Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми 99-уми Тоҷикистон дар “сабқати сулҳ”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳҳои тундрав асосан аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир, иқтисоди соягӣ ва пулҳои интиқолӣ “рӯз” мебаранд.

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, баррасии тағйирот ба қонуни мубориза бо терроризмро то як ҳафтаи дигар ба таъхир гузошт.

Раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, чанд тағйироти тоза аз сӯи намояндаи президент Ҷумъахон Давлатов ворид шудааст, ки ҷиддист ва марбут ба ниҳодҳое, ки бо терроризм, аз ҷумла бо терроризми сиёсӣ, мубориза мебаранд. Аммо Ҷумъахон Давлатов, мушовири аршади раисиҷумҳур дар масоили ҳуқуқӣ ва намояндааш дар парлумон гуфт, ин тағйирот мафҳуми “маблағгузории терроризм” ва ҳам салоҳиятҳои Додгоҳи олиро дар мавриди созмони террористӣ эълон кардани ин ё он гурӯҳ мушаххастар мекунад.

Бедакӣ ҳам террорист буд?

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров
Сӯҳбат аз ҷангу террор дар Тоҷикистон бо хунсо шудани охирин гурӯҳҳои мусаллаҳи саркаш дар соли 2001-ум тақрибан тамом шуда буд, вале даргириҳои тобистони соли 2009-ум дар Тавилдара, ки бо кушта шудани фармондеҳони маъруфе, чун Мирзо Зиёеву Неъмат Азизов ва боздошти 48 тани дигар, бо шумули пайвандони он ду фармондеҳ анҷом ёфт, ва ошӯби гурӯҳҳои мусаллаҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, ки соле баъд дар навоҳии Рашту Нуробод камаш 8 моҳ идома ёфт ва аз ҳарду тараф беш аз 100 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳам бомбгузорӣ алайҳи як воҳиди махсуси пулис дар Хуҷанд дар сентябри соли 2010-ум, ки нахустин ҳамлаи маргталабона дар Тоҷикистон буд, ҳамагӣ аз сӯи Душанбе амалҳои террористӣ ва омилонаш ҳам террорист эълон шуданд.

Акнун, бо наздик шудани замони хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, нигарониҳо дар бораи вазъи амниятии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа бештар мешавад. Омили дигаре, ки ба ин нигарониҳо меафзояд, эҳтимоли талошҳо барои ба ҳам задани субот дар пешорӯи интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аст ва намунаи тозааш ҳам дар як сӯиқасд дар Душанбе кушта шудани Холмӯъмин Сафаров, шавҳари хоҳари президент Эмомалӣ Раҳмон.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00
Линки мустақим


Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси кумитаи ҳуқуқи парлумон мегӯяд, бозбинии қонуни мубориза бо терроризм бархоста аз кадом нигарониҳои нави Душанбе аз эҳтимоли афзоиши таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ нест: “Ҳамаи мо хуб медонем, ки терроризм дигар падидаи дохили як давлат нест, як хатари байналмилалист. Ҳарчанд дар Тоҷикистон имрӯз омилҳои хатари зиёди терроризм вуҷуд надорад, мо ҳам тартиби муборизаеро, ки аксари кишварҳо қабул кардаанд, қабул мекунем, то дар ҳолатҳои зарурӣ истифода бурда тавонем.”

Мафҳуми терроризм

Ҷумъахон Давлатов
Ҷумъахон Давлатов
Ин қонун, ки ҳанӯз соли 1999-ум тасвиб ва то имрӯз 3 дафъа бозбинӣ шудааст, мафҳуми терроризму амали террористӣ ва ҳам шеваҳои мубориза бо ин таҳдидро дар Тоҷикистон мушаххас мекунад. Ин қонун ҷиноёте, чун зӯроварӣ, тарсондани аҳолӣ ё фишор ба мардум ба хотири ба тасвиби тасмимҳои барои террористон мақбул маҷбур кардани мақомот, сӯиқасд ё ҳамла ба арбоби давлатӣ ва дипломатҳои хориҷӣ ва ҳатто таҳдиди чунин амалҳоро, агар барангехтани ҷанг ё эҷоди таниши байналмилалиро ба ҳадаф дошта бошанд, терроризм мешиносад.

Дар қонун ташкилу таҳия ва иҷрои амали террористӣ, таҳрик ба чунин амал, ширкат дар чунин аъмол, зӯроварӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, таъмини моливу кумак ва ташвиқи дигарон ба гурӯҳҳои баръало террористӣ ҳамчун фаъолияти террористӣ таъриф шуда ва ба хотири пешгирӣ аз чунин аъмол фаъолиятҳое, чун ташкили созмонҳо бо аҳдофи террористӣ, кумак ба афроди дахил дар терроризм, тарғиби терроризм ва ҳатто интиқоли бағочи афроди бегона дар фурудгоҳҳову роҳи оҳан ва ҳам баргузории гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат дар Тоҷикистон, тибқи ҳамин қонуни мубориза бо террор, манъ шудаанд.

Ҳамин тавр, масъулияти муборизаи бевосита бо террор дар ин кишвар ба Кумитаи амнияти миллӣ вогузор шуда, идораҳое, чун вазорати умури дохиливу дифоъ ва Оҷонси зидди фасоду Горди миллӣ ба сурати мустақим ва вазоратҳои адлияву умури хориҷӣ ва ниҳодҳои додгоҳиву гумрукӣ ба гунаи ғайримустақим ба ин кор ҷалб мешаванд. Аммо тартиби таъқибу муҳокима ва муҷозоти афроду гурӯҳҳои дахил дар чунин фаъолиятҳо дар қонуни мубориза бо терроризм нест, балки бармегардад ба қонунгузории ҷиноиву мурофиавии кишвар.

Манобеи молии гурӯҳҳои ситезаҷӯ

Муҳаммадалӣ Ватанов
Муҳаммадалӣ Ватанов
Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси кумитаи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, то 20-уми июн ба таъхир уфтодани баррасии бастаи нави тағйирот ба қонуни мубориза бо терроризм ба хотири аз сӯи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ омӯхтани чанд тавсияест, ки зимни баррасӣ аз ҷониби вакилони парлумон ироа шуд: “Тартиби ба рӯйхати созмонҳои террористӣ дохил кардани ташкилот ё террорист эълон кардани шахс дар ин қонун мушаххас шуда, ин кор танҳо бар асоси қарори додгоҳ хоҳад шуд. Тибқи созишномаҳои имзокардаи Тоҷикистон, созмонҳое ки дар сатҳи байналмилалӣ террористӣ эътироф шудаанд, дар мо низ ба рӯйхат гирифта мешаванд.”

Қонуни феълии мубориза бо терроризм танҳо як ҷумлаи кӯтоҳе дар бораи маблағгузории терроризм дорад. Ин дар ҳолест, ки таҳлилгари масоили амниятии Тоҷикистон Комёб Ҷалилов мегӯяд, зарурати ҷилавгирӣ аз манобеи таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ, ки яке аз умдатаринҳояш тиҷорати маводи мухаддир аст, кайҳо пеш омадааст: “Мегӯянд, як қисми муҳими маводи мухаддир аз марзи Тоҷикистон мегузарад. Маблағгузориҳои ғайриқонунӣ дар ҳақиқат аз ҳамин ҳисоб мешавад. Баъд тавассути бонкҳо. Як манбаи дигар иқтисоди ғайриқонунист. Қонунӣ кардани роҳҳои пешгирӣ аз маблағҳои ғайриқонуние, ки метавонанд барои таъмини молии терроризм истифода шаванд, ба назари ман, иқдоми дуруст аст.”

Мақоми 99-уми Тоҷикистон дар “сабқати сулҳ”

Баррасии тағйирот ба қонуни мубориза бо терроризм дар парлумон дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2012 аз нигоҳи таҳдидҳои амниятӣ 4 зина боло рафта, дар байни 158 кишвар дар мақоми 99-ум ҷой гирифт ва ҳам амнтарин кишвар дар Осиёи Марказӣ шинохта шуд. Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод, як ниҳоди таҳқиқотии Амрикову Австралия Шохиси ҷаҳонии сулҳро бар пояи 23 меъёр, аз ҷумла вуҷуди муноқиша, воридоти силоҳ, шумори зиндониён, вазъи ҳуқуқи башар, ҷинояткорӣ ва муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, таҳия мекунад.

Мирзо Зиёев
Мирзо Зиёев
Даниэл Ҳайслоп, муовини раҳбари ин пажӯҳишгоҳ мегӯяд, мақоми Тоҷикистон имсол асосан ба далели коҳиши мизони куштору амалҳои террористӣ ва саҳми Тоҷикистон дар нирӯҳои ҳомии сулҳи СММ беҳтар шудааст. Аммо дар мавриди хатарҳои боқимонда ба сулҳу суботи Тоҷикистон, Ҳайслоп гуфт: “Дар айни замон, нишондодҳои Тоҷикистон аз назари хатари муноқишаҳои созмонёфта, мизони зиёди ҷиноятҳои сангин, бесуботии сиёсӣ ва муносибат бо ҳамсояҳо бад аст."

Дар ҳар сурат, дар Шохиси имсолаи сулҳ, дар қиёс бо мақоми 99-уми Тоҷикистон, Қазоқистони зоҳиран оромтар дар ҷои 105, Узбакистон бо вуҷуди режими шадиди идориаш дар зинаи 110, Туркманистон дар мақоми 117 ва Қирғизистон ҳатто дар ҷои 131-ум ҷой гирифтаанд.

Аммо таҳлилгари масоили амниятӣ Комёб Ҷалилов мегӯяд, чунин тасвири ба сурати умум мусбат метавонад баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли 2014-ум анҷом шавад, тағйир хоҳад кард ва баъид нест, агар гурӯҳҳои фурсатҷӯи тундраву террористӣ талоши ҷои по ҷустан дар ин сӯи Омӯро кунанд: “Дар ҳақиқат, агар соли 2014 Амрико ва Аврупо қувваҳояшшонро бароранд, шояд вазъ ноором шавад. Албатта, ҷои онҳо холӣ намемонад ва артиш ва пулиси худи Афғонистон ҷойгузини нирӯҳои эътилоф хоҳад шуд. Вале аз эҳтимол дур нест, ки гурӯҳҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, Толибон ва гурӯҳҳои дигару дигар аз тарафи қувваҳои бозигар истифода шавад дар оянда. Аз ин рӯ, мумкин аст, ки як муддате нооромӣ шавад.”

13 ном дар “рӯйхати сиёҳ”-и Тоҷикистон?

Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев
Қонуни Тоҷикистон ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва узвият дар чунин гурӯҳҳоро низ терроризм эътироф мекунад ва дар парвандаҳои пурсарусадои генералҳои собиқ Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ҳам дар парвандаи даҳҳо тане ки дар иртикоби нооромиҳои Рашту Тавилдара маҳкум шуданд, як иттиҳоми асосӣ ҳамин буд. Як мояи нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ аз замони оғози ҷанги зиддитеррор дар Афғонистон низ ҳамин буд, ки ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ мубориза бо терроризмро ба як баҳонаи муносиб барои саркӯб кардани мухолифини сиёсии худ низ табдил додаанд ва Ғарб ба маҳзи аҳамияти ин кишварҳо дар таъмини нерӯҳои эътилоф аз ин мавридҳои сӯистифодаи ҳокимони маҳаллӣ чашм мепӯшад.

Феълан дар Тоҷикистон фаъолияти 13 гурӯҳи террористӣ ё тундрав, аз ҷумла Ал-Қоидаву Толибон, Ихвонулмуслимин, Ҷамоати Таблиғ, Ҳизб-ут-таҳрир, ҷараёни салафия, Ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳизби Тоҷикистони озод расман манъ шудааст. Охирин гурӯҳе, ки Додгоҳи олӣ тоза рӯзи 3 май ба ин “рӯйхати сиёҳ”-аш афзуд, Ансоруллоҳ, як гурӯҳи мазҳабии то як соли пеш ноошност, ки мақомот масъулияти ошӯби Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ ва ҳам ҳамлаи маргталабона дар Хуҷандро ба дӯши он бор мекунанд.
XS
SM
MD
LG