба як нӯл мезанад, ки онро чанд палангу як ҷуфт шер, бабру пума, паррандагони нодир ва ҳатто як гург, ки рамзи миллати чечен ҳам ҳаст, “зиннат” медиҳанд. Қодиров дар Дубай низ як аспхонаи бузург дорад.

6 саги Зоиров ва “ҷаноза”-и саги Масов

Кадом анвои ҳайвонотро дӯст доштану парвариш кардани раисиҷумҳури Тоҷикистон, монанди боқӣ масоили марбут ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон сирре сарбамӯҳр боқӣ мемонад. Вале ӯро чанд дафъа савори асп акс гирифтаанд ва ҳузури оқои Раҳмон дар пойгаҳои асосии аспдавонӣ низ ҳокии муҳаббати ӯ ба аспу аспдорист.

Аммо аз миёни мухолифони ӯ раиси ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров ҳамчун як сагбози “ашаддӣ” ном баровардааст ва то 2 соли пеш 6 саг дошт. Дар тобистони соли 2010 ду саги Зоиров - Аркон ва Астарта- дар зери чархи мошин монд ва ӯ дар як даъвои додгоҳӣ навишт, ки сагҳои ӯро “сагҳои хоини миллат ва шпиони Узбакистон” гуфта барқасдона куштаанд. Сагпарасти дигари маъруф академик Раҳим Масов аст, ки сагаш бо номи Лордро ҳатто гӯручӯб кардааст. Оқои Масов дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфт: ”Рӯи қабрро панҷара гирифтем ва навиштаҷотеро ҳам болои қабраш гузоштем: «Здес похоронен «Лорд», любимая собака академика Масова». Ҳоло як саги дигар дорам бо номи Чаккӣ. Вақте сагро гирифтӣ, вай бояд дигар як узви баробарҳуқуқи оила бошад.”

Пирӯзии аспи Дости Бурут

Аммо аксари раҳбарон ва сарватмандони тоҷик ба аспу аспдорӣ завқи вижа нишон медиҳанд. Соли гузашта сабқати аспдавонӣ барои ҷоизаи президенти Русия дар шаҳри Қазонро аспе бо лақаби Корол аз Тоҷикистон бурд. Исми соҳиби асп нашр нашуд, вале дар матбуот ҳадс заданд, ки Корол шояд аз галаи аспҳои муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон бошад, ё аз вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, ва ё аз раиси Куммиссиюни интихобот Шермуҳаммади Шоҳиён.

Дар пойгаи аспҳои инглисӣ дар Наврӯзи соли гузашта маҳз аспи Шоҳиён бо лақаби Эйбл ғолиб омад. Имсол пирӯзӣ насиби аспе бо лақаби Вибралон шуд, ки ба Дости Бурут, аз афроди давлматманд ва мӯътабари ноҳияи Файзобод тааллуқ доштааст. Зимнан, дар ду интихоботи ахир дар ҳавзаи Файзобод, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабириро маҳз фарзандони Дости Бурут шикаст доданд.

Раиси ширкати “Вавилон” Беҳзод Файзуллоев низ асппарвар аст ва мегӯяд, аз ин шуғл хеле ҳаловат мебарад: “Сагбозӣ намекунам, вале кам-кам аспбозам. Чанд асп дорам - ҳам тоҷикӣ ва ҳам англисӣ. Номҳояшон - Барс, Киев, Самарқанд. Дар Наврӯз аспҳои ман чанд ҷоиза бурданд. Ман ҳаловат мебарам аз аспбозӣ.”

Аспбозу сагбоз ҳама баробаранд

Шӯҳрати аспхонаҳо ба эътибори сиёсии соҳибаш низ рабт мегирад. Як замон аспхонаи Хол Машрабов аввал буд, ки шӯҳраташ баъди рафтани ӯ аз раёсати идораи андоз низ батадриҷ коҳид.

Аммо Алихони Латифӣ, муҳаққиқи саги чӯпонӣ мегӯяд, парвариши ҳайвон як шуғл ё хоббӣ аст, ки чеҳраҳои маъруфро дар чашми бақия як инсони мисли онҳо заминӣ ва баробари онҳо нишон медиҳад: “Баъзе мардум, аммо на ҳама, ҳайвонотро дӯст медоранд ва бархеи онҳо сагбоз мешаваду бархе –аспбоз ва бархе ҳам – дӯстдори кабк ё бедона. Онҳо байни худ фарқе намегузоранд. Чӣ одами оддӣ ва чӣ сиёсатмадор ё сармоядор.Ин як касалист, ё хоббӣ. Ва вақте ин мардум вомехӯранд, нигоҳ намекунанд, ки кӣ дар кадом сатҳ аст, кӣ бой асту кӣ камбағал. Фарқе барояшон надорад.”

Питбулли Остони Азиз дар сагҷанг

Ҳунармандони зан ба тарбияи гурба алоқаи зиёдтар доранд, вале аксари мардҳои саҳна сагбоз будаанд. Барои мисол, овозхон Ҷонибеки Мурод мегӯяд, қаблан гургсаги асили немисие дошт бо номи Принс, ки 2 сол пеш даргузашт: "Пир шуду касал шуд. Баъд духтурҳо омада бо сӯзандору куштандаш. Ин сагро аз худи Олмон 10 сол пеш, ба 60-солагии падарам тӯҳфа оварда буданд. Баъд дар хонаи мо монд ва ба дили ҳама ҷо шуд ин саг."

Ҷонибек мегӯяд, баъди Принс ҳавасу ҳавсалаи гирифтани саги наверо накард: “Вақте сагеро мегирӣ, бояд то охир хуб нигоҳубин кунӣ. Ман сагро бигираму аз ӯҳдааш набароям, чӣ даркор сагро азоб додан?”

Шаҳроми Абӯбакр ҳам гуфт, ки ӯву амакзодааш Остони Азиз ҳарду саг доранд: “Саги алобой аст-ку, саги доғистонӣ? Ман ҳамин навъи сагро хеле дӯст медорам ва ду саг ҳам дорам. Якеаш Пахта ва дувумаш Хирс. Ман ҷанг мондани сагҳоямро дӯст намедорам. Аммо Остон ки як саги питбулл дорад, сагашро ҷанг меандозад.”

Бузкашӣ дар Тоҷикистон расман манъ шудааст, вале сангҷангу хурӯсҷанг ва кабкҷанг дар баробари пойгаи аспҳо то ҳол роиҷ аст. Шавқи мардум ба ҳайвоноту паррандагон ангезаи қимор ҳам дорад, ки оё асп, ё саг, ё кабку бедонаи кӣ зӯр мебарояд? Ва нархи аспҳои ғолиби пойга, ё кабку бедона ё саге ки дар ҷангҳо пирӯз мешавад, ба гуфтаи ҳолдонҳо ба ҳазорон доллар мерасад ва мавориде ҳам ҳаст, ки як асп ва ҳатто як кабки номдорро бо манзил ё мошин иваз мекунанд.
XS
SM
MD
LG