Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксуғурта" ба осебдидагони "Корвон" кӯмак мекунад?


Қисмати яклухтфурӯшии бозори "Корвон" пас аз оташсӯзии шоми 5-уми сентябр
Қисмати яклухтфурӯшии бозори "Корвон" пас аз оташсӯзии шоми 5-уми сентябр

Ширкати давлатии "Тоҷиксуғурта" эълом кард, ки омодааст, хисороти ворида ба тоҷирони бозори "Корвон"-ро ҷуброн кунад.

Таҳмина Давлатова, муовини раиси "Тоҷиксуғурта", рӯзи 7-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ниҳоди онҳо омодааст, зиёни расида аз сӯхтори шоми 5-уми сентябр ба тоҷирони бозори "Корвон"-ро бипардозад. "Албатта, ба он тоҷироне, ки дар қайди "Тоҷиксуғурта" ҳастанд",-илова кард ӯ.

Ба қавли Таҳмина Давлатова, имрӯз ба хотири мушаххас кардани теъдоди бозорнишиноне, ки дар қайди идораи "Тоҷиксуғурта" ҳастанд, ба маҳалли "Корвон" рафта буданд ва базудӣ маълум хоҳанд кард, ки чӣ теъдоде аз тоҷирон дар қайди ниҳоди онҳо ҳастанд ва ҳаҷми зарар чӣ қадар аст.

Ӯ афзуд, онҳо чунин таҷрибаро дар сӯхторҳои пешин дар бозорҳо доштаанд, аз ҷумла ҳангоми сӯхтани бозори "Шоҳмансур" ҳудуди 60 дарсади зарардидагоне, ки худ ва молашонро бима карда буданд, зиёнашон пардохта шудааст. Аммо ба қавли ҳамсӯҳбати мо, то кунун нафаре аз тоҷирони бозори "Корвон" ба идораи "Тоҷиксуғурта" муроҷиат накардааст.

Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 7-уми сентябр комиссияи махсуси иборат аз кормандони ВКД ва Додситонии кул ба таҳқиқи иллатҳои сӯхтор ва хисороти сӯхтор дар бозори "Корвон" оғоз карданд. Маҳмадюсуф Ҳусайнов, муовини сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД рӯзи ҷумъа, 7-уми сентябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳи як ҳайати Раёсати тафтишотии Додситони кул барои бозрасии маҳалли сӯхтор ба бозори "Корвон" мераванд.

Ҷаноби Ҳусайнов афзуд, ҳадафи аслии ин тафтишот дақиқ сохтани шумори зарардидагон ва маҷрӯҳшудагон бар асари сӯхтор мебошад. Ҳамчунин, ин гурӯҳи корӣ ҳаҷми умумии зарари ворида бар асари оташсӯзиро мушаххас хоҳад кард. Маҳмадюсуф Ҳусайнов овозаҳо дар бораи зиёд будани теъдоди қурбониёни ин оташсӯзиро рад намуд. Ӯ гуфт, кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ тамоми растаҳои бозорро тафтиш карда, дохили дӯконҳо ва контейнерҳоро хабар гирифтанд ва танҳо як ҷасадро пайдо карданд. "Агар нафаре ҳатто тамоман сӯхта мебуд, устухонҳояш пайдо мешуданд",-илова кард ӯ.

Нуршед Машрабов, молики бозори "Корвон" гуфт, тамоми 2 ҳазор дӯконе, ки ба коми оташ рафтааст, аз ҳисоби худ барқарор хоҳад кард
Нуршед Машрабов, молики бозори "Корвон" гуфт, тамоми 2 ҳазор дӯконе, ки ба коми оташ рафтааст, аз ҳисоби худ барқарор хоҳад кард
Аз ин пеш, пас аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе, 6-уми сентябр, Нуршед Машрабов, соҳиби бозори "Корвон", бузургтарин бозори Душанбе, бо хабарнигорон сӯҳбат кард. Вай гуфт, тамоми 2 ҳазор дӯконе, ки шоми 5-уми сентябри соли ҷорӣ ба коми оташ рафтааст, дубора аз ҳисоби худ ба шакли беҳтар барқарор ва ба соҳибонашон хоҳад дод.

Ҳамчунин ӯ илова кард, соҳибкороне, ки дар сӯхтори шаби 5-уми сентябр зиён дидаанд, тӯли панҷ сол аз пардохти кирояи бозор озод мешаванд.

Нуршед Машрабов хабарҳо дар бораи фирораш аз Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, тӯли шаб дар ҷои воқеа буд ва танҳо субҳ аз он ҷо ба манзилаш рафтааст. Панҷ соат қабл аз ин сӯҳбати молик ё соҳиби бозори "Корвон", раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханрониаш дар назди издиҳоми тоҷирони башӯромадаи ин бозор гуфт, "Нуршед Машрабов ба куҷое гурехтааст". Ӯ ҳамчунин ба тоҷирон ваъда дод, “ки ҳаққи онҳоро аз соҳиби бозор ситонда медиҳад”.

Ҷаноби Машрабов дар ин сӯҳбати худ барқасдона будани ҳодисаи сӯхтор дар бозори "Корвон"-ро аз эҳтимол дур надонист. Ба қавли ӯ, оташсӯзии бозори "Корвон" аз чаҳор нуқта сар зада, кори оташнишонҳоро душвор кардааст. Дар ҳамин ҳол, вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи оташсӯзии бозори "Корвон" ба онҳо дер хабар додаанд, ки ин таъхир оташнишонҳоро ба мушкил мувоҷеҳ сохтааст.

Бо ин вуҷуд, то кунун сабаби аслии сар задани сӯхтор дар бозори "Корвон" расман аз сӯи мақомот баён нашудааст. Вале иддае ҳам тахмин мезананд, ки ин сӯхтор дар пайи истифодаи балони газ сурат гирифтааст. Иддаи дигар ҳам ноқили барқро "гунаҳкор" медонанд.

Изҳори назари муовини раиси Бонки Миллӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи шашуми сентябр бо пахши баёнияи расмии худ гуфт, "дар натиҷаи сӯхтор бозори савдои яклухтфурӯшӣ (оптовый)-и "Корвон" дар масоҳати зиёда аз 5000 метри мураббаъ нобуд гардид."

Илова бар ин, як нафар ба далели ба болои сараш фурӯ омадани боми дӯконе ҷон бохта, чаҳор нафар ҳам ҷароҳат бардоштаанд.

"Бо мақсади ҳифзи молу ашё ва амволи шаҳрвандон аз сӯхтор, роҳ надодан ба дуздиву ғоратгарӣ ва талаву тороҷ беш аз 2 000 корманди мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуданд",-омадааст дар баёнияи ВКД.

XS
SM
MD
LG