Таркиш дар Ситоди амнияти миллии Сурия дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки сарони ниҳодҳои қудратии ин кишвар дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, то вазъ дар Сурия ва махсусан Димишқ, пойтахти онро баррасӣ кунанд.
Дар натиҷаи ин ҳамла, ки як маргталаб анҷом дод, вазири дифои Сурия Довуд Роҷҳа кушта шуд ва чанде аз ширкатдорони ҳамоиш захмӣ гаштанд. Роҷҳаи 65-сола аз насрониёни Сурия на танҳо вазири дифоъ, балки ноиби сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ ва муовини раиси Шӯрои вазирони Сурия буд.
Хабаргузориҳо гуфтаанд, домоди раисиҷумҳур Осиф Шавкат низ ба ҳалокат расида, вазири умури дохилии Сурия, Муҳаммад ал-Шаър ва чанд мансабдори баландпоя захмӣ гаштаанд.
Ситоди амнияти миллии Сурия бахши асосии дастгоҳи қудратии ин кишвар аст ва бомбгузорӣ дар ин бино, ки дар маркази минтақаи таҳкимёфтаи Димишқ ҷойгир аст, ба дунболи даргириҳои давлат ва шӯришиён дар чандкилометрии кохи раёсатҷумҳурӣ ба амал омад.
Он ҳам дар ҳоле, ки чанд рӯз пеш Артиши Озоди Сурия, яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи режими Асад, ҳушдор дода буд, ки ҳукумат бояд интизори “тӯҳфаҳо”-и ногаҳонии он бошад. Ошӯбгарон гуфтанд, онҳо амалиёти “озодкунӣ”-и Димишқро оғоз кардаанд.
Коршиноси умури Сурия ва мудири маркази пажӯҳишии Греммо дар Фаронса, Фабрис Баланш мегӯяд, ин таркиш, ки наметавонист, бидуни ёрии беруна ба вуқӯъ пайвандад: "Шӯришиёни Сурия ба истифодаи чунин бомб қодир нестанд. Вале мо медонем, ки эҳтимолан сар аз сентябри соли 2011 баъзе ҷиҳодиён аз Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои исломӣ дар Сурия бомбгузориҳое анҷом медиҳанд, ки мо ҳар моҳ дар Ироқ мебинем ва бо ҳамон фанноварию ҳамон сабк.”
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун, ки масъалаи Сурияро бо мақомоти Чин дар Пекин баҳс мекард, аз Шӯрои Амният хост, ихтилофотро канор гузорад ва ба қатъи хунрезӣ дар Сурия иқдом кунанд. Вай вазъи Сурияро “ҷиддӣ” унвон кард. Бан талош дорад, сарони Чинро ба қабули қатъномаи нави Шӯрои Амният мойил кунад.
Чин ва Русия дар гузашта борҳо ба қабули қатъномаҳои шадиди Шӯрои Амният дар масъалаи Сурия зиддият кардаанд. Пеш аз раъйдиҳии рӯзи панҷшанбе намояндагони мухолифони Сурия бо сафири Русия дар Созмони Милал, Виталий Чуркин вохӯрданд, то ба мавзеъгирии ин кишвар дар бобати ояндаи Сурия таъсир гузоранд.
Дар ин байн вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг гуфт, вазъ дар Сурия ба самти бесарусомонӣ мелағжад ва имконияти гузариши осоиштаи сиёсӣ ҳарчи камтар боқӣ мемонад. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса дар изҳороте гуфт, талошҳои дар сари қудрат боқӣ мондани раисиҷумҳури Сурия Башор Асад бефоидаанд ва авзоъ дар Сурия рӯз ба рӯз бадтар мешавад.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар Лондон мегӯяд, дар даргириҳои рӯзи сешанбе дар Сурия 93 нафар кушта шуд, ки 48 нафар аз онҳо ғайринизомӣ будаанд. Ин манбаъ меафзояд, аз оғози нооромиҳои Сурия дар моҳи марти соли гузашта то кунун дар ин кишвар зиёда аз 17000 нафар кушта шудаанд.