Ихтиёриён дар постгоҳҳои Хоруғ ба ҷои сарбозон

Манобеи вазорати умури дохила таъйид карданд, ки сарбозонро дар постҳои муштараки БДА дар Хоруғ, ихтиёриён иваз мекунанд.
Ба гуфтаи ин манобеъ, дар ин бора байни гурӯҳи миёнарави 20 - нафарӣ ва ассотсиатсия ташкилотҳои маҳаллаҳои шаҳр бо номи «Маслиҳат» мувофиқа ҳосил шудааст ва ҳамакунун ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон ба иҷрои вазифа шурӯъ карданд. Зарурати таъмини амнияти шаҳрвандон, боиси ин иқдом шудааст.

Ба гуфтаи узви ассотсиатсияи «Маслиҳат» Пайшанбе Хӯҷаназаров, зарурати иваз намудани сарбозон дар постҳои муштараки БДА пас аз ҳодисаи рӯзи 10-уми август дар пости Бидурд, ки дар он аз тирандозии як сарбоз ду нафар мусофири автомашинаи сабукрав ба ҳалокат расиданд, ба миён омад.

Ба гуфтаи манобеъ, дар шаҳр шаш постгоҳи муштараки БДА ва низомиён амал мекунанд ва акнун ба ҷойи сарбозон дар ҳар яке аз ин постгоҳҳо ду нафарӣ ихтиёриён бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба дидбонӣ пардохтанд.

Ба гуфтаи оқои Хуҷаназаров, ихтиёриён шаҳр ва сокинонро хуб мешиносанд ва метавонанд бе садои тир дар ба низом даровардани ҳаракати нақлиёт ва ба муҷозот кашидани вайронкунандагони ҳаракати нақлиёт, саҳм гузоранд.

ВАЗИРИ ДИФОЪ СОКИНОНИ ХОРУҒРО БА ОРОМӢ ДАЪВАТ КАРД

Шералӣ Хайруллоев шаби 13-уми август аз тариқи телевизиони Бадахшон мардуми ин минтақаро ба оромӣ даъват кардааст.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як хабарнигори телевизиони Бадахшон рӯзи сешанбе, 14-уми август, хабар дод. Вай гуфт, ҳамроҳи вазири дифоъ муовини додситони кулли Тоҷикистон - Абдуқодир Муҳаммадиев ва додситони Бадахшон - Арбобов низ ба студияи телевизион омада, доир ба идомаи таҳқиқи ҳодисаи рӯзи 10-уми август дар маҳалли Бидурди даромадгоҳи Хоруғ сӯҳбат карданд.

Онҳо аз ҷумла гуфтаанд, барои таҳқиқи ин ҳодиса, ки боиси ҳалокати ду сокини Хоруғ шуд, гурӯҳи ҷустуҷӯии махсус аз ҳисоби ходимони додситонии вилоят таъсис дода шудааст.

Таъсиси гурӯҳи вижа (махсус) яке аз талабҳои гирдиҳамомадагони рӯзи 11-уми август буд. Онҳо пешниҳод карда буданд, ки агар гурӯҳи махсус барои таҳқиқи ин ҳодиса созмон дода нашавад, ба гирдиҳамоии худ дар рӯзи чаҳоршанбе идома хоҳанд дод.

Зимнан, вазири дифои Тоҷикистон дар сӯҳбати телевизионии худ гуфтааст, рӯзи якшанбе (12-уми август) 200 нафар сарбозони ҷузъу томҳои ҳукуматӣ, бо шумули нерӯҳои десантӣ аз Хоруғ берун оварда шудааст.

Рӯзи 10-уми август дар маҳалли Бидурди даромадгоҳи Хоруғ аз тири нерӯҳои ҳукуматӣ Воҳид Мамадиков, донишҷӯ ва сокини дигар Рашид Мастибеков дар беморхона ҷон дода ва як нафари дигар захмӣ шуда буд.

Онҳо вақте мавриди тирборон қарор гирифтанд, ки бо мошин посгоҳро гузашта буданд. Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, онҳо ҳангоми убур аз посгоҳ ба ҷониби сарбозони ҳукуматӣ ҳарфи таҳқирро раво дидаанд, аз ин хотир, ахириҳо маҷбур шудаанд, ки ба онҳо оташ кушоянд.

Мақомоти додситонии вилоят дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Аммо ин манбаъ ронандаро айбдор кард, ки ба ишораи нозири роҳ таваҷҷӯҳ накарда, ҳаракатро идома додааст. Аммо сокинон мегӯянд, сарбоз бояд пеш аз нишон гирифтани автомашина, ба хотири огоҳ кардан ба ҳаво тир холӣ мекард. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи сокинон, Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) метавонист муҷримро бидуни тирандозӣ дар шаҳр дастгир ва муҷозот кунад.

Ба ин хотир, субҳи рӯзи 11-уми август дар майдони "Ваҳдат"-и шаҳри Хоруғ, дар рӯбарӯи бинои шаҳрдорӣ, зиёда аз 500 нафар аз ҷавонон таҷаммӯъ карданд. Гирдиҳамомадагон пас аз изҳори андешаҳо ва нигаронии худ аз ҳодиса, майдонро тарк карданд ва пароканда шуданд.