12 корманди "Тоҷик Эйр" бо ду чархбол боздошт шуданд

Акс аз бойгонӣ

Дувоздаҳ корманди "Тоҷик Эйр" бо ду чархбол дар Афғонистон боздошт шуда, иҷозаи бозгашт ба ватанро надоранд.
12 корманди як ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти амниятии Афғонистон боздошт шуда, наздик ба як моҳ аст, дар манзиле дар канори Кобул зери дидбонӣ ба сар мебаранд. Онҳо мегӯянд, сабаби боздошт шудани худро дақиқ намедонанд ва ҳамчунон аз беамалии мақомоти давлатии Тоҷикистон дар ин робита нигаронанд.

Шиносномаи онҳоро кормандони амниятии Афғонистон мусодира кардаанд ва бе санад боздоштшудагон ба ҷое рафта наметавонанд. Илҳом Қаюмов, муҳандиси яке аз ду чархболи МИ-8-и ширкати "Тоҷик Эйр", аз номи ҳамкорони худ гуфт, ҳарчанд аз боздошт шудани онҳо ҳудуди як моҳ мегузарад, вале Хадамоти амнияти миллии Афғонистон то ҳанӯз нагуфтаанд, сабаби, ба истилоҳ, “ҳабси хонагӣ”-и онҳо дар Кобул чист: "Дида баромаданд. Аввал иттиҳом бастанд, ки гӯиё мо чархболдузд ҳастем, яъне чархболи худамонро дуздида, ба хонаамон меравем. Акнун ин даъворо монда, ба андоз часпидаанд. Аммо андозсупоранда на мо, балки худи ширкат аст."

Дар шарҳи ин воқеа, ки достони ҳавопаймоҳои ширкати “Ролкан”-и Русияро ба хотир меорад, ҷаноби Қаюмов гуфт, ду чархболи ширкати давлатии Тоҷикистон чаҳор сол ба ин сӯ тибқи созишнома бо ширкати байнулмилалии Supreme Food машғули интиқоли молу коло барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон буданд. Вай афзуд, охири моҳи май мӯҳлати шартномаи онҳо ба итмом расид ва бояд 1-уми июн ба ватан бармегаштанд, аммо дар охирин лаҳза дар фурудгоҳи Кобул ба онҳо иҷозаи парвоз надоданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро ду чархболи Тоҷик Эйр дар Афғонистон боздошт шуд?



Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон дар як ҳоли номуайянӣ ва навмедӣ ба сар мебаранд, зеро ҳадафи мақомоти давлатии Афғонистонро аз ин боздошт намедонанд. Лутфулло Машъал, сухангӯи Хадамоти амнияти миллии Афғонистон дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ аз сарнавишти боздоштшудагон гуфт, то чанд соати дигар қазияро шарҳ медиҳад, аммо дигар нахост, бо мо сӯҳбат кунад. Зоҳир Азимӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ниҳодаш аслан дар ин қазия дахил нест: "Ин кори Хадамоти амният ва вазорати умури дохилӣ аст ва ба мо рабте надорад."

Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мегӯянд, дар тамоми ин муддат мақомоти давлатии Тоҷикистон низ ба онҳо кӯмаке накардаанд. Ба гуфтаи Илҳом Қаюмов, ду ҳафта қабл ҳангоми сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Кобул масъули ширкати "Тоҷик Эйр" - Исмоил Ғафуров ба назди онҳо омада, ваъдаи ҳалли қазияро дода буд, аммо то ба ҳол коре анҷом нашудааст.

Ҳамчунин наздикони кормандони "Тоҷик Эйр" аз ин вазъ бо изҳори нигаронӣ мегӯянд, аз сарнавишти онҳо шадидан нигаронанд. Баҳром, бародари яке аз онҳо гуфт, бовар дорад, ин кор ранги сиёсӣ гирифтааст ва ӯ хоҳиши ба он ҳамроҳ шуданро надорад.

Зимнан, ин танҳо мавриде нест, ки ҳамкорони ширкати байнулмилалии Supreme Food, ҳамкори аслии НАТО дар интиқоли маводи ғизоӣ, дар сархатти хабарҳо меуфтанд. Охири соли равон ду халабони ширкати русии "Ролкан", ки бо Supreme Food ҳамкорӣ доштанд, дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Муддате миёни ин кишвар ва Русия сардии бармалои равобит ба миён омад, то ин ки халабонҳо озод шуданд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи суқути як чархболи Supreme Food дар вилояти Зобул чор шаҳрванди Тоҷикистон, ба шумули як зан ба ҳалокат расиданд. Ин чархболи навъи МИ- 8 ба Вазорати дифои Тоҷикистон тааллуқ дошт ва сарвари халабонҳо писари муовини вазири дифои Тоҷикистон буд.