Ҷомеа ба зани муҳоҷир тараҳҳум надорад

Муҳоҷирати кории ҷавондухтарони тоҷик ба Русия гоҳо бо овозаи бадномии онҳо анҷом меёбад.
Муҳоҷирати корӣ ба Русия барои Комила, як ҷавондухтари тоҷик ба ҷуз бадномӣ дигар нафъе наовардааст.

Ин ҷавондухтари тоҷик, ки исмашро шартан Комила ном бурдем, мегӯяд, панҷ соли пеш ҳамроҳи ҳоҳари бузургу ҳамсари вай барои кор ба Русия рафта, ду сол дар иттиҳодияи чорвопарварие ба ҳайси говҷӯш фаъолият карда, маблағи хубе ба даст овардааст. Аммо Комила намедонист, дар ватан ин муҳоҷирати ӯро чӣ гуна баҳо медиҳанд.

Комила гуфт, ба дунболи муҳоҷират дар зодгоҳаш овоза кардаанд, ки ӯ дар Русия ба корҳои фаҳш даст задааст. Ҳарчанд ин гуфтаҳоро ӯ рад ҳам кунад, аммо мегӯяд, ҳама, ҳатто бархе наздиконаш ин овозаҳоро воқеӣ пазируфта, ба ӯ дигар муомилаи хуб надоранд. Инчунин, бо гузашти се сол аз муҳоҷират ва чунин овозаҳо касе ба хостгории ӯ намеоянд.

Таҳлилҳои чанд соли охир ва раванди афзоиши муҳоҷирати занон ба Русия нишон медиҳад, ки дар бештари маврид муҳоҷират барои занон бадномӣ меорад.

"Ба хотири як кас ҳамаро бадном накунед!"

Башорат, як зане, ки дар гузашта муҳоҷир будааст, ба ин ақидае, ки аксари духтарон дар Русия ба корҳои фаҳш даст мезананд, розӣ нест. Ӯ мегӯяд, бештари занҳо ҳамроҳ бо шавҳару дигар наздиконашон ба Русия мераванд ва ҳеҷ кори ғайриахлоқӣ намекунанд. "Ба ҳамаи занҳои муҳоҷир чунин баҳо додан нодуруст аст. Занҳои худотарс зиёд аст, ки фақат барои беҳбудии зиндагиашон бо меҳнати ҳалол ба Русия рафтаанд. Баъзе аз занон ҳастанд, намегӯям, ки нестанд, аммо ба хотири ду-се тан набояд ба ҳама занҳо чунин баҳо дод. Он занҳое, ки дар Русия чунин корҳо мекунанд, дар ватан ҳам рафтори хуб надоранд",-мегӯяд вай.

Аксари мардони тоҷик муҳоҷирати занҳо ё занҳои муҳоҷирро хуб қабул надоранд. Аскаршо Намозов, як ҷавони тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон мӯд шудааст, ки вақте зан аз шавҳараш талоқ мегирад, дар бештари маврид ба муҳоҷират меравад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки мардон дар Русия кор пайдо намекунанд, андешае пайдо мешавад, ки занҳо танҳо бо роҳи фаҳш рӯзиашонро дарёфт менамоянд. Ӯ гуфт, "мо зани тоҷикро ҳеҷ вақт бадном карданӣ нестем, шарм медорем, ки онҳо ба Русия мераванд. Ҳамааш чунин нест, вале дар ин ҷо аз шавҳараш мебарояд, дар он ҷо мебинӣ, ки ягон чечену татарро гирифт ва каме пас аз ӯ ҳам ҷудо шуда, ба танфурӯшӣ машғул мешавад. Касе, ки ба Русия рафтааст, ин ҳолро хуб медонад. Фоҳишаҳо аз ҳар миллат бисёр аст, вале вақте як духтари тоҷикро мебинӣ, қаҳрат мекунад."

"Агар мардҳои тоҷик номус дошта бошанд…"

Дар ҳамин ҳол, Гулнисо, як зани дигар мегӯяд, ба муҳоҷирати занҳои тоҷик мардон гунаҳкоранд ва бояд худи мардон аз ин раванд пешгирӣ кунанд.
Ӯ мегӯяд, "агар мардҳо занҳоро хуб таъмин кунанд, кӣ аз ҷонаш безор ҳаст, ки хеста ба Русия меравад? Дар ҳамон Русия ҳам агар мардони тоҷик номус дошта бошанд, барои занҳои ҳаммилаташон корҳои хуб пайдо мекунанд ва намегузоранд, ки онҳо ба корҳои нохуб даст зананд."

"Беҳтараш занҳо муҳоҷир набошанд"

Дар ҳамин ҳол, Лутфия Солеҳова, коршиноси созмони ҷамъиятии "Шаҳрванд" дар Кӯлоб мегӯяд, мувофиқи таҳлилҳо бадтарин вазъро дар Русия занҳои муҳоҷири тоҷик доранд. Хонум Лутфия афзуд: "Ҳолатҳоеро сабт кардаем, ки зан ҳамроҳи шавҳараш рафтааст, вале қарздорони шавҳараш ӯро омада шиканҷа додаанд. Ҳолатҳое шудаанд, ки духтар рафтааст ва аз он ҷо модари танҳо ба ватан баргаштааст. Яъне, шавҳар кардааст, вале кӯдакашро натавонистааст, бо худ биёрад. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки аз муҳоҷирати занҳо бо бунёди корхонаҳои хурд ҷилавгирӣ шавад, зеро дар ҳама ҳолат дида мешавад, ки муҳоҷират барои онҳо хатарбор аст."

Шумораи занони муҳоҷир то кунун маълум нест, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари мардон тайи чанд соли охир муҳоҷирати занон низ ба Русия афзоиш меёбад.