Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Файзуллоҳ Хоҷаев ва достони Самарқанду Бухоро


Файзулло Хоҷаев
Файзулло Хоҷаев

Дар Бухоро ҳайкали шахсеро канданд, ки асосгузори Узбакистон ва довари Самарқанду Бухоро шумурда мешавад.

Ба ҳамон шевае ки баҳси марбут ба ду шаҳри таърихӣ бефосила идома мекунад, ҳувияти Файзуллоҳ Хоҷаев низ ҳамон гуна торик боқӣ мемонад. Вале дар Узбакистон пайкараи ӯро бо сабабҳои дигар аз поя барканданд.

Сарвазири 24-сола


Файзуллоҳ Хоҷаев фарзанди як миллионери бухороист, ки давлатро бар сарват бартарӣ дод ва ҳама миллионҳои падарашро сарфи инқилоб кард. Инқилобе, ки ӯро дар соли 1920, вақте ҳамагӣ 24 сол дошт, ба курсии
Файзуллоҳ Хоҷаев шахсияти хеле маъруфу хидматкарда буд. Ӯ буд, ки Узбакистонро дар марзҳои кунуниаш таъсис дод...
баланди раиси Шӯрои нозирон, ё худ сарвазирии ҷумҳурии мардумии Бухоро расонд. Ҳамин тавр, ӯ ҳамагӣ 28 сол дошт, ки сарвазири ҷумҳурии тозабунёди Узбакистон шуд. Ва танҳо 42 сол дошт, ки зери чархи мошини қаттоли режими Сталин монд ва соли 1938 эъдом шуд.

Аммо корзори сиёсии ӯ ба солҳои пуршӯре рост меояд, ки Осиёи Марказӣ батамом ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуд ва дар заминаи хонигариҳои мустақили собиқ ва сарзаминҳои марбут ба Русияаш 5 ҷумҳурии алоҳида, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯи кор омад.

Берун аз хоки Тоҷикистон мондани марокизи таърихии мардуми тоҷик, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, дар натиҷаи тақсимбандии марзии он даврон, ки муаррихи тоҷик Раҳим Масов ҳатто “табартақсим” номаш кардааст, низ ба нақши Файзулло Хоҷаев дар ин тақсимоти солҳои 1924 ва 1929 бармегардад. Ва дар зеҳни равшанфикрони тоҷик ӯ ҳамчун нафаре нақш шудааст, ки бо вуҷуди тоҷик буданаш нагузошт, то ки Самарқанду Бухоро моли Тоҷикистон шавад.

Бойбачае, ки аз роҳи инқилоб рафт

Файзуллоҳ Хоҷаев соли 1896 дар Бухоро ба дунё омадааст. Падари ӯ Убайдуллоҳхоҷа тиҷорати пӯсти қароқӯл дошт ва дар замони худ аз сарватмандтарин афроди аморати Бухоро маҳсуб мешуд. Ба ҳадде ки мегуфтанд, бештар аз ӯ шояд танҳо амир Олимхон дороӣ дорад.

Ӯ вақте ҳамагӣ 11 сол дошт, ҳамроҳ бо падараш ба Русия рафт ва дар онҷо ба таҳсил пардохт. Файзуллоҳ Хоҷаев аз соли 1913 ба ҷадидон пайваст ва алакай дар 20-солагӣ яке аз раҳбарони аввали ҳизби аз сӯи ҷадидон таъсёфтаи ҷавонбухориён шуд. Баъд аз шикасти ҳамлаи Колесов дар соли 1918 ба Русия фирор кард ва дар Оренбург аз сӯи нирӯҳои атаман Дутов муддате боздошт ҳам шуд. Баъди раҳоӣ дар Маскав дар яке аз вазоратхонаҳои Русияи шӯравӣ кор кард.

Файзуллоҳ Хоҷев соли 1920 ба ҳизби коммунист пайваст ва дар “ҳамлаи нирӯҳои артиши сурх таҳти фармондеҳии Михаил Фрунзе ба Бухоро ва суқути амир Олимхон ширкат кард. Ӯ сипас раиси шӯрои нозирони Ҷумҳурии мардумии Бухоро ва аз соли 1924, дар пайи таъсиси Ҷумҳурии Узбакистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ раҳбари ҳукумати Узбакистон шуд.

Моҳи июни соли 1937 ӯро аз сафи ҳизби коммунист хориҷ ва аз мақом барканор карданд. Моҳи июли ҳамон сол боздошт шуд ва соле баъд дар Маскав ҳамроҳ бо Николай Бухарин, Алексей Риков ва ҷамъе дигар аз раҳбарони аршади вақт бо ҷароиме, чун ширкат дар тавтиъаи тротскистӣ, қасди барандохтани низоми шӯравӣ дар Узбакистон ва ҷосусӣ ба нафъи Олмону Лаҳистону Ҷопон ва Бритониё маҳкум ба қатл ва 15 марти соли 1938 эъдом шуд.

Сиёҳ, сафед, сиёҳ...

Соли 1965 дар идомаи маъракаи сафед кардани қурбониҳои “террори сталинӣ” Файзуллоҳ Хоҷаевро ҳам сафед карданд. Ба дунбол, дар зодгоҳаш – Бухоро муҷассамаи ӯро гузошта, манзили падариаш дар кӯчаи Тӯқайи Бухороро, ки як қасри хеле пуршукӯҳ аст, ба осорхонаи Файзуллоҳ Хоҷаев табдил доданд. Донишкадаи омӯзгории Бухоро низ номи ӯро гирифт ва соли 1970 сеҷилдаи осори Файзулло Хоҷаев ҳам нашр шуд. Аммо чанд сол қабл бо пешниҳоди Ислом Каримов ба донишкадаи Бухоро номи Аҳмади Донишро доданд ва инак, муҷассамаи ӯро ҳам аз Бухоро бардоштанд.

Муаррихи узбак Гога Ҳидоятов мегӯяд, кандани ҳайкали Файзулло Хоҷаев на эҳёи ҳақиқати таърихӣ, балки идомаи ҳамон нодидагирии хидматҳои ӯ ва онҳоест, ки дар саргаҳи таъсиси Узбакистон истода буданд: “Файзуллоҳ Хоҷаев шахсияти хеле маъруфу хидматкарда буд. Ӯ буд, ки Узбакистонро дар марзҳои кунуниаш таъсис дод. Ӯ аз нигоҳи сиёсӣ хеле обутобёфта ва аз ангуштшумор раҳбарони Шӯравӣ буд, ки ҳарфи худро ба Сталин ошкоро гуфта метавонист. Файзулло Хоҷаев соли 1922 дар Маскав дар як маҷлис ба Сталин ҳатто рӯирост гуфт, ки шумо Иттиҳоди Шӯравиро ба зиндон ва Маскавро ба як макони хатарнок табдил додаед, ки касе меояд, ё мекушандаш ваё ба зиндонаш мекашонанд. Ӯ гӯё аз қисмати худ фол мезад, чунки Файзулло Хоҷаевро дар соли 1938 бидуни кадом мурофиаи қонунӣ маҳз дар Маскав қатл карданд. “

Рашидов Сардоба шуду Охунбобоев – Учкӯпир

Камолиддин Рабимов, таҳлилгари узбаки сокини Фаронса мегӯяд, атрофиёни раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо камранг кардани нақши раҳбарони сиёсии замони шӯравӣ мехоҳанд, дар зеҳни мардум ин боварро талқин кунанд, ки сохтани Узбакистон ба ҳайси як давлати миллии мардуми узбак аслан маҳсули даврони истиқлол ва самараи раҳбарии Каримов аст, то натиҷаи фаъолияти шахсиятҳое, чун Файзулло Хоҷаев, ки Узбакистонро дар марзҳои кунуниаш дар солҳои 20 дар қаламрави як бахши аморати Бухорову як бахши хонигариҳои Қӯқанду Хива ва ҳам қисме аз сарзаминҳои тобеи Туркистони Русия сохтанд.

Камолиддин Рабимов меафзояд, Файзуллоҳ Хоҷаев нахустин ва танҳо нафаре аз раҳбарони аҳди шӯравӣ нест, ки Тошканд мехоҳад ба боди фаромӯшӣ бисупорад: “Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон ду тамойюл мушоҳида мешавад. Аввалан, табдили исми маконҳое, ки ба ёди шахсиятҳои маъруфи замони шӯравӣ гузошта шудаанд. Сониян, аз китобҳои таъриху аз зеҳни мардум зудудани исми афроди маъруфе, ки доманаи шӯҳрати онҳо метавонад шӯҳрати Ислом Каримовро зери соя гузорад. Масалан, ноҳияи Шароф Рашидовро ба Сардоба иваз карданд. Ноҳияи Акмал Икромов дар Тошканд акнун Учтеппа шудааст. Ҳамин тавр, ноҳияи Юлдош Охунбобоев дар Фарғона ба Учкӯпир табдил ном кард. Номи маконҳое, ки ба исми афроди шинохтаи замони шӯравӣ буд, тақрибан ҳамааш иваз шуд.”

Абдуманнон Холҷӯраев, хабарнигори муқими Тошканд аммо мегӯяд, кандани ҳайкалҳои шахсиятҳои замони шӯравӣ ва ҳамин тавр, талоши табдили номгузориҳои бозмонда аз он аҳд ба рашки таърихии шахси Ислом Каримов бармегардад, ки тобу тоқати дидани нафари дигареро дар осмони шӯҳрати Узбакистон дар паҳнои бузурге аз замони Амир Темур то даврони мо надорад: “Решаи сиёсати ҳозираи Узбакистон дар сиёҳ кардани шахсиятҳои таърихӣ печ хӯрдааст. Чеҳраҳои таърихиро барои он сиёҳ мекунанд, ки дар ин майдон дар фосилаи бузурге аз аҳди Амир Темур то ба аҳди Ислом Каримов ситораи ҳеҷ кадоме ба ҷуз ҳардуи онҳо натобад. Ислом Каримов ҳатто исми хушномҳое, чун Муқаннаъ, ё Намоз-паҳлавонро ҳаддалимкон кӯр мекунад, то исми худу аҳди раёсаташро дар саҳифаҳои таърих тобноктар ҷилва диҳад.”

“Кори савоб шуд”

Аммо дар Тоҷикистон, ба фарқ аз Узбакистон, афроде, ки дар солҳои 20 дар таъсиси ин ҷумҳурӣ саҳм гузоштаанд, то имрӯз дар сутуҳи расмӣ арҷгузорӣ шуда, аз 6 нафаре, ки Душанбе унвони расмии Қаҳрамони Тоҷикистон додааст, 3 нафар – Садридин Айнӣ, Нусратуллоҳ Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур – аз ҷумла барои хидматҳояшон дар ташкили ин ҷумҳурӣ ба ин унвони олӣ тақдир шудаанд.

Бо ин ҳол, аксари равшанфикрони тоҷик ба маҳзи нақше, ки Файзуллоҳ Хоҷаев дар тақсими ҳудудии Осиёи Марказӣ дар солҳои 20, аз коргузорӣ берун андохтани забони тоҷикӣ ва узбак нависондану узбаксозии тоҷикони сокини ҳудуди Узбакистони кунунӣ дошт, кандани ҳайкали ӯро як кори савоб медонанд ва мӯътақиданд, ки ӯ ба сазояш расидааст.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд: “Номи ӯро аз тамоми деворҳои Бухоро тарошида партоянд агар, савоб аст. Ӯ фарзанди нохалафи миллат буд. Миллатро фурӯхт. Бухороро фурӯхт. Ба ӯ ҳайкал гузоштану ёдгоре аз ӯ мондан маънӣ надорад, ба фикри ман. Файзулло Хоҷаев яке аз сардорони тақсими ҳудуди миллӣ буд. Иҷрои фармони Маскавро дар дасти Раҳимбоеву Зелинскию Хоҷаеву ҳаминҳо буд. Ҳарчӣ хостанд, карданд.”

Амакбачаи Ф.Хоҷаев чаро ба босмачиҳо пайваст?

Яке аз пайвандони Файзуллоҳ Хоҷаев Темур Хоҷаӯғлӣ дар Туркия ба сар мебарад ва профессори донишгоҳи Мичигани Амрикост. Падари ӯ Усмон Хоҷаев бо Файзуллоҳ Хоҷаев амакбача буд ва то соли 1922 дар ҷумҳурии Бухоро мақоми вазир, ё ба истилоҳи он солҳо, нозирро дошт, вале соли 1922 зимни як маъмурияташ дар Душанбе ғайриинтизор ба “босмачиҳо” пайваст ва ҳамроҳи муҷоҳидин бо талаби аз хоки Бухоро баровардани нирӯҳои артиши сурх гарнизони Душанберо тасарруф кард.

Темур Хоҷаӯғлӣ мегӯяд: “Падарам бо аскарҳои Бухоро ин гарнизонро гирифт ва гуфт, артиши сурх аз Бухоро берун шавад, чунки Бухоро ҷумҳурии мустақил аст. Бухороро он вақт 5 кишвар – худи Русияи советӣ, Афғонистон, Туркия, Олмон ва Бритониё ҳамчун давлати мустақил шинохта буданд. Дар бораи ошӯби Душанбе Ҷалол Икромӣ ҳам як намоишнома дорад бо номи “Гарнизон таслим намешавад”. Дар ин асар корномаи Усмон Хоҷаев ҳам ҳаст. Баъди шикасти ин исён, ки зиндагӣ дар Бухоро ғайримумкин шуд, падарам ба Афғонистон рафт ва соли 1923 аз онҷо ба Туркия кӯчид.”

Хоҷаӯғлӣ мегӯяд, ин рӯйдод, ки падарашро ба чоҳи мудомулумри ғурбат афканд, бармегардад ба ихтилофоте, ки дар он даврон байни ҷадидҳои дар Бухоро бақудратрасида мегузашт, байни онҳое, ки ба хотири ҳифзи
Ҳайкали Хоҷаев дар Бухоро, ки акнун барканда шуд.
қудрат бо Русия иттиҳод меҷустанд ва онҳое, ки кумаки шӯривиҳоро танҳо василае барои расидан ба истиқлоли Бухоро медонистанд: “Ҷадидҳо 2 гурӯҳ буданд. Як гурӯҳ ба марксизм пайравӣ карданд, аммо гурӯҳи дигар марксизмро напазируфт. Падари ман ё Садриддин Айнӣ, ки дӯсти наздикаш буд, марксизмро қабул накарданд. Онҳо миллатгаро буданд. Соли 1920 Ҷумҳурии Бухоро марксистӣ набуд. Қонуни асосии Бухоро, ки ман нусхаашро дорам, ягон ғояи марксистӣ надорад. Калимаи “советӣ” бори аввал соли 1923 ба номи Ҷумҳурии мардумии Бухоро афзуда шуд. Бухоро то он сол ҷумҳурии советӣ набуд .“

“Узбакистони бузург”-и Ф.Хоҷаев

Муаррихи тоҷики муқими Амрико Камолиддин Абдуллоев мегӯяд, Файзуллоҳ Хоҷаев ва дигар руҷули сиёсии он даврон пай мебурданд, ки ба 5 ҷумҳурии алоҳида ҷудо кардани Осиёи Марказӣ ин минтақаро заъиф хоҳад кард, ки натиҷааш имрӯз дар равобити бади давлатҳои минтақа ва нотавонии онҳо ба ҳалли масоили ҳатто ҷузъӣ маълум мешавад.

Вале ба сурати умум, ба ақидаи оқои Абдуллоев, Файзуллоҳ Хоҷаев ва боқӣ тарафдорони ақидаҳои пантуркистӣ тавонистанд тарҳи “Туркистони бузург”-ро дар он солҳо то ҳадде дар тарҳи “Узбакистони бузург”, ки Шӯравӣ таъсис дод, амалӣ кунанд: “Файзулло Хоҷаев дар оғоз як фикри худашро дошт. Баъди шикасти Анварпошо ба Маскав рафту фикрашро тағйир дод ва ҳизби коммунисти Бухороро ба ҳизби коммунисти Русия ҳамроҳ кард. Ӯ хост, ки бо болшевикҳо бозӣ кунад, болшевикҳо бо ӯ вориди бозӣ шуданд ва дар охир ин бозиро болшевикҳо бурданд. Онҳо ки пантуркист буданд, хостанд пантуркизмро дар Узбакистон амалӣ гардонанд. Ва аксари заминҳоеро, ки барои Туркистони бузург мехостанд, дар таркиби Узбакистон ба даст оварданд. Шӯравӣ ҳарчанд ба пантуркизм зарба зад, вале нахостанд онро то охир буғӣ кунанд. Барои ҳамин, каме гузашт карда, дар масъалаи марзбандӣ Узбакистонро бузургтар карданд, ки онҳоро қаноат диҳанд. Бозӣ буд, албатта, вале онҳо муваффақ шуданд, пантуркизмро дар Узбакистон гузаронанд.”

Аммо хабарнигор ва муаррихи тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд, ҷадидҳо, аз ҷумла Файзуллоҳ
Аммо аз нахустин корҳое ки карданд, забони форсиро дар Бухоро барҳам доданд ва узбакиро забони расмӣ карданд...
Хоҷаев дар он солҳо ба доми фиреби Маскав гирифтор шуданд, вале дар ниҳоят қоидаҳои бозиеро, ки Маскав барояшон таъйин мекард, пазируфтанд ва асосан ғаризаи ҳифзи қудрат буд, ки намегузошт, то боз ҳам дам аз талабҳои қаблии худ ва аз истиқлоли Бухоро бизананд: “Як гурӯҳашро Маскав бурданд, коммунист карданду оварданд ва соли 1920 бо ёрии Фрунзе инҳо инқилоб карданд ва онҳоро дар сари қудрат монданд. Аммо аз нахустин корҳое ки карданд, забони форсиро дар Бухоро барҳам доданд ва узбакиро забони расмӣ карданд. Баъд дар соли 1924, дар тақсимоти милливу маъмурӣ, ки Узбакистон таъсис ёфт, онҳо шояд ба фиреби Русия ҳам гирифтор шуданд. Русҳо аввал ваъдаи истиқлол дода, ҷумҳуриҳои мустақил таъсис доданд, вале соли 1924 ба ҷои ҷумҳуриҳои Хоразму Бухоро 5 ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ ташкил шуд. Инҳо дар қудрат монданд, вале дигар аз амри Маскав берун пой монда наметавонистанд.”

Файзуллоҳ Хоҷаев тоҷик буд ё узбак?

Дар ҳоле ки аксари муаррихони тоҷик Файзуллоҳ Хоҷаевро тоҷик ва аъмолашро “хиёнат ба миллат” меноманд, Темур Хоҷаӯғлӣ, писари амакзодаи ӯ аз қавли
Чичерин тарафдорони ин буд, ки Тоҷикистон ҷумҳурии асосӣ шавад ва Узбакистон ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Тоҷикистон бошад...
падараш мегӯяд, ки онҳо дар асл аз қабилаи қарлуқ будаанд. Ӯ мегӯяд, дар аҳди аморати Бухоро масъалаи қавмият матраҳ набуд, балки ҳама ба ҳарду забони тоҷикиву узбакӣ балад буданд ва худро бухороӣ медонистанд, то тоҷик ё узбак: “Падарам ҳам ба форсӣ ва ҳам ба туркӣ шеър менавишт. Давр давре буд, ки мардуми Бухоро ҳама дузабонӣ буданд. Ин анъана баъд дар солҳои советӣ аз байн рафт ва мардум ба тоҷику узбак ҷудо шуданд. Боре бо Камол Айнӣ, фарзанди Садриддин Айнӣ дар Венетсия вохӯрдам. Ӯ ба ман гуфт, чаро шумо худро узбак нависондаед, дар ҳоле ки Файзулло Хоҷаев, Усмон Хоҷаев, Абдурауфи Фитрат – ҳамаи ҷадидҳо тоҷик буданд. Ман ханда кардам. Ман дар хона ҳарду забонро ёд гирифтам. Аммо падарам фақат мегуфт, ки ӯ аз қабилаи қарлуқ аст. Падарам чунин мегуфт, аммо санаде дар даст надорам ман, ки ӯ дар ҳақиқат аз аҳли қарлуқ буд ё аз қавми дигар.”

Аммо Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, далоили фаровони таърихӣ ва ҳатто худи қавораи Файзуллоҳ Хоҷаев ҳокист, ки ӯ узбак набуд, бавижа аз аҳли қарлуқ, ки бо қавораи барҷастаи муғулии худ фарқ мекунанд. Аммо ба эътиқоди академик Шакурӣ, тоҷик будани Файзуллоҳ Хоҷаев имтиёзи ӯ нест, балки бори гуноҳашро дар назди мардуми тоҷик бештар мекунад: “Ҳамон вақт як рӯзнома дар Машҳад муроҷиатан ба Файзулло Хоҷаев навишт, ки ту ки худатро узбак мегӯӣ, о, Хоҷа бошӣ, чи тур узбак мешавӣ? Худи ӯ дар ҷое навиштааст, ки тоҷикон яке аз қабилаҳои турканд. Бино бар ин, худро узбак номид ва баъди инқилоб тамоми корҳоро ба забони узбакӣ гардонд. Ӯ дидаву дониста ва бо мақсадҳои сиёсӣ худрову мардуми Бухорову Самарқандро ва ҳамаи онҳоеро, ки худро тоҷик мегуфтанд, узбак эълон кард ва Узбакистони бузург ба вуҷуд овард, ки як қадам дар роҳи сохтани Туркистони бузург буд.”

Нақшаи Чичерин, ки дар Маскав нагузашт

Агар Файзуллоҳ Хоҷаеву Абдуллоҳ Раҳимбоев ва ёрони онҳо чунин мухолифати шадид намекарданд, оё то куҷо имкон дошт, ки Бухорову Самарқанд дар тақсимбандии марзии солҳои 20 ба Тоҷикистон илҳоқ шавад, на ба Узбакистон?

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, агар тарҳи вазири вақти умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Чичерин, ки бо кӯмаки ховаршиноси маъруфи рус Василий Бартолд таҳия шуда буд, қабул меуфтод, имрӯз харитаи сиёсии Осиёи Марказӣ комилан дигар буд:
“Имкон дошт, чунки барои мисол, Чичерин тарафдорони ин буд, ки Тоҷикистон ҷумҳурии асосӣ шавад ва Узбакистон ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Тоҷикистон бошад. Плани Чичерин чунин буд, ки Самарқандро ба аморати Бухоро , ки бузургтарин давлати Осиёи Марказӣ буд, ҳамроҳ карда, Тоҷикистон бисозанд. Лекин ин план ба Сталин маъқул наомад. Агар масъала каме демократӣ ҳалл мешуд ва плани Чичерин мегузашт, албатта, ба фоидаи тоҷикҳо анҷом меёфт.”

Муаррихи тоҷик Нуралӣ Давлат мегӯяд, мақоми баландтар аз ҷумҳурии мухтор ба даст овардани Тоҷикистон дар соли 1929, ки Абулқосим Лоҳутӣ ҳамчун “писари ҳафтуми сотсиализм” тавсифаш мекунад, бештар ба исёни ҳамон соли тоҷикҳои Афғонистон ба раҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ё Бачаи Сақо бастагӣ дорад, ки Маскавро маҷбур кард, то барои тоҷикҳо дар Шӯравӣ мақоми баландтареро қоил шавад. Аммо ба бовари ӯ, бо Узбакистон мондани Самарқанду Бухоро кори дасти Маскав буд, то натиҷаи талошҳои Файзуллоҳ Хоҷаев ё ҳар каси дигар.

Нуралии Давлат мегӯяд, раҳбарони вақти Осиёи Марказӣ дигар чандон истиқлоли амал надоштанд , ки бархе мепиндоранд, балки ба ҳар амре ки аз Маскав мерасид, фақат ва фақат лабайк мегуфтанд: “Масъаларо дар Маскав ҳал карда буданд. Ин мавзӯъ дигар чандон иртибот ба Файзуллоҳ Хоҷаев надошт. Дуруст аст, ки ӯ як пантуркист шуда буд, вале фикр намекунам, ки дар тақсими ҳудудӣ чизе зиёде аз ӯ ё Абдуллоҳ Раҳимбоев вобаста бошад. Онҳо дастнишондаи Маскав буданд ва аз фармони Маскав сар тофта наметавонистанд. Дуруст аст, ки инҳо миллаташонро иваз карданд, хиёнат карданд, вале ҳатто агар Файзуллоҳ Хоҷаев худро тоҷик ҳам менавишт ва садо баланд мекард, фикр мекунам, касе дар Кремл садои ӯро намешунид. Агар дар Маскав гӯш мекарданд, вазири хориҷаи шӯравӣ Чичеринро мешуниданд, ки гуфта буд, бояд Узбакистон дар ҳайати Тоҷикистон ҷумҳурии мухтор шавад.”

Масъалаи доим доғи Самарқанду Бухоро

Темур Хоҷаӯғлӣ мегӯяд, то ҳол баҳси Самарқанду Бухоро кардани мардуми тоҷику узбак ба нафъи ҳеҷ кадоми онҳо нест, балки аҳли зиё бояд ба он бияндешанд, ки чаро Шӯравӣ давлати Бухороро аз байн бурд ва дар Осиёи Марказӣ 5 ҷумҳурии алоҳида сохт, ки акнун бо касби истиқлол сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд?

Ба эътиқоди ӯ, ба кӣ додани Самарқанду Бухоро ё ҳар минтақаи дигарро Сталин дар Маскав ҳалл мекард, то Файзуллоҳ Хоҷаев ё Шириншоҳ Шоҳтемур ё ҳар мақоми дигари он вақту он замон: “Албатта, касе ки даврони Шӯравӣ, бахусус даврони Сталинро хуб медонад, чунин суол намегузорад, ки корномаи Файзуллоҳ Хоҷаев, ё Садриддин Айнӣ, ё ҳар фарди дигари он давра сиёҳ буд ё сафед. Давр даври Сталин буд. Хеле сахт буд дар он давра кор карданд. Файзулло Хоҷаев низ фарзанди ҳамон замон буд ва агар кадом кораш ба сӯди узбакҳо ё тоҷикҳо нашуд, айби ӯ нест, балки айби давлати Шӯравист. Айб фақат ба гардани Файзулло Хоҷаев нест.”

Аммо академик Шакурӣ мегӯяд, тарси Сталин аз зуҳури як давлати қавмии форсизабон буд, ки метавонист бо кишварҳои дигари форсигӯ – Эрону Афғонистон – аз як гиребон сар барорад ва ба султаҷӯиҳои Русия дар Осиёи Марказӣ таҳдид кунад.

Оқои Шакурӣ мӯътақид аст, дар ҳар сурат, ҳатто бо вуҷуди аз даст рафтани Самарқанду Бухоро ва воҳаҳои дигари тоҷикнишин, худи таъсиси Тоҷикистон ба ҳайси як ҷумҳурӣ дар он шароити солҳои 20 як қаҳрамонии бузург буд ва феълан гурӯҳе аз зиёиёни саршиноси тоҷик ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки дар баробари Садридин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратуллоҳ Махсум ба шахсиятҳои низ дар ин ҷабҳа хидматкардае, чун Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов ё Аббос Алиев ҳам унвони қаҳрамонӣ дода шавад.

Подоше дуруст баръакси он мукофоти амал ки дар Узбакистони кунунӣ ба Файзуллоҳ Хоҷаев сазовор дидаанд.
XS
SM
MD
LG