Масъулини муассисаи нигаҳдории оромгоҳҳои Кӯлоб истеъмоли шири говеро, ки дар гӯристон мечарад, макрӯҳ донистанд.
Ин ҳарф ба сокинони атрофи гӯристони маъруф бо номи «Хоҷа Ғоиб»-и Кӯлоб дар ҳоле ташвиқ мешавад, ки масъулин гуфтаанд, «ҳама чораҳои нигаҳдории гӯристонро андешидаанд».
Зайналобиддин Назаров, сардори Муассисаи нигаҳдории оромгоҳҳои Кӯлоб мегӯяд, говҳои сокинон ёдгориҳои қабристонро пайваста хароб мекунанд ва онҳо ба ҳеҷ шакл натавонистанд аз он ҷилавгирӣ кунанд. Аз ин рӯ, дар ҳамкорӣ бо имомхатибон ин нуктаро, ки "баргирифта аз ҳадисҳои пайёмбари ислом аст", ташвиқ мекунанд, то сокинон дигар молу чорвои худро барои чаррондан ба гӯристон набаранд.
Ҷаноби Назаров мегӯяд: «Дар ҳақиқат ин мувофиқи ҳадисҳои пайёмбари ислом аст, ки чизи сабзе, ки дар болои қабристон аст, онро гирифтан, кандан, даравидан мумкин нест. Ба ҷуз он чизе, ки хушк шудааст ва онро фақат ба хотири тоза кардан мегиранд, дигар чизе мумкин нест. Лекин аз чизи сабзи он хӯрдан макрӯҳ аст. Онро, ки гов хӯрд, шири онро инсон истифода мекунад, ки он ҳам макрӯҳ аст».
Дар ҳамин ҳол, Сафаралӣ Бурҳонов, сокини маҳаллаи Лоҳутии Кӯлоб, ки худро посбони ихтиёрии ин гӯристон медонад, мегӯяд, борҳо аз сокинон хоҳиш кардааст, ки нагузоранд молу чорпоёшон вориди қабристон шаванд. Ба гуфтаи ӯ, "ҳатто онҳое говҳояшонро дар гӯристон мечарронанд, ки наздиконашон дар он ҷо дафн шудаанд". Ба гуфтаи Бурҳонов, дар сурати набудани фарҳанги нигоҳу бини мол ва эҳтиром ба мазори гузаштаҳо, кормандони сохторҳои интизомӣ бояд нисбати соҳибони мол чораандешӣ кунанд:
- Ҳазор бор таъкид кардем, зора кардем, нола кардем, ки эй бародарон, ҳамин
молу говатонро бигиред, ки қабристонро вайрон накунанд, гапро намегиранд. Ба хубӣ нашуд, бояд чораҳои дигар бинем. Аз ҳукумат хоҳиш дорем, ки пеши роҳи ҳамин гуна одамҳоро дар ҳамкорӣ бо мо бигиранд. Аз барои савоб, барои ҳифзи қабристон», мегӯяд посбони оромгоҳ.
Бархе сокинони дигар маҳаллаҳои шаҳр, ки наздиконашон дар «Хоҷа Ғоиб» дафн шудааст, аз ҳоли нохуби ин гӯристон шиква мекунанд. Маҳмадулло, як сокини шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, чандин бор мазори падарашро бозсозӣ кардааст, зеро гову гӯсолаи мардум "бо суми худ онро хароб карда буданд". Ба гуфтаи ӯ, чорпоён ҳатто панҷараҳои оҳании атрофи гӯрҳоро шикастаанд. "Ҳамаи ин як таҳқири хотири гузаштаҳо аст", мегӯяд Маҳмадулло.
Ҳангоми гузори мо аз назди гӯристон масъулин говеро аз он ҷо берун оварда соҳибашро барои муҳокима даъват карданд.
Аммо Ҳайдар, соҳиби ин гов гуфт, ҳеҷ гоҳ намехост, ки молаш дохили гӯристон шавад:
- Ҳозир говро гирифта мебарам ва дар хона таъкид мекунам, ки дигар бандашро боз накунанд. Мо ҳам намехоҳем, ки гов дар қабристон дарояд, аммо ҳамин занакҳо бепарвоӣ карда, говро мекушоянд. Ин бор охирон бор, дигар огоҳашон мекунем, ки говро аз хона берун шудан нагузоранд.
Гӯристони «Хоҷа Ғоиб» дар масоҳати тақрибан сад ҳектор замин дар мавзеи "Тамошотеппа" ҷойгир аст. Дар атрофи ин мавзеъ маҳалаест, маъруф бо номи «Қарчиликҳо», ки сокинонаш чорвопарвар буда, ҳамчун ширфурӯш шинохта мешаванд. Ба гуфтаи масъулин, маҳз бештари сокинони ҳамин маҳалла говҳояшонро дар оромгоҳ, ки атрофаш маҳкам нест, мечарронанд.
Аммо масъулини муассисаи нигаҳдории гӯристонҳои Кӯлоб ҳушдор медиҳад, ки дар сурати такрор ёфтани ин амал аз болои сокинон ба мақомоти интизомӣ шикоят хоҳад бурд.