Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмонов аз толори додгоҳ озод шуд, вале розӣ нест


Урунбой Усмонов
Урунбой Усмонов
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Урунбой Усмонов-хабарнигори бахши узбакии радиои Би-Би-Сӣ-ро ба се соли зиндон маҳкум кард, аммо бар асоси қонуни афв ӯро аз сипарӣ кардани мӯҳлати ҷазо дар зиндон озод намуд. Урунбой Усмонов, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯъи Ҳизби Таҳрир муттаҳам мешуд, моҳи июн боздошт шуд ва як моҳ дар зиндон ба сар бурд. Вай то ҳол, яъне то эълони ҳукми додгоҳ дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Урунбой Усмонов баъд аз эълони ҳукми додгоҳ ба радиои Озодӣ гуфт:

“Ман худро айбдор ҳис намекунам. Се рӯз пештар додгоҳ Назаров маро ба назди худ даъват кард ва гуфт, ки аризаи афв нависам, вале ман ҷавоби рад додам”.

Ба гуфтаи оқои Усмонов, ҳадафи Назаров ин будааст, ки Усмонов тибқи қонун мавриди афв қарор бигирад. Бо вуҷуди нанавиштани чунин ариза имрӯз додгоҳ Усмоновро аввал ба се соли зиндон маҳкум ва сипас тибқи қонунии умумии афв аз толори додгоҳ ба озодӣ раҳо кардааст. Усмонов мегӯяд, бо ин ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба манобеи болотар бар зидди ин ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG