"Сабаби оташсӯзии Корвон то 10 рӯз мушаххас хоҳад шуд"

Гурӯҳи вижа ё махсуси кормандони вазорати умури дохилӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ дар бозори "Корвон"-ро пас аз ҳудуди ду рӯзи вуқӯи сӯхтори бесобиқа дар ин фурӯшгоҳ оғоз кардааст.
Масъулони Хадамоти оташнишонии вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳамин ҳол мегӯянд, сабабҳои оташсӯзӣ ва хисороти ворида аз ин сӯхтор ба эҳтимоли зиёд танҳо то даҳ рӯзи оянда мушаххас хоҳад шуд. Ба таъкиди Худойқул Назаров, як корманди масъули ин идора, барои тадқиқи сабаби оташсӯзӣ, бояд шабакаи интиқоли барқ, истифодаи газ ва дигар маводи оташзо ҳаматарафа ташхис шаванд.

Ин мақоми хадамоти оташнишонӣ мегӯяд, ҳамакнун 5-6 фарзияе ҳаст, ки аз сабабҳои эҳтимолии сӯхтор буда метавонанд, "қасдан оташ заданаш мумкин, аз ноқили барқ ҳам метавонад сӯхтор сар занад, аз асбобҳои газиву барқии маишӣ низ метавонад бошад. Барои ҳамин, чанд самт шуданаш мумкин аст. Бояд гурӯҳи корӣ дар ин самтҳо кор кунад, то дақиқ шавад, ки сабаби асосӣ чӣ будааст."

Худойқул Назаров афзуд, нахустин шоҳидони сӯхтор минтақаи оташсӯзиро 3-4 ҷо гуфтаанд, ки дар ин сурат ташхиси зуди иллати сӯхтор душвор аст. Нуршед Машрабов, молики бозори "Корвон" як рӯз пеш барқасдона будани ҳодисаи сӯхтор дар бозори "Корвон"-ро аз эҳтимол дур надонист ва гуфт, ки оташсӯзии бозор аз чаҳор нуқта сар зада, кори оташнишонҳоро душвор кардааст.

Феълан зарардидагони сӯхтори бозори "Корвон" бештар дар фикри коло ва маблағи ҳангуфти аз дастрафтаашон ҳастанд. Аксарияти онҳо дар ивази манзилу дигар амволи ба гарав гузоштаашон аз бонк қарз гирифтаанд. Рӯзи ҷумъа, 7-уми сентябр, ширкати давлатии "Тоҷиксуғурта" ҳам эълом кард, ки ба фурӯшандаҳое, ки суғурта ё бима шудаанд, ҳатман кумак хоҳад кард.

Аммо Фатҳулло Каримов, яке аз ин фурӯшандаҳои зарардида ба кӯмаки ҳукуматдорон бовар надорад, Вай, ки дар пайи сӯхтори шоми чоршанбе беш аз 30 ҳазор доллар зарар дидааст, гуфт, "бовар надорам. Чанд бор сӯхт касе кӯмак накард, ҳоло кумак мекунанд? Хайр, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев кӯмак кард, лекин Худо медонад."

Абдукарим, ки дар қиёс ба Фатҳулло панҷ баробар, яъне беш аз 150 ҳазор доллар зарар дидааст ва суғурта низ дорад, омодагии ширкати "Тоҷиксуғурта"-ро амали хандаовар медонад: "Кӯмак кунад, 500 сомонӣ кӯмак мекунад. Мо даҳҳо ва садҳо ҳазор доллар зарар дидаем. Магар бо 500 сомонӣ мешавад ин зарарро пӯшонд?" Абдукарим ва аксарияти фурӯшандаҳои зарардида аз сӯхтор, сабаби оташсӯзии "Корвон"-ро, ба гуфтаи онҳо, баднафсии раҳбарони бозор марбут медонанд. Онҳо мегӯянд, "масъулони бозор ба хотири пул шуда, чандин нафарро болои ҳам ҷо кардаанд, ки дар ниҳоят ба ҳангоми сар задани сӯхтор, сару калобаашонро гум карданд."

Бо он ки "Корвон" бузургтарин бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад, мушоҳидаҳо ҳокист, ки оддитарин шароитҳои зидди сӯхториро надорад. Фурӯшандаҳои зарардида низ мегӯянд, муҳимтарин маводе, ки ба ҳангоми сӯхтор зарур аст, яъне об, дар ҳеҷ ҷои ин бозор нест ва ин аст, ки шаби сӯхтор мардум барои дарёфти об на танҳо бо ронандагони мошинҳои оташнишонӣ, ки баъзеашон бидуни об омада буданд, даст ба гиребон шудаанд, балки миёни ҳам низ "афту дарафт" кардаанд.