Ин пешниҳод дар ҳамоише бахшида ба рӯзи ҳамраъйии журналистон дар Душанбе садо додааст. Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, "инъикоси ҳаводиси марбут ба сӯхтори "Корвон" аз тарафи журналистон ва бархӯрди кормандони милиса бо онҳо" яке аз бахшҳои асосии ин ҳамоиш будааст.
Саймуддин Дӯстов, раиси бунёди "ИНДЭМ" ва муассиси ҳафтаномаи "Нигоҳ", дар ин ҳамоиш дар хусуси бархӯрди номуносиби кормандони умури дохилӣ бо журналистон дар ҳодисаҳои муҳим гузориш иро кардааст. Вай аз ҷумла пешниҳод кардааст, ки як номаи дастиҷамъии созмонҳои журналистӣ ба вазорати умури дохилӣ пешниҳод карда шуда, даъват шавад, ки бо мақомоти аршади вазорат мулоқоти журналистон баргузор гардад.
Саймиддин Дӯстов аз ҷумлаи рузноманигороне мебошад, ки дар ҷараёни роҳпаймоии эътирозгарон ба хотири оташсӯзӣ дар бозори "Корвон" аз сӯи кормандони пулис боздошт шуда буд. Ӯро дар шӯъбаи умури дохилӣ 3 соат нигоҳ дошта, сипас бо узрхоҳӣ раҳо кардаанд.
Дар ин ҳодисаҳо ба хабарнигорони Би-би-сӣ низ аз тарафи кормандони милиса бадрафторӣ шудааст. Дар ҳамоиши журналистон таъкид шудааст, ки ба хотири ташхиси журналистон дар ҳодисаҳое назири эътирозҳои тоҷирони "Корвон", онҳо либоси махсус бо ранги махсус дар бар дошта бошанд. Хабарнигорон бовар доранд, ки дар он сурат маъмурони пулис ва амниятӣ онҳоро шинохта, чандон муносибати хашин нахоҳанд дошт.