Ахиран созмони маъруфи назарсанҷии Геллап (Gallup) мизони диндорӣ ва бехудоӣ дар миёни 50 ҳазор зану марди 57 кишвари дунёро баркашидааст. Бар асоси натиҷагирии ин созмон, африқоиҳо мардуми аз ҳама "тақводортар" ҳисобида шудаанд. Дар мақомҳои баъдӣ сокинони Амрикои Лотин, Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони арабу Осиёи Шимолӣ қарор доранд. Сатҳи аз ҳама болои диндорӣ дар миёни мусалмонони Ироқ, Покистон, Афғонистон ва сарзаминҳои Фаластин будааст.
Чин дар миёни сокинони кишварҳое, ки худро бештар бехудо ва ё мулҳид мешуморанд, дар ҷои аввал меистад. Ҷопон дар ҷои дуюм ва ба дунболаш Ҷумҳурии Чеху Фаронса қарор доранд. Дар ин лист аз кишварҳои Шӯравии пешин исми Русияву Узбакистон зикр ёфта, аммо аз Тоҷикистон ном бурда нашудааст.
0,01 дарсад бехудо
Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои солонаи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тақрибан 0,01 дарсад аз ҳафтуним миллион сокини Тоҷикистон худро бехудо ё атеист шуморида, аз кадом диневу ҷараёне пайравӣ намекунанд.
Музаффар Олимов, раҳбари созмони омӯзиши афкори умум, мавсум ба “Шарқ”, мегӯяд, онҳо назарпурсии хосеро дар бораи диндорӣ ва бехудоии сокинони Тоҷикистон анҷом надодаанд. Вале дар пурсишҳои алоҳида бандҳои махсус дар ин бора вуҷуд доштааст, ки диндорӣ ё атеистии сокинонро муайян мекунад. Ҷаноби Олимов бо такя ба посухи шаҳрвандони кишвар гуфт, “ҳоло дарсад (фоиз)-и онҳое, ки худро бехудо меҳисобанд, кам шудааст. Масалан, даҳ-понздаҳ сол пеш чунин афрод 3 – 3,5-и аҳолиро ташкил медод. Ҳоло камтар аз як дарсаданд.”
Девона ба роҳи худу оқил ба роҳи худ...
Тоҷикистон ҳарчанд бар пояи Қонуни асосияш кишвари демократист, аммо дар асл суннативу мусалмонист. Дар ин кишвар касе ба таври ошкоро аз бехудоии худ ҳарф намезанад ва ҳам бо сокинон дар ин бора баҳс намекунад.
Ин аст, ки як сокини миёнсоли Душанбе ва пайрави ақидаи атеистӣ мегӯяд, борҳо мавриди накӯҳишу мазаммати сокинони мусалмон қарор гирифтааст. Ӯ дар сӯҳбат ба мо гуфт, “ҳазорҳо бор сарзаниш шудаам. Дар гузашта ман ҳам монанди ҳамин ҷомеа будам. Рӯза мегирифтам. Лекин шакку шубҳаамро ҳамеша ва дар ҳама ҷо мегуфтам. Аз ин шарм ҳам намедорам, ки маро сарзаниш мекунанд. Девона ба роҳи худу оқил ба роҳи худ. Мумкин моро дигар хел баҳо медиҳанд. Чаро инро мегӯям? Мехоҳам, ҳар кас ба ҷаҳонбинии худу фаҳмишаш содиқ бимонад.”
Ин пайрави ақидаи атеистӣ бар хилофи бархе аз бехудоёни дигар, ки сирри худро махфӣ медоранд, бо мо ошкоро сухан гуфт ва афзуд, ибодат танҳо хидмати халқ ва некӯӣ кардан аст: “Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест. Фақат бо сар задан мушкил ҳал намешавад. То кай бояд сару пой зад?”
Атеизм, Шӯравӣ ва коммунистҳо
Атезим ё бехудоӣ дар қарни гузашта баробари ҳукумати Шӯравӣ ба Тоҷикистон омад ва тӯли ҳафтод соли пойбарҷоии он ба ақидаи муҳими мақомдорон ва бархе аз сокинон табдил ёфт. Онҳо ҳамаи хушбахтиву хушҳолиро аз худи ашхос ва кори ӯ медиданд ва вуҷуди ҳар гуна офаридгор ва он ҳам дар ғайбро қабул надоштанд. Ин аст, ки Шӯравӣ динро афён медонист ва бар муқобили он ба қавле “ҷанг” мекард.
Дар садри ин гуна таблиғҳо ҳизби ҳукмрони вақт – ҳизби коммунист меистод. Аммо Исмоил Талбаков, муовини раиси коммунистҳои Тоҷикистон, мегӯяд, баъди аз ҳампошии Шӯравии пешин ақидаи атеистӣ низ аз оиннома ва барномаҳои ин ҳизб лағв шуд: “Барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо аз оинномаи Ҳизби коммунисти Русия ва Тоҷикистон мафҳуми атеизм бардошта шуд. Ягона меёър, ки дар онҷо нишон дода шуд, ин аст: ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 расидааст... барнома ва оинномаи ҳизбро эътироф мекунад, новобаста аз миллат, дин, нажод, мазҳаб ба Ҳизби коммунист қабул карда мешавад...”
Ҷаноби Талбаков дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ба фарқ аз даврони Шӯравӣ дар ҳоли ҳозир дар ҳизби онҳо эътиқоди пайравон муҳим нест ва ба ин нукта авлавият ҳам дода намешавад. Ин аст, ки ба қавли ӯ, дар миёни онҳо исломиҳо низ кам нестанд, ки ба кори худ дар ҳизб идома медиҳанд.
Таҳаммулаш сахт
Ҳарчанд мардуми мусалмони Тоҷикистон атеизм ё бехудоиро қабул надоранд, аммо дар баробари бехудоён аз хушунат кор намегиранд. Бархе аз диндорони Тоҷикистон мегӯянд, таҳаммули чунин афрод бо ақидаҳои зиддидинияшон сахт аст, вале чун қонун озодии интихоби дин ва эътиқодро додааст, аз дасти онҳо низ ҷуз даъвату насиҳат чизе намеояд.
Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, мегӯяд, аз дидгоҳи Ислом ба пайравони адёни ғайриисломӣ ва ҳатто афроди мулҳид муҷозот таъйин нашудааст. Балки ба гуфтаи ӯ, афроди муртад ё аздинбаргашта бештар мавриди муҷозот қарор хоҳанд гирифт.
Вай ин маъсаларо дар сӯҳбат ба мо ин гуна шарҳ дод: “Нисбат ба афроди дигар динҳо ва кофирҳое, ки пайрави ягон дин нестанд, эҳтиром ҳаст. Фақат аз худи Ислом касе хориҷ шуда, мулҳид шавад, баъзе ҷазоҳо барои он одам аст. Фақат мусалмонҳо талош меунанд, ки садди роҳи атеистҳо шаванд, то онҳо натавонанд бар зидди дин мубориза баранд.”
Аммо ҳамчунон мардуми мусалмон ва рӯҳониёни тоҷик афроди мулҳидро қабул надоранд. Даҳҳо тан дар торнамо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет низ аз рӯҳониён пурсидаанд, ки оё издивоҷ бо фарди бехудо барои мусалмон ҷоиз аст ё не. Рӯҳонии саршинос Эшони Нуриддин дар торнамои Тӯраҷонзодаҳо ба ин суол посух гуфта ва чунин издивоҷро нодуруст ҳисобидаанд.
Таваҷҷӯҳи кам ба бехудоӣ
Ҷалолиддини Маҳмуд, масъули Ҳизби Наҳзати Исломӣ, мегӯяд, дар даврони Шӯравӣ мубориза бо динҳо, чи исломиву чи ғайриисломӣ, роҳро барои равнақи атеизм ҳамвор карда буд, вале ҳоло гироиш ба динҳо афзуда, атеизм дар Тоҷикистон тақрибан маънои худро гум кардааст: “Далели аввал ин аст, ки таблиғу маблағгузорӣ барои бедин кардани одамон вуҷуд надорад. Баъдтар адабиёте, ки мардумро ба диндор шудан ташвиқ мекунанд, зиёд шуданд. Ҳоло ҳеҷ кас дар ҷаҳон ҳавасманд нест, ки мардум бедин бошанд. Фақат ҳавасманди аз дин ба дин гузаштананд. Ин худ боис мешавад, ки мардум диндор шаванд. Ҳадди ақал дини масеҳӣ ё яҳудиро пайравӣ намоянд...”
Ин нуктаро бархе аз коршиносон низ тасдиқ карда, вале дар айни замон мегӯянд, вазъ тағйирёбанда аст ва сафи бехудоён метавонад дар замоне бештар ва ё аз ин ҳам камтару камтар шавад.
97 ё 99 дарсад?
Ин гуфтумон дар ҳолест, ки аз 95 то 97 дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави дини мубини Ислом дониста мешаванд, ки аксари кулли онҳоро пайраовни мазҳаби ҳанафӣ ва бақияро пайравони исмоилияву ҷараёнҳои дигари исломӣ ташкил медиҳанд. Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониҳои худ ин рақамро 99 дарсад эълон доштааст.
Бо ин ҳама, омори дақиқе дар бораи диндорӣ ва бештар пайрави кадом дину мазҳаб будани сокинони Тоҷикистон вуҷуд надорад. Зеро сокинон дар интихоби дин ва пайравӣ аз мазоҳиб озоданд ва маҷбур нестанд, дар ин бора ба ягон ниҳод ва ё афроди алоҳида гузориш диҳанд. На дар бораи диндорӣ ва на бехудоии худ.