Зиндониёни таҳрирӣ дар ҷойгоҳи "дуздони қонунӣ"

Акс аз бойгонӣ

Бар пояи маълумотҳо ва таҳлилҳо, нуфуз ва ҷойгоҳи созмони «Ҳизбутаҳрир» дар зиндонҳои Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад.
Гуфта мешавад аъзои «Ҳизбутаҳрир» зиндонҳои ин кишварро ба саҳна ва майдони фаъолиятҳои густардаи худ табдил додаанд. Дар ҳоле, ки аъзои ин созмони мамнӯъ ба маҳзи узвият дар ин созмонҳо ва анҷоми фаъолиятҳои таблиғӣ зиндонӣ шудаанд, дар дохили маҳбасҳо барои иҷрои ин корашон тақрибан, ки монеа надоштаанд.

Хабарнигори «Озодӣ» бо як нафар зиндонии собиқ, Абдулло Маҳмадшарифов, ки бо аъзои ин созмон дар маҳбас зиёд нишасту хез кардааст сӯҳбате анҷом дода ва аз воқеияти нуфузи таҳририҳо пурсид:

Абдулло Маҳмадшарифов: Зиндагии зиндонҳо сахтиву машаққатҳои худро дорад. Қариб панҷуним сол дар зиндон будам. Асосан дар ду зиндон будам. Намешавад гуфт, ки он ҷое бошад, ки муносибати бисёр боэҳтиром ҳаст. Ба одами маҳбус таври дигар нигоҳ мекунанд. Ҳатто баъзе вақт ҳамин иззати инсонӣ, шахсияти инсонӣ таҳқир мешавад. Ин чизҳо дар зиндон табиӣ аст. Хусусан, дар зиндонҳои Тоҷикистон чунин корҳо як чизи оддӣ ҳаст.

Озодӣ: Гуфта мешавад, ки дар зиндон нақши гурӯҳҳои мазҳабӣ хеле тақвият ёфтааст. Ва махсусан аъзо ва масъулони зиндонии «Ҳизбуттаҳрир» болои бақия маҳбусон нуфузи зиёд доранд. Ҳамин ҳарфҳо воқеият дорад?

Абдулло Маҳмадшарифов: Албатта ин гапҳо воқеият дорад. Чун агар чизе, ки набошад он ҳеҷ вақт гапаш ҳам берун намебарояд. Онҳо дар рафтору ахлоқу гуфторашон бисёр мусносибати ҷазбкунандагӣ доранд. Бисёр меҳрубонона изҳори дӯстӣ мекунанд. Бо як муҳаббат изҳори бародарӣ мекунанд. Ба он зиндоние, ки меояд ва ё маҳбусони атрофашонро дар мушкилоти дохили зиндон зуд дастгириаш мекунанд. Баъзе вақт мумкин чизе намерасад, аз хӯрок ва ё сарулибос. Дар чунин мавридҳо ба ӯ расидагӣ мекунанд ва чизе, ки дар ҳадди тавонашон ҳаст, дар ихтиёр доранд, ёрӣ мерасонанд. Ин аз лиҳози моддӣ. Аз тарафи дигар зиндониҳое, ки онҷо меғалтанд, саводи динӣ надоранд. Маълумоти кофӣ аз мазҳаби ҳанафӣ надоранд. Вақте ақида холӣ аст, мағзи ӯ холӣ аст ва чун дар чунин вазъ дар зиндон меафтад, онҳо ояву ҳадисҳоро ба равиши худашон тафсиру таблиғ мекунанд, онҳо зери таъсир қарор гирифта ба худ хулоса мекунанд, ки дин инҷо будааст, ақидаи пок ҳамин будааст.

Озодӣ: Гуфта мешавад, ки аъзои «Ҳизбутаҳрир» баҳсҳоеро, ки байни маҳбусон ба миён меояд, онҳоро низ ҳал ва доварӣ мекардаанд?

Абдулло Маҳмадшоев: Ҷангҷолҳое, ки байни зиндониҳо рух медиҳад, таҳририҳо барои ҳаллаш нақши асосӣ доранд, ба хотири ҳамон шуҷоату нотарсие, ки доранд. Инро мо мушоҳида кардем. Ба ҳар сурат таҳририҳо дар зиндон нуфузи зиёд доранд. Дар ҳама ҷиҳатҳо фаъолтаранд: дар «разбор», дар ҷангҷол. Аз назари моливу пулӣ ва маблағ онҳо бойтаранд ва дастҳояшон кушодтар аст.

Озодӣ: Дуруст аст, ки ба нозирони зиндонҳо низ онҳо пул медодаанд, ягон тӯҳа медодаанд, то ки муносибаташон бо онҳо дигартар бошад?

Абдулло Маҳмадшоев: Албатта онҳо аз роҳи моддиву пуливу «грет» кардан, ин корҳоро мекунанд. Ин чизҳо вуҷуд доранд. Аммо инки онҳо фақат аз ин роҳ таҳти таъсир қарор дошта бошанд, чунин нест. Яке аз роҳҳояшон чунин аст ва аз ин роҳ дили инсонҳоро чи нозир бошад ва ё чӣ як маҳбус ба даст меоваранд, метавонанд.

Озодӣ: Дар зиндон бо айбҳои гуногун одамҳо меафтанд. Муносибати «таҳририҳо» бо кадом навъи маҳбусон ва ё ба кадом навъи ҷиноят бадтар аст?

Абдулло Маҳмадшоев: Ба ҳама зиндониҳое, ки онҷо ба ҳар ҷиноят меафтанд ба ҳамаашон муносибати дӯстона ва муносибати бомуҳаббат доранд. Яъне ҷинояти ӯро нигоҳ намекунанд. Ба онҳо ягон меъёр нест, ки барои мисол, одам барои кадом ҷиноят зиндон шудааст ӯро бад бинанд ё кадом одам ба кадом ҷинояти дигар афтодааст, ӯро дӯст бидоранд. Ҳамаро эҳтиром мекунанд ва ба ҳама гапҳои худашонро, ки гуфтанашро зарур меҳисобанд, мегӯянд, чӣ даъват бошад, чӣ таблиғ бошад ва ё чӣ ягон кӯмак бошад.

Озодӣ: Мегӯянд, ки бештари зиндониҳои аъзои «Ҳизбутаҳрир» аз намояндагони дигар миллатанд. Тоҷикҳо ҳам байни онҳо зиёданд?

Абдулло Маҳмадшоев: Инҷо фарқ надорад. Тоҷик ҳам ҳаст аз миллати узбакҳо ҳам ҳаст. Узбакҳо шояд аз назари шумора бештар бошанд. Аммо тоҷикҳое, ки таҳти таъсири ин гурӯҳ қарор гирифтаанд, зиёданд. Тоҷикҳо ҳам ҳастанду узбакҳо ҳам ҳастанд. Мо медонем, ки занҳои таҳририҳо чандин нафарашон маҳкум шуданд. Албатта зиндонҳои онҳо ҷудо аст. Ойилавӣ дар ин роҳ ҳастанду мераванд.