Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оне, ки дар оcмон ба дунё меояд, имтиёз дорад?


Дар чанд соли ахир танҳо дар ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷик Эйр" 4 тифл ба дунё омадааст, ки дар муқоиса ба дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ ходисаи беназир аст.

Фарангис Мирзоева, яке аз роҳбаладони ҳавопаймо ин ширкат мегӯяд, заноне, ки дар дохили ҳавопаймоҳои ин ширкат таваллуд мекунанд, дар бораи мӯҳлати ҳомиладории худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод мекунанд ва ҳаёти худ ва тифли дар батнашон бударо зери хатар мегузоранд.

Бону Мирзоева, яке аз чунин мавориди таваллуди тифл ҳангоми парвози ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр», ки дар самти Душанбе – Маскав рух дода буд, ёдовар гардид: "40 дақиқа парвоз кардему дидам, ки як мусофири ҳомиладор, рост меистод ва аҳволаш хуб набуд. Аз ӯ пурсидам ки чи шуд, нотоб шудед? Аммо ӯ боз сирри мӯҳлати ҳомиладориашро пинҳон дошта гуфт, ки ман хубам."

Бону Мирзоева мегӯяд, он замон ӯ пайхас кард, ки замони таваллуди ин зан фаро расидааст. Бинобар ин бо баландгӯяк аз мусофирон дархост кардааст, ки агар пизишке дар миёни мусофирон бошад аз худ дарак диҳад ва хушбахтона дар миёни мусофирон ҳамшираи шафқат низ будааст ва бо ёрии ӯ Шабнам Раҳимова, сокини шаҳри Душанбе, писар ба дунё овардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ин роҳбалади ҳавопаймо мегӯяд, таваллуд дар шароити парвоз хеле хатарнок аст ва аз занони мусофир хоҳиш дорад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба саломати худу тифлашон бетавовут набошанд.

Тибқи қоидаҳои парвози ширкати «Тоҷик эйр» ва дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ, танҳо модароне, ки то шаш 6 моҳ ҳомиладор ҳастанд, ба парвоз иҷозат дода мешаванд. Масъулияти тафтиши вазъи саломатӣ, аз ҷумла мӯҳлати ҳомиладории занон бар дӯши Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гузошта шудааст. Аммо бо вуҷуди ин, занон аз зери заррабини кормандони фурудгоҳ убур мекунанд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе зимни сӯҳбат дар ин маврид гуфт: «Заноне, ки моҳи таваллудашон наздик аст, бо пешниҳоди маълумотномаи бардуруғ кормандони моро фиреб медиҳанд. Кормандони мо албатта ба занони ҳомиладор аҳамият медиҳанд, аммо онҳо ба маълумотнома, ки муҳр дорад, бовар мекунанд. Мо дар фурудгоҳ бунгоҳи тиббӣ дорем, вале дар ин ҷо мо наметавонем моҳи ҳомиладории мусофирро дақиқ кунем.»

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро занони тоҷик бо вуҷуди хатароти парвоз, ҳангоми рӯзҳои охири ҳомиладорӣ ба ин кор даст мезананд?

Зӯҳро Раҳимова, хоҳарбузурги яке аз мусофирон, ки дар ҳавопаймо тифл ба дунё овардааст, мегӯяд, занони тоҷикро муҳоҷирати шавҳарҳояшон, имконияти осонтар гирифтани шаҳрвандии Русия водор кардааст, ки дар рӯзҳои охири ҳомиладориашон ба Русия сафар кунанд: «Писаре ки хоҳари ман дар ҳавопаймо ба дунё овард ва чун ӯро момодояҳо дар фурудгоҳи Маскав қабул карданд, шаҳрвандии Русияро гирифт. Ҳамчунин ба замми ин ёрдампулие, ки ҳукумати Русия барои таваллуди фарзанд медиҳад, ба даст овард. Бинобар ин бисёриҳо ҳаракат мекунанд, ки дар Русия тифл ба дунё оранд.»

Зимнан, дар кишварҳои дигар барои тифле, ки ба ҳангоми парвоз ба дунё меояд, имтиёз дода мешавад ва он парвози ройгон дар ҳавопаймо тӯли умр аст. Ҳатто дар даврони шӯравии пешин чунин имтиёзе барои шаҳрвандон вуҷуд доштааст. Аммо ба гуфти масъулони ширкати «Тоҷикэйр», пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин гуна имтиёз дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG