Сурия дар коми оташ. Теъдоди оворагон меафзояд

Даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин дар Ҳалаб, яке аз бузургтарин шаҳрҳои Сурия, идома дорад.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, маҳаллаҳои гуногуни Ҳалаб аз сӯи ҳавопаймову чархболҳои низомӣ ва тонкҳову тӯпхона бомборону гулулаборон мешавад.

Фармондеҳи гурӯҳи Артиши озодибахши Сурия дар маҳаллаи Ал-Сукарии Ҳалаб шайх Абдулраҳмонӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфт, “дар ин ҷо хун мерезад. Вазъият хело ғамбор аст. Моро бо ҳавопаймоҳо бомборон мекунанд. Тӯпхона ба ҳар тараф гулӯла меандозад. Онҳо миёни сокинони осоишта ва дигарон фарқе намегузоранд.”

Абдулбасит Сайид, раиси Шӯрои миллии Сурия аз кишварҳои хориҷӣ, қабл аз ҳама давлатҳои дӯсти араб, хост, ки мухолифини ҳукуматро бо силоҳ таъмин кунанд. Дар нишасти хабарӣ дар Абу Дабӣ ӯ изҳор намуд, ки “ба мо аслиҳа зарур аст, то ки бо тонкҳову ҳавопаймоҳо муқовимат кунем.”

Кишварҳои Халиҷи Форс моҳи апрел ваъда доданд, ки ошӯбгаронро бо маош таъмин хоҳанд кард, вазорати умури хориҷии Амрико бошад иқрор намуд, ки ба мухолифини ҳукумати Сурия ба ҳайси кӯмак таҷҳизот, аз ҷумла, таҷҳизоти таъмини мухобиротро мефиристад.

Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, эълом дошт, ки шикасти мухолифини мусаллаҳ дар Алеппо ногузир аст. Изҳороти ӯ дар ин бора дар Теҳрон садо дод. Эрон аз наздиктарин ҳампаймонҳои Сурия дар минтақа маҳсуб мешавад. Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, баъд аз мулоқот бо ҳамтои суриягияш, ҳушдор дод, ки истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад на фақат барои минтақа, балки барои ҳама олам паёмадҳои ногувор хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Созмони Милал, тайи ду рӯзи ахир Алеппоро тақрибан дусад ҳазор нафар аз сокинон тарк намуданд. Валерӣ Амос, раиси идораи Созмони Милал дар умури амалиёти башардӯстона, аз мақомоти Сурия даъват намуд, ки барои ираи кӯмаки башарӣ ба шаҳр долони амниятӣ боз кунад. Теъдоди мардуми дар муҳосирамонда маълум нест. Гуфта мешавад, ки одамон дар мактабҳо ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ паноҳ бурдаанд ва аммо аз камбуди ғизо, об ва дорувор азият мекашанд.

Афроде, ки Алеппоро тарк мекунанд, талош доранд на фақат аз ин мавзеъ, балки аз Сурия берун раванд. Шумораи онҳое, ки бар асари задухӯрдҳо Сурияро тарк мегӯянд, рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон изҳор намуд, ки дар Урдун барои паноҳандагон аз Сурия қароргоҳи нав бунёд мекунад. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, то имрӯз 150 ҳазор суриягиҳо вориди Урдун шудаанд. Қарор аст, ки қароргоҳи нав дар шаҳри марзии Заатарӣ бунёд шавад ва дар он дар марҳалаи аввал даҳ ҳазор нафар ба сар баранд. Аммо ба тадриҷ қароргоҳ густариш меёбад ва дар он беш аз сад ҳазор нафар панаҳ хоҳанд ёфт. Аз ин пеш ҳам дар Урдун чанд қароргоҳи паноҳандагон аз Сурия ташкил шуда буд.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, теъдоди онҳое, ки баъд аз шурӯи намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ дар моҳи марти соли гузашта ҷон бохтаанд, аз марзи 20 ҳазор нафар убур кардааст.