Дар Қирғизистон “Зангӯлаи Сулҳ” садо дод

Ба хотираи қурбониёни муноқишаҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон аз рӯи муҷтамаи “Зангулаи Сулҳ” пардабардорӣ шуд.
Дар солгарди фоҷиаи хунини ду соли пеш дар Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон, раисиҷумҳури ин кишвар, Алмосбек Атамбоев, бо тасвиби фармоне рӯзи 10-уми июнро “Рӯзи миллии ёдбуди қурбониён” эълон дошт.

Дар ин рӯз худи Атамбоев дар ҳамоиши ёдбуд дар шаҳри Ӯш ширкат кард. Дар он ҷо муҷтамаи ёдгории “Зангӯлаи Сулҳ”-ро боз карданд, ки 50 кило вазн дошта, аз тангаҳое сохта шудааст, ки сокинони шаҳри Ӯш ҷамъ кардаанд. "Зангӯлаи Сулҳ" 16 ҳазор доллар қимат дошта, дар шаҳри Новосибирски Русия омода шудааст.

Дар сӯҳбате аз Алмосбек Исманов, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ пурсидем, оё “Зангӯлаи Сулҳ” рамзе дорад?

Алмосбек Атамбоев

А. Исманов: "Дар суханони худ Мелис Мирзахметов -- шаҳрдори Ӯш гуфт, ин зангӯла бояд сокинонро ба сулҳу ваҳдат даъват кунад. Алмосбек Атамбаев - раисиҷумҳури Қирғизистон зимни суханони худ ёдоварӣ кард, ки дар гузашта ва ҳоло низ ширкаткунандагони моҷароҳоро меҷӯянд ва онҳоро ба муҷозот хоҳанд кашид. Вале решаҳои иҷтимоии чунин муноқишаҳо омӯхта ва аз он хулосаҳои зарурӣ бароварда нашудааст. Чунин моҷароҳои қавмӣ дар солҳои 60-ум, сипас, дар солҳои 90-уми қарни гузашта ва дар соли 2010-уми қарни кунунӣ дар ҷануби Қирғизистон рух додааст. Соли 1954-ум чунин зангӯла бори аввал дар Ню-Йорк садо додааст, баъдан дар кишварҳои дигар, масалан дар Ҷопону Полша. Нахустин “Зангӯлаи Сулҳ”-и Осиёи Марказӣ дар Ӯш гузошта шуд.”

Радиои Озодӣ: Дуруст аст, ки дар остонаи солгарди ин рӯйдодҳои хунин дар ҷануби Қирғизистон мақомоти интизомӣ посгоҳҳои иловагии амниятӣ гузоштаанд?

А. Исманов: "Ҳар сол дар остонаи солгарди фоҷиаҳои июни соли 2010-ум барои пешгирӣ аз имкони ҳар гуна нооромӣ посгоҳҳои иловагӣ мегузоранд. Вале ба шаҳри Ӯш воҳидҳои низомиро ворид накардаанд. Онро ба 15 бахши амниятӣ тақсим кардаанд. 12 гурӯҳи "сайёр"-и амниятӣ ташкил додаанд ва онҳо ба гардиш машғуланд. Шуморе аз сокинонро ба кормандони пулис ҳамроҳ кардаанд, то онҳо якҷоя чун гурӯҳҳои навбатдори мардумӣ вазъро зери назар дошта бошанд. Такрор мекунам, ба шаҳр нерӯҳои иловагӣ ворид накардаанд.”

"Зангӯлаи Сулҳ" ба ёди қурбониён



Радиои Озодӣ: Созмонҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқ дар гузоришҳои ахири худ, ки дар робита бо дувумин солгарди ин рӯйдодҳо нашр карданд, мегӯянд, то ҳол дар Қирғизистон сабабҳои аслии муноқишаҳои қавмии ҷануби ин кишвар боз нашудааст. Мақомоти ба ин гуна гузоришҳо чӣ гуна вокуниш нишон додаанд?

А. Исманов: "Мақомоти расмӣ ба таври мусбат ва бо дарки мавзӯъ ба чунин танқидҳо вокуниш нишон медиҳанд. Худи раисиҷумҳур дар суханронии худ дар Ӯш ду нуктаро хотирнишон кард. Яке ин ки ҳамеша ширкаткунандагони ҳодисаро меҷӯянд, вале бояд гунаҳкорони аслиро пайдо кунанд. Мақомот аз он норозиянд, ки созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ба қавмгароӣ ишора мекунанд ва мегӯянд, бар зидди қавми дигар шиканҷаро раво мебинанд ё боздоштҳои ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Ниҳодҳои интизомии Қирғизистон қотеъона ин ҳарфҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, чунин намунаҳо вуҷуд надорад. Ин нукта низ ҷолиб аст, ки дар муқоиса бо соли гузашта ҷиноят камтар шудааст. Солҳои пеш ҷавонон ё мардони қавми дигарро нигоҳ медоштанд ва аз онҳо ба ҳар баҳона пул мегирифтанд. Солҳои 2010-ум ва 2011-ум ин намунаҳо зиёд буд, имсол хеле кам шудааст. Вале, мутаассифона, ин мушкил ҳанӯз боқӣ мондааст. Нуктаи дувум ин аст, ки соли ҷорӣ худи мардум мегӯянд, тарсашон камтар шудааст. Онҳо акнун дар рӯзҳои ҷашн ба маркази шаҳр меоянд, дар боғҳо сайру гашт мекунанд. Соли гузашта чунин вазъро мушоҳида намекардед."