Ҳоло дар ҷаҳони Ислом ба ҷуз аз мазҳабҳо ё фирқаҳои мухталиф, гурӯҳҳои сиёсии исломӣ низ ташкил шудаанд.
Маркази таҳқиқотии Pew Research Center дар Ню-Йорк дар 39 кишвари мусулмоннишин назархоҳие анҷом додааст. Ин назархоҳӣ аз соли 2008-ум то соли 2012-ум давом карда, дар он тақрибан 38 ҳазор афроди синну солашон гуногун иштирок кардаанд. Дар ин назархоҳӣ аз саволи он ки "чаро занону мардон якхела намоз намехонанд", то "оё Шумо пайравони мазҳаби шиаро мусулмон медонед ё не" матраҳ шудааст. Натиҷаҳои ин назархоҳӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дин, яъне Ислом якест, аммо дар он ақидаҳо аз ҳам фарқ дорад.
Атовулло Қосимов, коршиноси масоили исломӣ дар Душанбе, низ тафриқаву ихтилофот дар дини мубини Исломро истисно намедонад ва мегӯяд: “Агар ба ҳадиси саҳеҳи паёмбар назар андозем, паёмбар мефармояд, ки фирқаҳо, насоро ба 72 ҷудо шудаанду Ислом ба 73 гурӯҳ ҷудо мешавад. Дар он сурат дида мешавад, ки паёмбари Худо дар замони худ огаҳ буд, ки ҳангоми паҳн шудани дин дар қабилаҳои мухталиф ҳама онро яксон фаҳмида наметавонанд.”
Суннӣ кисту шиа кӣ?
Дар аксар кишварҳои арабӣ назардиҳандагон бар ин ақидаанд, ки пайравони мазҳаби шиа мусулмонони воқеӣ нестанд. Масалан, дар Миср 53 дарсад, дар Марокаш 50 дарсад, дар Урдун 43 дарсад ва дар Тунис 41 дарсад пайравони шиаро мусулмон намешуморанд. Вале дар Ироқу Лубнон, ки аксари аҳолиашонро пайравони мазҳаби шиа ташкил мекунанд, пайравони шиаро мусулмонони комил медонанд.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он пайравони як шохаи мазҳаби шиа, яъне исмоилиҳо низ зиндагӣ мекунанд ва пайравони сунниву шиа байни худ фарқ намегузоранд. Фаррух Умаров, таҳлилгари масоили мазҳабӣ дар Душанбе мегӯяд, чунин муносибат аз давраи Шӯравӣ сарчашма мегирад: “Дар давраи Шӯравӣ раванди ташаккули миллӣ оғоз шуда буд ва дар ҳамин асос обурангҳои мазҳабие, ки пеш аз Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт, дар партави ҳамин идеология маҳв шуданд ва мардум худро пайрави ин ё он мазҳаб муаррифӣ намекарданд.”
Эътиқоду пойбандӣ ба Ислом
Тибқи назархоҳии анҷомшуда, дар кишварҳои Ховари Миёна аҳолии болотар аз синни 35 бештар ба дину мазҳаб эътиқоду боварӣ доранд. Аммо афроди поинтар аз синни 35 дар ҷараёни ин назархоҳӣ гуфтаанд, ки намози панҷвақтаро ҳар рӯз риоят намекунанд ё зуд-зуд бо қироати Қуръон машғул намешаванд ё камтар ба масҷид мераванд. Эътиқоду пойбандӣ ба Ислом дар байни ин ду насли Ховари Миёна аз ҳам фарқ дорад.
Дар миёни мусулмонони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказии Шӯравии пешин раванди баръакси он мушоҳида шудааст. Дар ин кишварҳо афроди поинтар аз синни 35 нисбат ба калонсолон худро ба дини Ислом наздиктар медонанд. Ба ақидаи коршиносон, баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар ин кишварҳо хало (холигоҳ)-и ақидатӣ ё идеологӣ ба вуҷуд омад ва ин халоро тадриҷан ақидаҳои мазҳабӣ ишғол кард.
Фаррух Умаров мегӯяд, дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир баъд аз зери чатри Карим Оғохони 4 рафтани пайравони исмоилӣ дар Бадахшон мушоҳида мешавад, ки онҳо фармудаҳои имоми худро нисбат ба ҳукумати марказии Тоҷикистон бартар мешуморанд: “Агар мо минтақаи Бадахшонро мисол орем, нақши Оғохон дар ҳуввиятсозии мардуми ин минтақа калон аст. Чун нуфузи Оғохон нисбат ба ҳукумати марказӣ бештар буд, ин мардум бештар ҳуввияти динии худро муаррифӣ мекунанд.”
Агар мушкили мардум бартараф нашавад...
Умаров рӯйдодҳои ахири Бадахшонро намуна меорад, ки танҳо баъд аз пешниҳод аз ҷониби Бунёди Оғохон гурӯҳҳои мусаллаҳ аслиҳаи худро ба ҳукумат таслим карданд. Вале он ба чунин маъно нест, ки миёни пайравони шиа ва суннӣ дар Тоҷикистон рақобат ё мубориза мавҷуд бошад. Намунаи ночизе, ки мушоҳида шуда буд ин аст, ки роҷеъ ба бунёди Маркази исмоилиҳо дар Душанбе раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз тасмими ҳукумат ва Бунёди Оғохон изҳори норизоятӣ карда буд.
Ҳоло дар ҷаҳони ислом ба ҷуз аз мазҳабҳо ё фирқаҳои мухталиф гурӯҳҳои сиёсии исломӣ низ ташкил шудаанд. Коршиносон мегӯянд, агар дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳукуматҳои марказӣ натавонанд мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии мардумро рафъ созанд, агар ришвахорӣ аз байн бурда нашавад, агар ҳукуматҳо дар байни қудратҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ мувозинатро аз даст диҳанд, дар он сурат нерӯҳое метавонанд Исломро, махсусан, Исломи тундравро барои пиёда сохтани ҳадафҳои худ вориди майдон кунанд.