Рақсҳои Амрикои Лотин саҳнаи рақси арабиро дар Тоҷикистон танг мекунанд.
Федератсияи рақсҳои варзишии Тоҷикистон, ки ахиран дар кишвар таъсис ёфтааст, ба ҷавонони серҳаракат ва ҳам дӯстдорони рақсҳои муосир 10 навъи рақсҳои варзиширо омӯзиш медиҳад, ки мураккабтарини онҳо рақси Амрикои Лотин маҳсуб мешавад.
Азиза Қаюмова, раҳбари федератсияи мазкур мегӯяд, аксаран ҷавонони пешрафта маҳз ба рақсҳои варзишӣ бартарӣ медиҳанд. Ин навъи рақсҳо бештар чусту чолокӣ, мушакҳои пурқувват ва ҷисми обутобёфтаро талаб мекунад. Хонум Азиза мегӯяд, "вақте мо таълими рақсҳои варзиширо дар кишвар шурӯъ кардем, хоҳишмандон чандон зиёд набуданд. Зеро дар мавриди рақсҳои лотинӣ-амрикоӣ маълумот надоштанд. Мо ба оҳистагӣ гурӯҳҳое, ки дар он духтарону занон машқи расқи арабӣ мекарданд, ба лотинӣ-амрикоӣ табдил додем. Ҳоло ин навъи рақс талабгорони зиёд дорад, ҳамчунин дар байни ҷавонписарон низ. Фикр мекунам, баъд аз як соли дигар ин равия дар кишвар ҷоий рақсҳои арабиро хоҳад гирифт."
Қарор аст, ҳафтаи оянда нахустин сабқати ҷумҳуриявии раққосони лотинӣ-амрикоӣ дар Душанбе доир гардад ва аз миёни онҳо беҳтаринҳо ба тими миллӣ дохил хоҳанд шуд. Азиза Қаюмова мегӯяд, баъдан ҳамин тим дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард. Хонум Азиза афзуд, "моҳи июн дар Норвегия бо президенти Ассосиатсияи байналмилалии рақсҳои варзишӣ мулоқот доштам ва дар ҷаласаи умумӣ, федератсияи мо ба аъзогии ин ассосиатсия пазируфта шуд. Ин ба он маънист, ки ҳамакнун Тоҷикистон низ ҳаққи ширкат дар сабқатҳои банйлмилалиии рақсҳоро пайдо кард."
Гуфтанист, Федератсияи рақсҳои варзишии Тоҷикистон, дар асоси студияи рақсии "Қарни нав" ташкил ёфтааст, ки он бештар аз як сол ба ин сӯ дар кишвар фаъолият мекунад. Ҳоли ҳозир дар ин студия наздики 80 нафар аз хоҳишмандони синну соли мухталиф се бор дар ҳафта бар ивази аз 100 то 200 сомонӣ рақсҳои Амрикои лотинӣ, ҳип-ҳоп, брейк-данс, тик-тоник ва ғайраро аз худ мекунанд.
Нисо Қаюмова, яке аз муассисони ин студияи рақсӣ мегӯяд, "дар аввал хеле барои мо мушкил буд, аммо ҳоло роҳаттар шудааст. Чун мегуфтанд рақсидан чӣ лозим. Ҳоло ҷомеаи мо дарк кард, ки ин рақс воқеан душвор аст ва на ҳар кас аз ӯҳдааш мебарояд. Нафарони зиёде худро номнавис мекунанд. Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки писарони тоҷик ба рақсҳои Амрикои лотинӣ таваҷҷӯҳ кунанд. Аммо ҳоло мебинам, ки бо ҳамроҳи худ ҳамсаронашонро меоранд, якҷоя мерақсанд. Ин хеле зебо ва тамошобоб аст."
Нисо Қаюмова илова кард, онҳое, ки бо рақсҳои варзишӣ ва махсусан бо рақси Амрикои лотинӣ машғуланд, дорои қомати зебо ва ҳаракатҳои мавзунанд, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор доранд. Онҳо дар ҳама ҳолат худро озоду роҳат эҳсос мекунанд. Аз ҳама муҳим таъкид мекунад Нисо Қаюмова, саломатии худро дар як сатҳ нигоҳ медоранд.
Шаҳноза, як модари ҷавон, ки духтари 6-солааш муддатест, рақси Амрикои лотиниро тамрин мекунад, мегӯяд, баъд аз ошноӣ бо ин шуғл фарзандаш нисбатан ором шудааст ва дар хона низ камтар даву тоз мекунад. Вай афзуд, "ӯ ҳар субҳ аз хоб мехезад ва бо майли том ба толори рақсӣ меравад. Ҳарчанд вай пурэнерҷист, баъд аз машқи рақс аллакай ба хона хаста меояд ва маъумулан ба хондану расм кашидан мепардозад. Дар ин ҳолат ҳам асабҳои ман ором аст ва ҳам духтарам зебопарсату мавзунқомат ба воя мерасад."
Гуфта мешавад, ҳоло дар студияи рақсии "Қарни нав" як гурӯҳи 15-нафарии устодони рақсҳои Амрикои Лотин омода шудаанд. Масъулони Федератсияи рақсҳои варзишӣ мутмаинанд, бо пайдо кардани сарпараст, аллакай дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ин раққосон дар сабқати байналмилаии рақс, ки дар Олмон доир мешавад, метавонанд Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.