Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот гуфт, хабарнигорони тоҷике, ки рӯзи ҷумъа маҳкум шуданд, бо ҷурми фаъолияти касбӣ таъқиб мешуданд ва дархости бозбинии ҳукми онҳо бояд муроот шавад. Дуня Миятович изҳори умедворӣ кард, ки иттиҳомоти алайҳи хабарнигори “Нури зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоилов ва гузоришгари ББС Урунбой Усмонов лағв хоҳад шуд.
Исмоилов 35 000 сомонӣ ҷарима баста шуда, бо ҳукми додгоҳ барои 3 сол аз ҳаққи хабарнигорӣ маҳрум шуд. Усмонов бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир 3 сол ҳукми зиндон гирифт, вале ба дунбол афв шуд.
Ҳарду гуфтаанд, ки бозбинии ҳукми худро талаб хоҳанд кард.
Хонум Миятович гуфт, ин ду қазияро зимни сафараш ба Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ хоҳад кард.