Эҳтимоли афви гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ

Қарор аст, барои ҳаводиси ахири Хоруғ ҳамагӣ се нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, боқии иштирокдорони амалиёт афв гарданд.
Интизор меравад, рӯзҳои наздик раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, афви иштирокдорони амалиёти низомӣ дар Хоруғро эълон кунад. Дар ин бора манбаи "Озодӣ" дар Хоруғ хабар дода ва гуфт, ин тавофуқ дар пайи гуфтугӯҳои миёни мақомоти расмии Душанбе ва раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон ба даст омадааст.

Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки Толиб Айёмбеков ва ду ҳамроҳаш, ки дар қатли генерал Абдулло Назаров муттаҳам мешаванд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, дигарон мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Бар илова, тавофуқ шудааст, ки аз ҳисоби аъзои дастаҳои Имомназар Имомназаров, Ёдгор Мамадасламов, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Толиб Айёмбеков як гурӯҳи махсус дар ҳайати сохторҳои интизомӣ барои ҳифзи амният дар Бадахшон таъсис ёбанд. Ҳамон тавре манбаи мо мегӯяд, ин танҳо тавофуқи пешакист ва то ҳол дар ин бора санаде ба имзо нарасидааст.

Худи намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон низ гуфтаанд, омода ҳастанд, ки танҳо дар ҳузур ва бо кафолат (тазмин)-и намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ин санадро имзо кунанд. Хабаргузории "Азия-Плюс" ба нақл аз Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, навиштааст, намояндагони ҳукумат ба онҳо ваъда додаанд, ки дар сурати халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, нерӯҳои давлатӣ аз ҳудуди вилояти Бадахшон хориҷ хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд силоҳҳо супурда мешаванд, аммо то ҳанӯз нерӯҳо аз шаҳри Хоруғ берун нарафтаанд.

Ин гуфтугӯ дар ҳолест, ки Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон дар ҳодисаҳои ахири Хоруғ номи чаҳор нафар - Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламовро зикр карда, шарҳи ҳоли онҳоро бо дороиҳояшон низ нашр намудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба баъзе хабарҳо Толиб Айёмбеков захм бардошта ва дар яке аз рустоҳои наздики Хоруғ паноҳ бурдааст. Аммо манбаи Озодӣ дар Хоруғ бо такя ба мақомоти амниятии вилоят гуфт, Айёмбеков аз ҳудуди Бадахшон берун рафта, дар Афғонистон паноҳ бурдааст.

БОЗГАШТИ МАРДУМ БА МАНЗИЛҲОИ ХУД

Дар ҳамин ҳол, бозгашти мардуми фирории Хоруғ ба манзилҳои худ оғоз шудааст. Лутфишо Саодатқадамов, як сокини шаҳри Хоруғ рӯзи душанбе ба «Озодӣ» гуфт, дирӯз 30 хонаводае, ки бо шурӯи амалиёт дар рӯзҳои 24 ва 25 июл ба деҳоти Ғунд, Сучон ва Роштқалъа фирор карда буданд, ба хонаҳои худ баргаштанд.

Лутфишо Саодатқадамов, афзуд, ки ҳамин рӯз ҳам 11 хонавода аз Поршнев ва Роштқалъа ба ҷойҳои доимии зисти худ бозгаштанд. Вай гуфт, ки дар маркази Хоруғ зиндагӣ мекунад ва бо чашмони худаш дида истодааст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ танҳо дар баландиҳои атрофи шаҳр мустақар мебошанд.

Ба қавли вай, шаби гузашта хеле ором гузашт ва ҳоло баъзе дӯконҳо дарҳои худро боз кардаанд, вале рафтуомади мардум дар шаҳр бозгӯи он аст, ки ҳанӯз ҳам бими мардум бартараф нашудааст.