Нерӯҳои давлатӣ талош доранд манотиқи таҳти назорати чирикҳоро дубора зери контроли худ дароранд
Як манбаъи мухолифин гуфт, нирӯҳои давлатӣ тавонистанд маҳаллаи Меззеро дар пойтахт ба даст биоранд. Рӯзи якшанбе аз даргириҳои шадид дар Ҳалаб низ гузориш шуда, нирӯҳои мухолифи режими Башор Асад ба сурати ҳамоҳангшуда талош кардаанд, то ин бузургтарин шаҳри Сурияро тасарруф кунанд.
Дар навори видеоие, ки Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар як шабакаи иҷтимоии Интернет нашр кард, яке аз чирикиҳо мегӯяд: «Иншоаллоҳ, мо Ҳалабро озод карда, роҳи худро ба сӯи Кохи раёсатҷумҳурӣ дар Димишқ идома хоҳем дод, то хоинро дар лонааш саркӯб кунем. Оллоҳ бузург аст!»
Бино ба хабарҳо, набардҳо дар наздикии бузургтарин пойгоҳи амниятӣ дар маркази Ҳалаб рух додаанд. Як шаб пеш аз ин, мухолифин муҷассамаи сангии Ҳофиз Асад – падари Башор Асадро дар маркази Ҳалаб сарнагун карданд.
Бино ба ҳисоби охирини Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, ҷамъи қурбониёни ошӯбҳои Сурия аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ ба 19 000 нафар расидааст.
Бо ин ҳол, чирикиҳо дирӯз эълон карданд, ки гузаргоҳи Бобулсалом дар марз бо Туркияро низ таҳти назорати худ овардаанд. Дар навори нашршуда дар Интернет марди мусаллаҳе парчами чирикиҳо дар даст дар ин гузаргоҳ зоҳир шуда, чунин шиор медиҳад: “Мо Бобулсаломро аз чанги роҳзанони Асад озод кардем. Онҳо баъди додани қурбонии зиёд хориҷ шуданд. Ман дар назди дарвозаи Бобулсалом ҳамроҳи муҷоҳидин аз артиши озоди Сурия истодаам ва нидо мекунем, ки Оллоҳ бузург аст! “
Як мақоми Туркия низ бидуни бурдани ном ба Франс Пресс ба дасти чирикиҳо гузаштани ин гузаргоҳи марзиро тасдиқ кардааст. Бино ба хабарҳо, чирикиҳо аз шаби панҷшанбе ба ин сӯ ду гузаргоҳ аз се гузаргоҳи бузург дар марз бо Ироқро тасарруф кардаанд. Вале таъйид ё тардиди хабарҳо аз Сурия ба маҳзи манъи вуруди хабарнигорони хориҷӣ амре муҳол ба назар мерасад.
Дар ҳоле ки вазъи Сурия ба таври хеле сареъ тағйир меёбад, ҳамсояҳояш ин вазъро бо нигаронии афзоянда пайгирӣ мекунанд. Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак дирӯз дар пойгоҳи низомие дар Тел-Авив гуфт, Исроил имкон нахоҳад дод, ки силоҳҳои кимиёӣ аз Сурия ба дасти ҷангиёни "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон бирасанд. Аммо ӯ аз шарҳи ишораи қаблиаш мабнӣ бар ин, ки Исроил ба хотири ҷилавгирӣ аз интиқоли чунин таслиҳот шояд ба амалиёти низомӣ дар хоки Сурия низ иқдом кунад, худдорӣ кардааст.
Як мақоми дигари низомии Исроил Амос Гилад дирӯз гуфт, Сурия захираи силоҳҳои кимиёиашро “ то ҳадди имкон” ҳифозат мекунад, вале Исроил тарс дорад, ки дар сурати таҳти фишори бештар қарор гирифтани режими Башор Асад, ин таслиҳот метавонад ба дасти "Ҳизбуллоҳ" биафтад.