Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадади намояндагони Бунёди Оғохон ба ҳалли қазияи Хоруғ


Намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ба музокираи миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои созмонёфта кӯмак мекунад.

Намояндагони Бунёди Оғохон ба раҳбарии Мунир Миралӣ ба гурӯҳи 20-нафарии миёнҷии музокироти миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ пайвастанд.

Як манбаи мӯътамад зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин афрод ҳамроҳ бо дигар аъзои гурӯҳи 20-нафарӣ машғули музокирот бо гурӯҳҳои созмонёфта ҳастанд." Ҳамакнун ҳадафи ин намояндагон кӯмак ба нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ барои дарёфти роҳи ҳалли мушкили мавҷуд дар шаҳри Хоруғ унвон мешавад.

Ин дар ҳолест, ки раҳбарии ҳайати гурӯҳи 20-нафариро Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон, бар ӯҳда дорад ва намояндагони сохторҳои қудратии шаҳри Хоруғ, шахсони бонуфузи минтақа, халифаҳо аз аъзои ин гурӯҳ ҳастанд.

Ин гурӯҳ умдатан вазифаи миёнҷӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои созмонёфтаро анҷом медиҳанд ва талош мекунанд, то тарафҳо аз роҳи осоишта мушкилоти мавҷударо ҳал кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бо он ки вазъ дар шаҳри Хоруғ ором талаққӣ мешавад, аммо нерӯҳое, ки дар дохили шаҳр, бахусус маҳаллаҳои УПД ва Бизмич, дар кӯдакистону манзилҳои истиқоматӣ, мустақар ҳастанд, аз шаҳр берун рафтанӣ нестанд. Зеро ба иттилои яке аз аъзои гурӯҳҳои 20-нафарӣ, нерӯҳои давлатӣ дар УПД ва Бизмич гуфтаанд, танҳо бо фармони раисиҷумҳур имкони берун шудан аз шаҳри Хоруғро хоҳанд дошт.

Ҳоло ба иттилои мухталиф ҳудуди 200 тан аз нерӯҳои таъйиноти махсус дар дохили шаҳр, махсусан мавзеи УПД ва Бизмич мустақар ҳастанд. Бақияи нерӯҳо дар атрофи шаҳри Хоруғ ҷойгиранд ва ба истилоҳ шаҳрро "дар муҳосира" қарор медиҳанд.

Аммо манобеи давлатӣ мавқеи будубоши гурӯҳҳои мусаллаҳро дақиқ намегӯяд. Ҳарчанд додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши иттилоияе гуфт, ки ҷои зисти ин гурӯҳҳо пурра зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.

Манбаи Радиои Озодӣ дар Хоруғ мегӯяд, дар тӯли ду рӯзи охир зиёда аз 70 мошинҳои борбар, ки аз Чин молу мавод мекашонданд ва чанд рӯз боз дар маҳалли Танги ноҳияи Шуғнон банд монда буданд, имкони рафтан ба минтақаҳои ҷумҳуриро пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG