Ҷоизаи HRW ба Урунбой Усмонов

Хабарнигори Бӣ Бӣ Сӣ ҷоизаи мӯътабари озодии баёнро ба даст овард.
Human Rights Watch ва ё Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) ба хабарнигори бахши узбакии Бӣ Бӣ Сӣ Урунбой Усмонов, ки бо иртибот бо гурӯҳи манъшудаи Ҳизб - ут – таҳрир айбдор шуда буд, ҷоизаи озодии баён тақдим кард. Ҷоизаи Hellman-Hammett аз сӯи Дидбони ҳуқуқи башар ба рӯзноманигорон ва адибоне эъто мегардад, ки таҳти таъқиб қарор гирифта, ба дастгирии моливу маънавӣ ниёз доранд.

Ба ин ҷоиза Усмоновро НАНСМИТ – Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон –пешбарӣ кардааст. Ба Урунбой Усмонов, ки соли гузашта таҳти таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор гирифт, 6 000 доллар ҷоизаи молӣ эъто мешавад.

Урунбой Усмонов 13-уми июни соли гузашта дар Хуҷанд бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир боздошт шуда, фақат як моҳ баъд таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ шартан раҳо шуд. Рӯзи 14 ноябри соли 2011 додгоҳиХуҷанд ӯро бо ҷурми хабар надодан ба мақомот аз иртибоб бо аъзои Ҳизбуттаҳрир ба се соли ҳабс маҳкум ва бар асоси қонуни афв билофосила афв ва озод кард. Урунбой Усмонов аз ин ҳукми, ба ақидаи ӯву вакилонаш “ноодилона” шикоят бурд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон низ ҳукми ӯро бетағйир боқӣ гузошт. Аммо Усмонов иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин созмони тундравро ҳамеша радд карда, мегуфт, дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигориаш амал мекард.

Боздошту таъқиби додгоҳии Урунбой Усмонов ва хабарнигори рӯзномаи "Нури зиндагӣ" дар ноҳияи Ашт Муҳаммадюсуф Исмоилов дар соли гузашта мавҷи интиқодҳои байналмилалӣ аз фишори мақомоти Тоҷикистон алайҳи озодии баёнро ба бор овард. Ин ду қазия боиси пойин рафтани мақоми Душанбе дар раддабандиҳои байналмилалии озодии матбуот шуд ва исми Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои таъқибкунандаи матбуот овард.

Ҷоизаи Hellman-Hammett ба шарафи адибони маъруфи амрикоӣ Лилиан Ҳелман ва Дешил Ҳеммет, ки дар зиндагиашон таҳти таъқиб қарор доштаанд, таъсис ёфтааст.