Дар ин бора Лола Кенҷаева, сухангӯйи ширкати мазкур ба радиои "Озодӣ" хабар дод.
Ҳамакнун, афроде, ки мехоҳанд аз Душанбе ба пойтахти Покистон сафар кунанд, бо сарфи вақт ва маблағи камтар метавонанд дар тӯли 2 соату 30 дақиқа ба ин кишвари офтобӣ бирасанд.
Ба гуфтаи Лола Кенҷаева, парвозҳо аз Душанбе ба Исломобод ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд ва қимати чиптаҳои парвоз ба Исломобод ва ё аз онҷо ба Душанбе 180 евро хоҳад буд. Ин хатсайр дар доираи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон таъсис меёбад.
Қаблан мусофирони тоҷикистониро зарур меомад, ки барои сафар ба Покистон бо харҷи зиёд аз парвози хатсайрҳои кишварҳои мухталиф истифода намоянд. Ба унвони мисол хати парвози мусофирон ба Покистон аз тариқи хатсайрҳои Душанбе-Истанбул-Қатар-Карочӣ ё Душанбе -Дубай - Исломобод сурат мегирифт.
Лола Кенҷаева афзуд, онҳо ҳамчунин ният доранд парвозҳоро аз Душанбе ба самти Карочии Покистон эҳё намоянд.Ин хатсайр соли 2001 бинобар бесуботӣ дар Афғонистон бекор карда шуд, зеро ҳавопаймоҳои тоҷикистонӣ зимни парвоз ба Покистон аз ҳарими ҳавоии ин кишвар мегузаштанд.
Коршиносон мегӯянд, бо ифтитоҳи хатсайрҳои нав ба самти Покистон ва аз онҷо ба Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии ин ду кишварро мебояд дар масъалаи додани раводид ба шаҳрвандони ду кишвар музокира пеш баранд. Зеро ба қавли корафтодаҳо, зимни ҷараёни додани раводиди сафар, ҳар ду кишвар аз эҳтиёти махсус кор мегиранд.