Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, Толиб Айёмбеков дишаб, 12-уми август, аз тариқи телевизиони маҳаллӣ ин иқдоми худро ба хотири таъмини сулҳ дар минтақа ва барқарории адолат дар таҳқиқи куштори генерал Абдулло Назаров маънидод намудааст.
Аммо Айёмбеков, ки ҳамакнун дар бемористон ба сар мебарад, худро гунаҳкор намедонад ва умедвор аст, таҳқиқи қазияи куштори генерал Назаров дар чаҳорчӯби қонун ва мурофиаи бозу шаффофи додгоҳӣ сурат хоҳад гирифт. Довталабона таслим шудани Толиб Айёмбеков ба мақомот дар ҳолест, ки ду рӯзи пеш бародар ва ронандааш - Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар низ бо миёнҷигарии гурӯҳи 20 нафарӣ худро ба ниҳодҳои давлатӣ таслим карданд.
Аммо Толиб Айёмбеков, тасмими худро аз тариқи телевизиони маҳаллӣ дар якшанбешаби 12-уми август, чунин эълом кард: "Ман тарафдори оромии вилоят ва тамоми ҷумҳурӣ ҳастам. Инак, худам ва бародаронамро ба мақомот ҳозир намуда, тайёрам дар назди қонун ва тафтишот ҷавоб гӯям. Мо тарафдори қонун будем ва тарафдори қонун мемонем."
Толиб Айёмбеков дар ин изҳороти телевизиониаш аз сиёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муддати 20 соли ахир пуштибонӣ карда ва аз сокинони шаҳри Хоруғ даъват ба амал овардааст, то силоҳҳои ғайриқонуниро таслими мақомот кунанд ва фирефтаи ҷинояткорон нашаванд. Аз изҳороти телевизионии Толиб Айёмбеков бар меояд, ки ин навор дар дохили бино бардошта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди мақомоти корҳои дохилии Бадахшон Толиб Айёмбеков ҳоло дар бемористон ба сар мебарад ва тавассути нерӯҳои ОМОН ва ё гурӯҳи таъиноти махсус назорат мешавад.
Бо он ки Айёмбеков худро таслими мақомот кардааст, вале вай мӯътақид аст, ки дар куштори генерал Абдулло Назаров даст надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ниҳодҳои зирабти давлатӣ, ба хусус додситонии кулл ӯро дар ҳодисаи қатли генерал Абдулло Назаров муттаҳам медонанд. Аммо Толиб дар суханрониаш тариқи телевизион гуфтааст, умедвор аст, қазия дар чаҳорчӯби қонун ва баррасии мунсифона, шафоф ва ошкор "дар додгоҳ ҳаллу фасл мегардад."
Бархе аз сокинон ва рӯшанфикрони Хоруғ аз довталабона таслим шудани Толиб Айёмбеков истиқбол карда ва онро "нишонаи тарафдории Бадахшон ба сулҳу субот" арзёбӣ карданд. Набот Додихудоева, раҳбари созмони иҷтимоии "Мадина" ва узви гурӯҳи 20- нафарӣ дар Хоруғ гуфт, "изҳороти Толиб Айёмбеков аз он шаҳодат медиҳад, ки худи онҳо ҳам тарафдори сиёсати ҳукуматанд ва ҳеҷ як бадахшонӣ тарафдори ҷанг нест. Он тавре ки дар расонаҳо менависанд, ки бадахшониҳо як хаёли сепаратистӣ доранд, ин тамоман дурӯғ аст. Зеро ҳеҷ як бадахшонӣ намехоҳад, ки аз Тоҷикистон ҷудо бошад."
Журналисти бадахшонӣ, Алишери Ҷунайд тасмими Толиб Айёмбековро ба маънии "поён додан ба хунрезӣ ва таъмини волоияти қонун дар Бадахшон" талаққӣ карда ва афзуд, "фикр мекунам, вай хост, то дигар барои нерӯҳои давлатӣ баҳона набошад ва дигар дар Бадахшон намонанад, ки боз хунрезӣ шавад."
Аммо бархе аз ҷавонон дар Хоруғ тасмими Толиб Айёмбековро ба навъи дигар шарҳ медиҳанд. Ҷовид, як ҷавони хоруғӣ мегӯяд, "ба фикри ман ихтиёрӣ ё довталабона таслим шудани Толиб Айёмбеков ба рӯҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Чун онҳо фикр мекунанд, ки дар ҳақиқат Толиб гунаҳкор аст."
Ин ҳам дар ҳолест, ки Толиб Айёмбеков дар изҳороти телвизиониаш мегӯяд, вай аз тарс худро таслими мақомот накардааст ва танҳо ба хотири сулҳу субот дар Бадахшон ба чунин иқдоме даст задааст ва бигузор мақомоти таҳқиқ кунанд ва ҳақро ба ҳақдор расонанд. Зимнан, Толиб Айёмбеков, маъруф ба "Толиб-командир", сарҳанги раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон аст, ки то шоми 21-уми июл зердасти генерал Абдулло Назаров, сарвари Раёсати КДАМ дар Бадахшон буд.
Аммо пас аз он шом ӯ гумонбар ба қатли раҳбари худ эълон шуд ва амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ дар маркази вилояти Бадахшон оғоз ёфт.
Бар асоси гузориши расмӣ, дар пайи ин амалиёт, ки ба таърихи 24-уми июл сурат гирфт, 42 нафар кушта шуданд, ки 12 нафари он аз неруҳои давлатӣ ва бақия аз афроди гурӯҳҳо мусаллаҳ будаанд. Аммо гузоришҳо аз кушта шудани афроди мулкӣ бар асари амалиёти неруҳои давлатӣ низ ҳикоят мекунад.