Корманди Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, Равшанбек Мирзоаҳмедов, 18 сол зиндонӣ шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон сардори пешини раёсати зудамали Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир, Равшанбек Мирзоаҳмедовро ба 18 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст. Ҳамроҳи ӯ ду нафари дигар, ки собиқ "агент"-ҳои Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ба шумор мерафтанд, низ 16-солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 23-юми август, ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи мазкур тақрибан ду ҳафтаи ахир дар хонаи машваратии Додгоҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор дошт. Қаблан, Дилафрӯз Толибова, намояндаи додситонии кул, бо назардошти аз Додгоҳи олӣ дархост карда буд, ки Равшанбек Мирзоаҳмедовро ба 22 соли зиндон маҳкум намояд. Айбдоркунандаи давлатӣ Равшанбек Мирзоаҳмадовро дар заминаи сӯистифода аз ваколати хидматӣ, қочоқи маводи мухаддир, пинҳон кардан маводи мухаддир ва сохтакорӣ дар пешниҳоди асноди марбут ба маводи мухаддир муҷрим шумурда буд.
Ин дар ҳолест, ки Абӯбакр Қувватов, вакили мудофеи Мирзоаҳмедов, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳукм бе ширкати ӯ ва бе даъвати ӯ ба мурофиаи ниҳоӣ гирифта шудааст. Ҷаноби Қувватов изҳори тааҷҷуб кард ва гуфт, ин субҳ дар Додгоҳи олӣ буд ва дар ин масъала касе ба ӯ ҳарф назадааст.
Вакили мудофеи дигари ҳамин парванда Дилбар Урунова низ аз ҳукми додгоҳ изҳори бехабарӣ кард, ки чӣ гуна Додгоҳи олӣ дар ғайби ҳукми нафари таҳти ҳимояташро содир кардааст. Вале сарфи назар аз ин, вакилони мудофеи Равшанбек Мирзоаҳмедов нисбат ба ҳукми Додгоҳи олӣ розӣ нестанд ва мегӯянд, дар ҷараёни пурсишҳо ва муҳокимаҳои додгоҳӣ ҳеҷ кадом аз банди айбнома сад дар сад исботи худро наёфтааст. Онҳо гуфтанд, ки дар зарфи як ҳафтаи дигар аризаи шикоятӣ навишта, бозбинии ҳукмро тақозо хоҳанд кард.
Равшанбек Мирзоаҳмедов, собиқ сардори Раёсати зудамали Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон, дар моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷурми сӯистифода аз вазифа ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд ва аз таърихи 2-юми март ба ин тараф дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ба сар мебурд.