Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: «Ҷамоаи таблиғ» мисли «Ҳизбуттаҳрир» аст


Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, чораву тадбирҳо алайҳи ҷараёни мазҳабии «Ҷамоаи таблиғ» пурзуртар карда хоҳад шуд.

Сӯҳбати ихтисосии Маҳмадулло Асадуллозода, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, бо радиои Озодӣ:

Суол:
Аз боздошти як гурӯҳи ашхоси гумонбар дар ҳамкорӣ бо «Ҷамоаи таблиғ» се ҳафта мегузарад. То кунун дар мавриди фаъолияти ин гурӯҳ нуктаҳое равшан карда шудааст ё на?

Маҳмадулло Асадуллозода: «Бале, аз миёни ин афрод танҳо алайҳи чор нафарашон парванда боз карда шудааст ва тафтиши парвандаашон идома дорад. Далелҳои шайъӣ, ба монанди китобу навиштаҳову варақаҳое, ки аз онҳо мусодира карда шудааст, баёнгари узвияти онҳо дар ин созмони мамнӯъ мебошад. Ҳоло пурсуҷӯ идома дорад ва имкон дорад боз чанд тани дигар ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд».

Суол: Шумо мегӯед, ки ин як созмони мамнуъ аст, манзуратон чист? Намояндагони «Ҷамоаи таблиғ» мегӯянд, ки ин гурӯҳ тоза дар Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст ва дар масоҷид танҳо аз ахлоқу шариати ислом мавъиза мекунанд, вале Шумо ишора мекунед, ки ин созмон дар Тоҷикистон нав нест.

Маҳмадулло Асадуллозода: «Дуруст аст, ки «Ҷамоаи таблиғ» як созмони ҷадид набуда, аз рӯи далелҳо, шохаҳои он то ба Покистону Ҳиндустон мерасад. Ва аз рӯи маълумоте, ки аз онҳо (аъзои «Ҷамоаи таблиғ») гирифта шудааст, онҳо дар ин кишварҳо ба амалҳои террористӣ даст мезаданд ва, ба қавли худашон, ҳадафи таъсиси як давлат - хилофати исломиро доранд. Ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар фаъолияти онҳо дида мешавад. Ва дар соли 2006 додгоҳи олӣ ин созмонро дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон карда буд. Яъне инҳо низ мисли созмони мамнуи «Ҳизбуттаҳрир» ҳадафи таъсиси як хилофати исломӣ дар ин кишварро доранд. Ва бори дигар мегӯям, ки барои ҳамин додгоҳи олӣ дар соли 2006 фаъолияти онро мамнӯъ эълон кард. Барои чунин тасмим нахуст гурӯҳи мутахассисон ва таҳлилгарон фаъолияти ин гурӯҳро бо назардошти ин, ки то куҷо ба амнияти Тоҷикистон хатар дорад, мавриди омӯзиш қарор дода буданд».

Суол: Ҳоло аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар як маъракаи густардаи таъқиби «Ҷамоаи таблиғ» дар саросари кишварро шурӯъ кардаанд. Аслан мақомоти қудратӣ чӣ биме аз ин гурӯҳ доранд?

Маҳмадулло Асадуллозода: "Албатта ин таъқиб нест ва чуноне, ки пештар гуфтам, пас аз манъи фаъолияти ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон ниҳодҳои интизомӣ фаъолияти онро ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор доданд. Ва он чор нафаре, ки боздошт карда шудаанд, ҳамроҳ бо китобу варақаҳои таблиғии ин гурӯҳ водор мекунанд, ки чораҳову тадбирҳо алайҳи онҳоро пурзуртар кунем".
XS
SM
MD
LG