Фариддун Умаров, собиқ муовини сардори Бахши мубориза бар зидди маводи мухаддири Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Фархор моҳи январи соли равон ҳангоми қочоқи 42 кило ҳероин боздошт шуда буд.
Ба гуфтаи Оҷонсии мубориза бар зиди фасод ба ин парванда ҳамчунин Рустам Ҳайитов, маъруф ба лақаби “Ҳамер”, Зафар Мирзоев, собиқ сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, Тоҳир Шеров, раиси шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе ва чанд нафари дигар аз ходимони ниҳодҳои қудратӣ шомил ҳастанд.
Як мақоми оҷонсии мубориза бар зидди фасод ба радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи мазкур бо айбномаи «ҳамкорӣ бо гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир ва даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон» ба додгоҳ фиристода шудааст.
Ин манбаъ афзуд, шурӯъ аз моҳи январ яъне аз замони боздошти ин гурӯҳ то кунун парвандаи мазкур, ҳамаҷониба аз тарафи гурӯҳи зудамали Оҷонсӣ ва муфаттишони он мавриди баррасӣ қарор дошт.
Фаттоҳ Саидов, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар рӯзҳои аввали боздошти ин гурӯҳ дар як нишасти хабариаш гуфта буд, ин афроди «шабака» ба ғайр аз дастгирӣ дар мақомоти қудратӣ, ҳамчунин аз ҷониби мансабдорони ҳукуматӣ низ «пуштибон» доштанд.