Устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ барои табобат ба Эрон бурда шудааст.
Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ барои муоина ва муолиҷа ба Ҷумҳурии исломии Эрон бурда шудааст. Дар ин бора торнамои Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, ки академики тоҷик узвияти онро дорад, низ хабар дода ва навиштааст, "Шакурӣ баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбе вориди Эрон шуд."
Дар ин сафар устод Шакуриро ҳамсарашон Дилафрӯз Икромӣ ва фарзандашон Анвар Шукуров ҳамроҳӣ доштаанд. Академик Шакурӣ қабл аз он ки барои табобат ба Ҷумҳурии исломӣ биравад, чанд муддат дар бемористони Ибни Сино дар шаҳри Душанбе низ табобат гирифтааст. Вай, ки 87 сол дорад, чанд муддат боз аз бемории гурда ранҷ мебарад.
Устод Шакурӣ дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ пас аз панҷ моҳи табобат дар Эрон ба ватан омада буд. Муҳаммадҷон Шакурӣ қаблан аз шаҳрдории Душанбе дархост карда буд, ки шароити манзилашро беҳтар кунанд, зеро дар табақаи якуми биное, ки ҳоло зиндагӣ мекунад, сардӣ ва намӣ асту ба саломатиаш зарар мерасонад. Вале то ба ҳол ин дархости донишманди тоҷик иҷро нашудааст.
Дар навор: Гуфтугӯ бо устод Шакурӣ дар бораи Садри Зиё
http://www.youtube.com/embed/KuWSLCff1rk
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз донишмандони маъруфи Тоҷикистон аст, ки соли 1925 дар хонаводаи Шарифҷон махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945-ум хатм карда, фаъолияти кориашро дар нашрияи "Тоҷикистони Сурх" оғоз бахшидааст.
Устод Шакурӣ тӯли шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кардаст. Ӯ тӯли ин муддат ним ҳазор мақола ва 45 асари таҳқиқотии пурарзишеро дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ ба чоп расонидааст. Намунаҳои осори ӯ аз ҷумла "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Хуросон аст ин ҷо", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" мебошад, ки дар солҳои гуногун дар Душанбе ва хориҷ аз он ба нашр расидааст.
Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989-ум аст. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду докторони улуми таърих ва филологияанд, ки дар Маскав ва Лондон кору фаъолият мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.