Созишномаи сулҳи Тоҷикистон на танҳо ба ҷанги тиру туфанг хотима гузошт, балки ҷанги иттилоотиро низ қатъ кард.
Сокини ноҳияи Ёвон, Абдураҳмон Давлатов ҳар бор садои радиоро шунавад, як лаҳзаи шодмонии худро ба ёд меорад. Баҳори соли 1994, вақте ки Абдураҳмон ҳамроҳи бародараш аз ноҳияи Ёвон ба вилояти Суғд фирор карда буд, аз барномаи шомгоҳии радиои “Тоҷикистони Озод” хабар ёфт, ки пайвандони гумшудааш зиндаанд ва дар “Кампи Сахӣ”-и Афғонистон паноҳ ёфтаанд: «Ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунм, вақте ки то 200 хешу таборамон, аз писари амма то духтари тағомро меҷустем ва хабаре аз онҳо набуд. Вақте ки аз радиои “Тоҷикистони Озод” номи онҳоро шунидем, ашк аз чашмамон равон гашт ва ин беҳтарин лаҳзаи умри мо буд.”
Аммо танҳо ба воситаи Радиои давлатии Тоҷикистон, ки зоҳиран тарафи муқобил бо Радиои Тоҷикистони Озод буд, Абдураҳмон тавонист, бо наздикони худ робита барқарор кунад: “Баъд аз тариқи барномаи «Хоки Ватан» мо барои онҳо нома менавиштем ва ҷавоб мегирифтем.»
Ин ҳам дар ҳоле буд, ки зиёда аз 80 000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Афғонистон паноҳанда буданд ва ҳар ду тарафи низоъ мехост, аз муҷҳоҷирон ба нафъи худ истифода кунанд. Ҳукумат талош мекард, ки ҳар чӣ зудтар муҳоҷиронро баргардонад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки дар он тарафи дарё танҳо як гурӯҳи кӯчаки мусаллаҳ ва норозие ҳаст, ки мехоҳад, вазъро дар дохили кишвар ба ҳам бизананд. Дар матолиби радиову телевизион ва нашрияҳои ҳукуматӣ мухолифон ба ангехтани ҷанг айбдор мешуданд ва ибораи “дасти онҳо то оринҷ дар хун оғуштааст” ҳамарӯза садо медод.
Дар навбати худ аз он сӯи дарё Иттиҳоди мухолифони тоҷик дар расонаҳои худ -- радиои «Тоҷикистони Озод», нашрияҳои «Садои муҷоҳид» ва “Пайки пирӯзӣ», ки дар соли 1993 таъсис дода буд, ҳукуматро ба бераҳмиҳои гӯшношунид ва “поккории қавмӣ” муттаҳам мекард.
Ин идомаи ҷанги таблиғотие буд, ки баъд аз ишғоли телевизиони давлатӣ аз тарафи оппозитсия ва таъсиси “Телевизиони Мардумии Тоҷикистон” ва ҳам тахриби антенаи мавҷпароканӣ дар наздикии Қӯрғонтеппа ва ташкили “Телевизиони Кӯлоб” бо сарварии Сангак Сафаров ва Раҳмоналӣ Давлаталиев ба авҷи худ мерасид. Ҳарду тараф кӯшиш мекарданд, хашму ғазаби пайравони худро ба ҷӯш оранд. Барои ин дар телевизионҳо аксу наворҳои мудҳиш намоиш дода мешуд.
Коршинос Султони Ҳамад мегӯяд: «Ҳар ду тараф кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар ин ҷанги иттилоотӣ дастболо шаванду ба мардум фаҳмонанд, ки дар мавқеи худ ҳақ астанд ва тарафи муқобил душман аст ва мардум бояд дар тарафи онҳо бошад.»
Мусаллам аст, ки дар ин кашокашҳои иттилоотӣ ва идеологӣ ба муҷоҷирон низ диққати зиёд дода мешуданд. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи Хоки Ватан»ро дар Радиои Тоҷикистон ба роҳ монд, ки ҳадафи он баргардондани муҳоҷирони тоҷик аз Афғонистон буд. Ба ақидаи Иброҳими Усмон, раиси вақти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, «дар он замин чизе, ки ҳам манфиати ҳукумат ва ҳам манфиати гурезаҳоро, ман мухолифонро дар назар надорам, ифода мекард, ҳамин барномаи "Хоки Ватан" буд.»
Муҳаммади Навид, раиси вақти бахши фарҳанг дар Иттиҳоди мухолифон ва сарпарасти радиои «Тоҷикистони Озод» даврони муҳоҷирати худро ёдовар мешавад, ки вақте аз рӯди Омӯ убур карда буд, хонавода ва падару модараш дар кишвар монда буданд. Дар он вақт хабаре пахш мешавад, ки ҳангоми аз дарё гузаштан ӯро як гуруҳи силоҳбадастон ба қатл расондаанд. Навид мегӯяд: «То пахши барномаҳои радиои “Тоҷикистони Озод” оилаи ман дар азо будаанд. Ҳеҷ хабар набуд ва касе ҳам наметавонист аз ин тарафи дарё дар бораи фирориёни он сӯ хабардор шавад, вақте ки садои маро аз ин радио шуниданд, бо шӯру валвала ҳамдигарро оғӯш мегиранд, ки “зинда будааст.” Ин як мисол аст, ки ман овардаам. Садҳо нафар аз ин тараф ва садҳо нафар аз он тарафи дарё аз тариқи радио чунин муждаҳоро аз зинда будани наздикони худ мефаҳмиданд»
Масъули барномаи «Хоки Ватан» дар Радиои Тоҷикистон, Сурайё Шуҷоат, мегӯяд, ки то муоқоти Хостдеҳ дар соли 1994 раванди бозгашти фирориҳо камтар буд, аммо пас аз ин мулоқот иродаи онҳо барои бозгашт мустаҳкам гашт: «Номаҳоро аз Афғонистон аз дасти мардуми фирорӣ намояндагони Созмони Милали Мутаҳид барои мо меоварданд ва махсус барои барномаи мо. Дар ҳар нома аз заҷри ғарибӣ навишта шуда буд, ки наметавонистам, худамро нигоҳ дорам, ҳатто дар барнома худам ба гиря меомадам.»
Хонуми Шуҷоат мегӯяд, ки дар охирҳои соли 1996 ва авоили соли 1997 барномаи Хоки Ватан қатъ шуд ва ҳамзамон дар он тарафи дарё Радиои «Тоҷикистони Озод» низ дигар дар мавҷ садо намедод. Гуфтушуниди сулҳ ба оташи “хушунати иттилотӣ” оби сард рехт ва он тадриҷан хомӯш гашт. Ба гуфтаи журналист Султони Ҳамад, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки аз тариқи расонаҳо айбҷӯӣ, бадномкунӣ ва душмантарошии якдигарро поён диҳанд: «Дар соли 1994 дар музокироти Маскав аз тарафи Созмони Милал ҳам ҳамингуна пешинҳод шуда буд, ки аз тариқи расонаҳо танқиди якдигарро бас кунанд. Аммо ин чандон ба эътибор гирифта намешуд. Вале дар мулоқоти Хостдеҳ ин масъала ба таври ҷиддӣ дар миён гузошта шуд ва пас аз он лаҳни тунду ҳақорату дашном қариб, ки дида намешуд.»
Зимнан ин нукта ба яке аз бандҳои Созишномаи сулҳи соли 1997 табдил ёфт ва аз тарафҳо даъват шуд, онро муроот кунанд. Созишнома дар солҳои баъдӣ таъсири мусбати худро гузошт, аммо яке аз “муаллифон”-и он, ҳамраиси собиқи зеркумисюни сиёсии Кумисюни Оштии Миллӣ, профессор Иброҳими Усмон аз он ноқаноатманд аст, ки имрӯз корномаи сулҳ, тафоҳум ва ваҳдати миллӣ дар расонаҳои ахбори ом ба таври шоиста таблиғ намешавад. “Муаллиф”-и дигари созишнома,раиси собиқи ҳайати музокиракунандаи мухолифон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нашри мақолаҳоро зидди худаш ва афроди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон идомаи раванде меномад, ки аз он солҳо ба мерос мондааст.