Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди фароизи исломӣ дар таронаҳои рэпсароён


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Агар дар гузашта баъзан овозхонҳои попи Тоҷикистон таронаҳои мазҳабӣ иҷро мекарданд, акнун рэпсароён ҳам ба иҷрои ин навъи таронаҳо рӯ овардаанд.

"Фарзро қазо накун,
Пушаймон мешавӣ оқибат..."


Ахиран як гурӯҳи рэпсарои Тоҷикистон, ки номи аслии онҳо маълум нест, таронаи исломиеро бо номи “Ло илоҳа илаллоҳ” ба иҷро расондаанд. Дар ин тарона, ки ба иҷрои фароизи динӣ таъкид мешавад, аз он ки "аксари сокинон дар консертҳо иштирок мекунанду вале аз рафтан ба масҷид худдорӣ меварзанд ё баҳона меҷӯянд", нигаронӣ шудааст.

Маҳбуби Ганҷаалӣ, шореҳи мусиқии тоҷик, мегӯяд, дар муқоиса ба ду ё се соли пеш, воқеан, сафи онҳое, ки таронаҳои мазҳабиро иҷро мекунанд, афзудааст. Аммо ӯ гуфт, агар 30 дарсад аз ин гурӯҳи овозхонҳо самимона таронаҳои мазҳабиро бихонанд, 70 дарсади дигар мехоҳанд бо иҷрои чунин таронаҳо миёни сокинон маҳбубият касб бикунанд.

То кунун аз овозхонҳои ҷавони Тоҷикистон Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек ҳам таронаҳои мазҳабӣ иҷро кардаанд. Агар Садриддини Наҷмиддин таронаеро бо номи “Ё Муҳаммад” ба иҷро расонида бошад, Ҷонибеку Шабнам талош кардаанд, то таронаи “Аллоҳу”-ро ба мухлисони худ бирасонанд.

Аммо Парвина Шукруллоева, ки суруди “Алмуаллим”-и Самӣ Юсуфро бозхонӣ мекард, ба далели ин ки либосҳои мувофиқ ба дини Исломро надошт, бо интиқоди шадиди диндорон рӯбарӯ шуд. Ба ин далел, Шабнами Сурайё ҳангоми ҳамроҳи Ҷонибек иҷро кардани оҳанги "Аллоҳу" либоси назар ба боқӣ либосҳои саҳнавиаш хеле хоксоронатар ба тан кардаву ба сараш рӯймоли дароз ҳам андохт.

Овозхонҳои дигаре ҳам чун Меҳрубони Равшан расман эълон карда буданд, ки танҳо таронаҳои мазҳабӣ иҷро хоҳанд кард. Ҷаноби Равшан пас аз марги дӯсташ, овозхони тоҷик Суҳроби Сафарзод гуфт, дигар аз иҷрои таронаҳои сабук ва ё шӯх, ки дар ҳавои он мардум рақсу бозӣ мекунанд, даст кашида, рӯ ба таронаҳои мазҳабӣ меорад.

Мавзӯи иҷрои таронаҳои мазҳабӣ дар ҳолест, ки мусиқӣ дар дини Ислом ҳанӯз ҳам аз мавзӯъҳои баҳсбарангез аст. Бархӯрди манфӣ ба мусиқӣ аз тарафи мусулмонони Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 1990-ум зимни даъватҳои манъи таронаву рақс дар арӯсиҳо ва иваз кардани онҳо бо ваъзу наът ё сӯҳбатҳо аз "Қуръон"- у "Ҳадис" садо додаанд.

Баъд аз ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон чунин даъватҳо коҳиш ёфтанд, вале солҳои охир насли ҷавони исломгароёни тоҷик дар паёмҳои худ мусиқиро ҳаром мешуморанд. Бо ин ҳол, гурӯҳе аз рӯҳониён таронаҳоеро, ки дар он Худову расулаш васф мешаванд, қабул дошта ва онро роҳи дигари таблиғи дин дар миёни ҷавонон медонанд.
XS
SM
MD
LG