Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви 4 лабораторияи тавлиди ҳероин дар Афғонистон


Ахиран матбуоти Русия навишт, ки дар ҷараёни амалиёти муштараки нерӯҳои махсуси Русияву Амрико ва Афғонистону Тоҷикистон 4 лабораторияи тавлиди ҳероин дар шимоли Афғонистон аз байн бурда шудааст.

Виктор Иванов, раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Русия, дар мусоҳибае бо “Росийская Газета” гуфтааст, аз 30-юми апрел то 14-уми май дар шимоли Афғонистон нерӯҳои махсуси Афғонистону ИМА ва Тоҷикистону Русия амалиёт анҷом дода, дар ҷараёни он миқдори зиёди маводи мухаддирро боздошту мусодира кардаанд.

Ба қавли Иванов, дар амалиёти мазкур тақрибан 3 тонна ҳашиш, 400 кило ҳероин, 150 кило морфин ва 400 кило тарёк ба даст омадааст. Ҷониби Русия иддао мекунад, ки нерӯҳои махсус дар ин амалиёт 4 лабораторияи тавлиди ҳероинро низ аз байн бурдаанд ва 67 нафар қочоқгарони маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Дар як тамоси телефонӣ Қодирӣ, сухангӯи бахши мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохилии Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бо ҳидояти раисиҷумҳури Афғонистон Русия танҳо дар заминаи табодули маълумоти кашфӣ бо пулиси мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ҳамкор ҳастанд. Вале ин ки онҳо амалан ба хоки Афғонистон биёянд ва бо нерӯҳои Афғонистону Амрико амалиёт анҷом диҳанд, ин чиз аслан наметавонад ба худ ҷанбаи амалӣ бигирад. Чун ҳеҷ санаде мавҷуд нест, ки Русия дар Афғонистон нерӯҳои низомӣ дошта бошад.”

Виктор Иванов
Виктор Иванов
Бо вуҷуди ин, Қодирӣ мегӯяд, дар шимоли Афғонистон дар ин авохир амалиёте анҷом гирифтааст, вале онро худи пулиси мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон анҷом додааст: “Ин амалиёте, ки дар вилоятҳои Тахору Бағлон анҷом шуда буд, маълумоти кашф, истихборотӣ ва иттилооте будааст, ки Русия барои мо додааст, вале худи пулиси Афғонистон ин амалиётро анҷом додааст.”

Аммо дар муқоиса бо Русия миёни Тоҷикистону Афғонистон дар бораи анҷоми амалиёти зидди маводи мухаддир мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва дар шимоли Афғонистон барои боздошти маводи мухаддир ва ифшои лабораторияҳои тавлиди ҳероин солона то даҳ амалиёти муштараки пулиси мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ва Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон анҷом мегирад. Бунафша Одинаева, муовини раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар ин бора гуфт: “Афсарони алоқаи Оҷонсӣ дар се вилояти Афғонистон фаъолият мекунанд ва бевосита бо маълумоти ҳамин афсарон ва дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти дахлдори Афғонистон, вазорати корҳои дохила ва ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ҳамкорӣ мекунанд. Ин ҳам як асосе ҳаст барои гузаронидани фаъолияти муштарак бо ҳамин сохторҳо. Таҷриба ҳам ҳаст.”

Дар ин авохир як ҳайат аз вазорати умури дохилӣ ва бахши мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон аз Тоҷикистон боздид ва дар Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири кишвар роҷеъ ба ҳамкориҳо барои муборизаи муштарак бо маводи мухаддир машварат анҷом дод. Хонум Одинаева мегӯяд, амалиёти муштараки ду ҷониб бар асоси мувофиқатномаҳои мавҷудаи ду кишвари ҳаммарз ва бар асоси ҳамин гуна машваратҳо анҷом мегирад.

Бунафша Одинаева
Бунафша Одинаева
Тоҷикистон бо Афғонистон 1344 километр марзи муштарак дорад ва бино ба маълумоти дафтари матбуотии Оҷонсии Тоҷикистон, соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 4 тоннаву 237 кило маводи мухаддир боздошт шудааст, ки тавассути марзи миёни ду кишвар ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Ахиран маҷаллаи “The Economist”, чопи Лондон, бо такя ба маълумоти СММ навишт, соле дар Афғонистон то 90 тонна маводи мухаддир тавлид мешавад, ки 30 дарсади он тавассути марзи миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қочоқ мешавад.

Барои ташдиди мубориза бо маводи мухаддир ва назорат бар марз моҳи августи соли гузашта ба мувофиқатномаи миёни Амрикову Тоҷикистон иловаҳо ворид шуд. Тибқи ин мувофиқатнома Амрико ба арзиши 7 миллион доллар барои харидории таҷҳизот ба Тоҷикистон кӯмак иловагӣ медиҳад. Ин таҷҳизот барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир тавассути марз истифода мешавад.

Гузашта аз ин, моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон ба тавофуқ расиданд, ки дар шаҳри Душанбе маркази муштараки минтақавӣ барои омода кардани амалиёти муштарак ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG