Ин танишҳо ҳама мегузаранд, вале ҳамин садост, ки мемонад. Садои ширадори Рустам Дулоев - нахустин хатмкардаи тоҷики Академияи ҳунари опера дар Озимои Итолиё ва нахустин овозхони опера аз Тоҷикистон, ки дар саҳнаи театри шӯҳратёри Ла Скала дар Милан – яке аз пойтахтҳои аслии операи ҷаҳонӣ – намои ҳунар кардааст.
Гули худрӯ дар боғи опера
Овозхонҳои операро дар ҷаҳон маъмулан аз овони тифлӣ тарбия мекунанд, онҳоро аз хурдсолӣ бо барномаҳои вижаи таълиму тамрини садо фаро мегиранд.
Аммо Рустам Дулоев дар ин боғ як гули худрӯст. Ӯ, ки соли 1968 дар рустои Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба дунё омада, дар шароити русто ба воя расидааст, то расидан ба курсии донишҷӯӣ дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Душанбе фақат таронаҳои мардумӣ мехонд ва, ба иқрори худаш, аслан бӯе аз опера набурда буд: “Ман дар аввал таронаҳои мардумиро мехондам ва ҳеҷ фикрам набуд, ки овозхони опера мешавам. Вале вақте ба Душанбе омадам ва таҳти раҳбарии ҳунарманди марҳум Авнер Муллоқандов таҳсил гирифтам, ҳамин устодам маро бисёр ташвиқ кард, ки овозу маҳорати ман барои санъати опера хеле созгор аст. Маҳз бо ҳидояти устод Муллоқандов ишқу муҳаббати опера дар дили ман роҳ ёфт.”
Зимнан дар вақташ равоншод Аҳмад Бобоқулов айни пешниҳодро ба Давлатманди Хол низ карда буд. Қиссаро аз забони худи Давлатманди Хол мешунавем: “Пешниҳод карда буданд. Вале баъди онки Аҳмад Бобоқулов чунин пешниҳод кард, аз донишкадаи Гнесини Маскав омада, садои маро санҷиданд. Онҳо гуфтанд, ки ин худ постановкаи модарзодӣ дорад. Ҳеҷ лозим нест шикаста, вайрон кардани постановкаи садои Давлатманд. Монед, бошад.”
Давлатманди Хол дар ниҳоят дар хондани таронаҳои суннатӣ забардаст шуд, аммо Рустам Дулоев бо тавсияи устодаш рӯ ба опера овард. Баъди хатми донишкадаи ҳунарҳои зебо ӯ таҳсилашро дар консерваторияҳои Тошканду Маскав идома дод. Вале боз ҳам иктифо накард ва соли 1996, дар як озмуни байналмилалӣ аз байни 52 довталаб танҳо нафаре аз Шӯравии собиқ шуд, ки барои омӯхтани сабки белканто, як сабки маъруфи хондани опера ба “Анкона” - Академияи ҳунари опера дар Озимои Итолиё - роҳхат гирифт.
Сафари Итолиё барои омӯхтани белканто
Bel canto аз итолиёӣ ҳамчун “хондани зебо” тарҷума мешавад ва дар ин сабк силоҳи асосии хонанда садои ӯст. Садои пуршира ва худододе, ки Рустам Дулоев дорад, ӯро нахустин хатмкардаи ин мактаби мӯътабари операи ҷаҳонӣ кард ва роҳи бузургтарин саҳнаҳои операи дунё, аз ҷумла театри Ла Скала дар Милани Итолиё, Болшой Театри Маскав ва ширкати театрии “Тиасос”-и Лондонро барояш кушод. Дар ҳар сурат, ӯ нахустин хонандаи тоҷик аст, ки ҳанӯз 8 сол пеш бори аввал дар саҳнаи Ла Скала намои ҳунар кард.
Рустам Дулоев, ки акнун зиндагиаш байни Тоҷикистон ва Аврупо ду тақсим шудааст, мегӯяд, тайи ин 15 соли мусофирати доим аз устодони аввали операи дунё сабақ омӯхт, ки худ як ганҷи ноёб аст: “Як устоди ман дар Академияи Озимо маэстро Тонини буд, ки аз устодони беҳтарини театри Ла Скала ва муаллими яке аз хонандагони беҳтари дунё Мария Калас ӯст. Калас ҳар боре ба Милан меомад, фақат дар манзили маэстро Тонини рафта, дарс мегирифт. Ман ҳам, хушбахтона, дар академия аз чунин устод дарс гирифтам. Устодони дигари мо маэстро Милани буд, маэсторо Сигаллини, Антонио Нуварра ва ҳам овозхони булғорӣ Раина Кабаиванска. Мактабе, ки ин устодони бузург ба ман доданд, фикр мекунам, ман ҳамчун як фарди тоҷик хушбахттарин будаам, ки аз ин устодон сабақ омӯхтам.”
Дар ҳалқаи дарсии Пласидо Доминго
Рустам Дулоев ҳунарпешаест ҳамеша дар такопӯву ҷустуҷӯ ва аз пайи омӯзиш. Соли 2006, ӯ бо истифода аз сафари ҳунариаш ба Амрико дар Ню-Йорк як муддат пеши маэстро Франко Иглесиас – устоди овози яке аз ситораҳои аввали операи муосир Пласидо Доминго – сабақ мегирад. Ӯ мегӯяд, дар Итолиё ҳам ҳар сол барои сайқали ҳунар аз худи Пласидо Доминго низ машварат мегирад.
Шамсӣ Низомов, коргардони собиқадори театри Айнӣ мегӯяд, як сирри муваффақияти Рустам Дулоев садои ӯст, ки бо пардаи баландаш дар байни овозхонҳои мард хеле камчин аст: “Овози бисёр пурқуввати тенори драматикӣ дорад. Ин овоз дар ҳақиқат бисёр камчину ноёб аст байни мардҳо. Овози Рустам дар ҳамаи пардаҳо, дар ҳамаи бутҳои мусиқӣ пурраву аниқ ва бе ягон нуқсу камбудӣ садо медиҳад. Аз ин рӯ, барои иҷрои партияҳо ё нақшҳо аз операҳои классикӣ, масалан “Аида”-ву “Трубадур”-и Ҷузеппе Верди, ва дигар операҳое, ки барои овозҳои тенори драматикӣ эҷод шудаанд, овози Рустам, албатта, бисёр муносиб мебошад.”
Кӯлбори эҷодии Дулоев: Аз “Аида” то “Тоска”
Албатта, кӯлбори эҷодии ҳар ҳунармандро асосан таронаҳову нақшҳои иҷрокардааш зиннат медиҳад. Аммо ҳунармандони мо дар хориҷ то куҷо ҷои по пайдо кардаанд? Рустам Дулоев мегӯяд, ба ҷуз аз ширкаташ дар як консерт дар Ла Скала дар соли 2003 чанд нақши асосӣ ҳам аз кор дар Аврупо дар кӯлбор дорад: “Дар Аврупо ман чандин нақш офаридам сар карда аз “Аида”-и Верди то “Тоска”-и Пучини. Дар “Аида” нақши Радамес, дар “Риголетто” Гертсогро ва дар “Травиата” Алфредоро бозӣ кардам. Се сол пеш ман дар операи “Тоска”-и Ҷакомо Пучини нақши асосии Марио Каварадоссиро хондам ва бо ин опера аз Итолиё сар карда, то охирин намоиши мо, ки дар Лондон буд, тамоми Аврупоро сафар кардем. Ин як ҷашнвораи бузург буд, ки мо – 5 нафар – барои он интихоб шудем: як нафар аз Ҷопон, яке аз Корея, ду нафар аз Итолиё ва танҳо ман – аз Тоҷикистон. Ин як сафари таърихӣ ва фаромӯшношуданист барои ман.”
Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?
Далели рӯ ба кӯи ғурбат ниҳодани ин ҳунармандон ҳамонест, ки ҳанӯз Бедил мегуфт: “Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?
Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад.”
Опера ва балет дар замони Шӯравӣ ҳам дар Тоҷикистон тамошобини зиёд надошт, балки як навъи ҳунари барои мардуми хос боқӣ монд ва ҷузъи фарҳанги ҳамагонии мардум нашуд. Аммо баъди солҳои 90, вақте аксари мардуми русзабон кӯч баст, тамошобини операву балет дар Тоҷикистон дигар бо як бахши кӯчаки аҳли зиё ва хориҷиён маҳдуд шуд. Толорҳои холӣ, маоши ночиз, ки ҳатто ба гузарони зиндагии ҳунармандон намерасид, ва адами маблағгузорӣ боис шуд, ки ситораҳои аввали театри Айнӣ ба суроғи тамошобини бештару як зиндагии беҳтар тарки Душанбе кунанд.
Бозгашт ба “Фалак” ва таронаҳои Акашариф
Рустам Дулоев мегӯяд, ишқи операву балет ва анвоъи дигари санъати асили академиро бояд ҳанӯз аз мактаб дар дили мардум андохт ва насли нави тамошобинро тарбия кард, вале феълан ба хондани таронаҳои суннатӣ рӯ овардани ӯву овозхонҳои дигари опера низ талоше барои ба халқ наздик кардани овозхонии академист: “Ман таронаҳои халқиро аз хурдӣ мехондам ва ҳеҷ гоҳ бе ёди инҳо набудам. Вале мақсади ман аст, ки бо ҳамин роҳ дар дили мардум мусиқии аврупоиро ҷо кунем. Мардумро бояд бифаҳмем. Ин аз тарбия вобаста аст. Ман соли дуввум аст, ки дар Душанбе консерт медиҳам. Имсол толор назар ба соли қаблӣ пуртар буд. Фикр мекунам, мардуми мо низ бедор шуда истодааст ва оҳиста-оҳиста ба фаҳми ин навъи санъат ҳам хоҳад расид.”
Рустам Дулоевро на арияҳо аз операҳои итолиёӣ, балки бештар ҳамин чанд таронаи халқӣ ва таронаҳои касбии дар гузашта хеле маъруф , чун “Республикаи ман”, ки дар қадим Аҳмад Бобоқулов иҷро мекард, ё “Аз ману сомони ман”, ки дар вақташ Акашариф Ҷӯраев мехонд, ба ҷомиаи Тоҷикистон ошно кард. Овозхони маъруф Қурбоналии Абдуллоҳ, ки дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо ҳамзамон бо Рустам Дулоев таҳсил кардааст, мегӯяд, таронаҳои суннатиро дар иҷрои ҳамсабақи пешинаш хеле бо ҳавас гӯш мекунад: “Чанд таронаи мардумӣ, ки аз устод Акашариф Ҷӯраев мехонад, дар дараҷаи бисёр хуб иҷро мекунад. Садои бисёр баланду рӯшан дорад. Баъдан худи садои ӯ, ҳангоме ки дар авҷ таронахонӣ мекунад, яъне дар пардаи боло, садои Рустам Дулоев дар қисмати нимавҷ ва авҷ бисёр рӯшан садо медиҳад ва хеле дилчасп аст.”
Аммо Давлатманди Хол, аз устодони сабки “Фалак” бо зикри тавоноиҳои ҳунарии Рустам Дулоев мегӯяд, “Фалак”-хонии ӯ дар маҷрои якпардаии аврупоист, на дар шакли асили чаҳорякпардаӣ: “Хонандаи хуб аст. Садои хуб ҳам дорад. Аз як октава болотар, якуним октава масоҳати овозхонӣ дорад. На ҳар кас ин қадар фосилаи садо дошта метавонад. Аммо як-ду мавриде, ки “Фалак” хонд, дар шакли маъмулии якпардаӣ, яъне дар шакли гаммаи аврупоӣ буд. “Фалак”-ро дар маҷрои асили чаҳорякпардаияш аксари ҳунармандони тоҷик, ҳатто 90 фоизи “Фалак”-хонҳо хонда наметавонанд. Хеле сахт аст ин.”
Чаро Дулоев?
Аммо чаро Дулоев? Рустам Дулоев мегӯяд, таърихи ин исми хонаводагии нодире, ки ӯ дорад, бармегардад ба даврони Шӯравӣ. Дар он даврон “атеизми ҷанговар” сиёсати давлат буд ва мақомот ҳаддалимкон кӯшиш мекарданд, ки номҳои ба сурате ба дини Ислому паёмбараш алоқамандро ҳазф ва барои мисол, аз Муҳаммадраҳим фақат Раҳимро дар аснод боқӣ гузоранд, ё аз Шарофуддин фақат Шарофро.
Рустам Дулоев мегӯяд, як мақоме дар навишти исми хонаводагии онҳо ба ҷои салла калла оварда, чунин исми булаҷаб ва бемисле барои хонаводаи онҳо сохтааст: “Дар давраи Шӯравӣ номҳои тӯлониро хуш надоштанд. Аслан номи бобои ман Муҳаммадуллоҳ буд. Дароз нашавад гуфта, “Муҳаммад”-ашро партофта, фақат “Дулоев”-ро монданд. Ҳамин хел ними номро партофтанд. Вагарна ман бояд Рустам Назриевич Муҳаммадуллоев бошам. Ҳоло фикр дорам, ки номамро иваз кунам ё не. Аммо ба назарам, дигар ҳоҷат ҳам нест. Худаш ҳам дар Тоҷикистон тақрибан ягона аст.”
5 меваи дигари умри Рустам Дулоев
Меваи умри Рустам Дулоев нафақат ин нақшҳову таронаҳоест, ки мехонад, балки давоми зиндагии ӯ 5 фарзандаш - Сӯҳробу Фирӯз, Дилбару Дилноза ва Парвиз ҳам ҳаст, ки аз 22 то 9 сол синн доранд. Сӯҳроб дар донишгоҳи тиҷории Милан таҳсил мекунад ва маълум нест, ки оё кадоме аз фарзандони Рустам Дулоев касби падарро пеша хоҳад кард ё на.
Аммо нақше ки ин ҳунарманди 43-сола дар пешрафт ва муаррифии опера ва овозхонии академии тоҷик гузоштааст, андак нест. Шамсӣ Низомов мегӯяд, ҷои Рустам Дулоев дар театри Айнӣ ҳамеша холист, вале ин ифтихори онҳост, ки Рустам ба намояндагӣ аз фарҳанги Тоҷикистон дар баландтарин саҳнаҳои театрии Аврупо бо ситораҳои аввали операи ҷаҳонӣ зӯри бозу меозмояд.
Дар Тоҷикистон маъмулан фақат баъди унвони “Ҳунарманди шоиста” метавон умеди “Ҳунарманди мардумӣ” - олитарин унвони ҳунарии ин кишвар кард. Рустам Дулоев аз ангуштшумор афродест, ки якбора Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон шуд. Аммо худи ӯ баландтарин ҷоизаро барои худ толори назар ба консерти як соли пешаш аз тамошобин хеле пуртари театри опера ва балет дар консерти рӯзи 15 ноябр медонад.

Аз труппаи як замон пуровозаи театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе Рустам Дулоев танҳо нафаре нест, ки баъди солҳои 90 рӯ ба ғурбат овард. Адҳам Холиқов низ дар Милани Итолиё кору зиндагӣ мекунад. Музаффар Бурҳонов, ки як замон дар саҳнаи театри Айнӣ бо Малика Собирова мерақсид, акнун дар Олмон дарси рақс медиҳад.