Иҷлосияи ғайринавбатии Хоруғ беруншавии нерӯҳоро баррасӣ мекунад

Тазоҳуроти сокинон дар Хоруғ

Садҳо тазоҳургари майдони "Ваҳдат" то анҷоми иҷлосия дар майдон хоҳанд монд.
Бино ба охирин хабари расида аз Хоруғ, фардо, панҷшанбе, 23-юми август иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Дар ин бора як вакили маҳаллӣ ба аҳли тазоҳурот дар маркази шаҳр хабар додааст. Ба ин нишаст се вазири қудратӣ низ даъват шудаанд ва қарор аст, дар иҷлосия ду масъала баррасӣ шавад: хуруҷи нирӯҳои ҳукуматӣ аз қаламрави Хоруғ ва қонунӣ кардани намоишҳои эътирозӣ. Гирдиҳамомадагон дар маркази шаҳр гуфтаанд, то анҷоми иҷлосия дар майдон хоҳанд монд. Дар ин бора як манбаи мӯътамади радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ хабар дод.


Манбаи "Озодӣ" мегӯяд, талаби ягонаи тазоҳуркунандагон ин аст, ки нерӯҳои давлатӣ бояд қаламрави шаҳрро тарк намоянд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин гирдиҳамоӣ нисбат ба тазоҳуротҳои қаблӣ хеле ҳам густурдатар аст. Агар дар гирдиҳамоиҳои гузашта бештар занон ва ҷавонон ширкат меварзиданд, дар гирдиҳамоии кунунӣ ба шумули занон ва ҷавонон, инчунин кормандони идораҳои давлатӣ ва рӯшанфикрон ҳам ширкат доранд. "Як тафовути назарраси ин гирдиҳамоӣ дар он аст, ки сокинони Хоруғ ин навбат бо хонаводаҳояшон дар майдон ҷамъ шудаанд".

Ба назари тазоҳуроткунандагон, шахси силоҳдор новобаста аз он, ки ба кадом ҷониб, чӣ аз ҷониби ҳукумат ва чи ҷониби дигар вобаста аст, барои ҷомеа хатар дорад ва ҳодисаи қатли Имомназар Имомназаров исбот кард, ки вуҷуди онҳо барои амнияти шаҳрвандон хатарҳоеро дар пай дорад.

Манбаи Озодӣ дар Хоруғ мегӯяд, ки ба гирдиҳамомадагони Хоруғ, инчунин мардум аз навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва водии Язғулом пайвастаанд.

Гурӯҳе аз эътирозгар мегӯянд, агар нерӯҳои хориҷ нашаванд, "онҳо ба кӯҳҳо хоҳанд баромад ва дар муқобили нерӯҳои давлатӣ бо истифода аз сангу чӯб истодагарӣ хоҳанд кард". Як манбаи наздик ба Радиои Озодӣ дар маркази Бадахшон гуфт, то нимаи аввали рӯз касе аз масъулони намояндагони давлат ба назди тазоҳурокунандагон ҳозир нашудааст.

Ин тазоҳуроти сокинони Хоруғ ба дунболи кушта шудани Имомназар Имомназаров, аз фармондеҳони собиқи ИНОТ, сурат мегирад. Бо вуҷуди он ки ҷасади ин фармондеҳ ба хок супорида шудааст, вале тазоҳуроти мардум идома дорад ва ҳазорон нафар дар майдони "Ваҳдат"-и шаҳри Хоруғ таҷаммӯъ кардаанд. Манбаи мо мегӯяд, як гурӯҳи мардум бо қасди ширкат дар тазоҳуроти Хоруғ аз Рӯшон ва деҳоти атрофи Хоруғ низ равонаи маркази шаҳр шудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, мардуми Хоруғ ба нишони эътироз ва адами эътимод ба ҳукумати Тоҷикистон бо буридани дарахтҳо дар саргаҳи кӯчаҳо сангарҳо месозанд. Субҳи имрӯз, 22-юми август, беш аз се ҳазор сокини Хоруғ дар рӯбарӯи бинои шаҳрдорӣ, ҷамъ омада, ҷасади Имомназар Имомназаров, яке аз чаҳор фармондеҳи мухолифон дар Бадахшонро ҳам бо худ оварда буданд. Онҳо гуфтанд, ки ин корро ба нишони эътироз алайҳи "аҳдшикании мақомот" кардаанд. Зеро ба қавли тазоҳургарон, "шикор"-и Имомназаров кафолати таъмини амнияти онҳоро зери суол бурда, ба таҳлука андохтааст. "Тамоми силоҳро супурдем ва танҳо даст дорем. Дар сурати ҷилавгирӣ нашудан аз идомаи хушунатҳо бо дасти холӣ ҳам муқобилат хоҳем кард",-гуфтаанд эътирозгарон ба манбаи "Озодӣ".

Имомназар Имомназаров

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, гурӯҳи бузурги сокинони Хоруғ ба дунболи кушта шудани лидери ғайрирасмии минтақа Имомназар Имомназаров ба кӯчаҳои шаҳр баромада, дару тирезаҳои бинои мақомоти вилояти Бадахшонро шикастаанд. Манбаи "Озодӣ" дар Хоруғ, ки ин ҳодисаҳоро мушоҳида кардааст, мегӯяд, нерӯҳои ҳукуматӣ барои пахш кардани эътирози мардум ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Дар ин ҳодиса се сокини Хоруғ ҷароҳат бардоштаанд. Гурӯҳи 20-нафарии миёнрав дар қазияи Хоруғ гуфтаанд, танҳо бо дахолати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкони ҳалли масъала вуҷуд дорад, вагарна вазъият аз контрол берун хоҳад баромад.

Соати 4-и субҳ (22-юми август) афроди номаълум ба манзили Имомназар Имомназаров норинҷак партоб ва бо автомат тир холӣ кардаанд, ки дар натиҷа худи ӯ кушта ва бародараш маҷрӯҳ шудааст. Манбаи "Озодӣ", ки аз ҷойи ҳодиса дидан кардааст, мегӯяд, дар наздикии ҳавлии Имомназар мардуми зиёде гирд омадаанд. Шоҳидон ба ӯ гуфтаанд, ки садои таркиши норинҷак ва тирпарронии кӯтоҳмуддат яктарафа садо дода, Имомназар ва афроди гирду атрофаш муқобилият нишон надодаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи куштори Имомназаров чизе нагуфтаанд.

Куштори Имомназар дар ҳоле сурат гирифт, ки вай қаблан ба хабаргузориҳо гуфта буд, бо мусоидати Бунёди Оғохон ва даъвати мақомоти қудратии кишвар бо ваъдаи афв кулли силоҳашро то тири охирин супурдааст. Имомназар бемории қанд дошта, рӯзҳои охирро дар бистар мегузаронд.

Аъзои гурӯҳи 20-нафарии миёнрав дар қазияи Хоруғ ин кушторро маҳкум карда, онро "аҳдшиканӣ" хонданд ва гуфтанд, барои куштори шахси бесилоҳ ва бемор, ки пас аз амалиёти Хоруғ бо бархе аз вазирони қудратӣ ҳам мулоқот дошт, зарурате мавҷуд набуд. Зеро фармондеҳони собиқ, аз ҷумла Имомназар Имомназаров бидуни мушкилот барои пурсиш ба назди намояндаи Додситонии кулл ҳозир мешуданд.

Аммо мақомоти умури дохилии шаҳри Хоруғ мегӯянд, ангезаҳои куштор ҳанӯз маълум нашуда ва танҳо таҳқиқи ҳамтарафаи ҳодиса ошкор хоҳад сохт, ки дар куштори собиқ фармондеҳи мухолифин кадом гурӯҳе даст доштааст.

Имомназар Имомнзаров, яке аз чаҳор раҳбарони ба гуфтаи мақомот гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон буд, ки ба маҳзи кушта шудани генерал Абдулло Назаров дар нимаи дувуми моҳи июли соли ҷорӣ ангушти иттиҳом ба сӯяш дароз карда шуд. Мақомот дар қатори Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов ӯро низ дар қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва ҳам барнагардондани қарзҳои бонкӣ муттаҳам донистанд.