Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷудоии қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон бештар мешавад"


Гурӯҳи Байналмиллалии Бӯҳронҳо ё ICG гузориши худро дар бораи Қирғизистон ба нашр расонд.

Ин гузориш “Қирғизистон: Ҷудоиҳои қавмӣ дар ҷануб бештар мешавад” ном дорад. Дар гузориш омадааст, ки ҳукумати ин кишвар натавонистааст дар ҷануб хусуматҳои қавмиро барҳам диҳад.

Созмони мазкур ҳушдор додааст, ки агар ин мушкилӣ рафъ нашавад, оқибатҳои хубе ба дунбол нахоҳад дошт. Дар ин маврид гузориш бештар муноқишаҳои қавмии моҳи июни соли 2010 дар шаҳри Ӯшро дар назар дорад. Он вақт дар даргириҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбакҳо 420 нафар кушта шуданд.

Дар гузориши Гурӯҳи Байналмиллалии Бӯҳронҳо омадааст, дар шаҳри Ӯш оромии зоҳирӣ ҳукмфармост, вале дар миёни аҳолии қирғизтабор ва узбактабор касе бовар надорад, ки ин оромӣ устувор аст ва ҳеҷ гоҳ ба он халал ворид намешавад. Раҳбарии шаҳри Ӯшро Мелис Мирзахматов бар ӯҳда дорад. Ин шаҳрдори миллатгаро ва қавмии Ӯш ба ҳарфҳои раҳбарони Қирғизистон дар Бишкек чандон гӯш намедиҳад. Намояндагони миллати узбакро дар ин шаҳр ғайриқонунӣ боздошт мекунанд ва онҳо мавриди шиканҷа қарор мегиранд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ақалияти узбактабор дар ин минтақа беш аз пеш аз аҳолии қирғиз дур мешавад. Пол Квин Ҷаҷ-муаллифи гузориш навиштааст, узбакҳоро дар минтақа аз ширкат дар умури иҷтимоӣ дур мекунанд ва матбуоти узбакзабонро бастаанд. Баъзе миллатгароёни ошкори қирғиз мавқеъ ва нақши узбакзабонҳоро нодида мегиранд.

Баъд аз кушторҳои моҳи июни соли 2010, Мелис Мирзахматов-шаҳрдори Ӯш ба яке аз раҳбарони миллатгаро ва якрави қирғиз табдил ёфт. Якравии вай ҳукумати муваққати Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури пешинро доимо нороҳат мекард. Бо нишастани Алмазбек Атамбаев - намояндаи шимол ба курсии раёсати ҷумҳурӣ, шаҳрдори Ӯш ҳамоно якраву “гапнодаро” боқӣ мондааст. Дафтари раёсати ҷумҳурии Атамбоев аз чунин вазъ дар Ӯш огаҳ аст ва аз он изҳори норизоятӣ мекунад, вале мегӯяд, ки наметавонад ба вазъ таъсир расонад.

Турсунбек Акун, ваколатдори ҳуқуқи башари Қирғизистон
Турсунбек Акун, ваколатдори ҳуқуқи башари Қирғизистон
Турсунбек Акун-Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Қирғизистон дар Бишкек мегӯяд, баъд аз нооромиҳо хусумати миёни қирғизҳову узбакҳо ошкоро мушоҳида мешуд, вале акнун ин хусуматҳо навъе рӯпӯш шудааст ва пинҳонӣ давом мекунад. Ба гуфтаи Омбудсмен, дар вилоятҳои ҷанубӣ оромии қабл аз ҷанг то ҳол барқарор нашудааст. Вай ба ҷонибдорӣ аз гузориши Гурӯҳи Байналмиллалии Бӯҳронҳо чунин мегӯяд:

“Тақсими қаламрав дар вилояти ҷанубӣ боқӣ мондааст. Ин ба таври равшан мушоҳида мешавад. Вале талошҳои ҳукумат низ барои рафъи норизоятиҳои қавмӣ натиҷа додааст. То андозае оромӣ дида мешавад. Ба узбакҳои маҳаллӣ замин додаанд. Ҳукумат талош дорад масъалаҳои иҷтимоиро низ ҳал кунад. Вале ҳамаи ин кӯшишҳо то кунун комёбиҳои дилхоҳ надодааст.”

Ба гуфтаи Турсунбек Акун, муноқишаи миёни узбакҳову қирғизҳо ба муносибати миёни қавмҳои дигар низ то андозае асар гузоштааст. Масалан, 29 декабри соли гузашта дар деҳаи Андараки вилояти Бодканд миёни ҷавонони тоҷику қирғиз моҷарое бархост ва он вақт ин моҷароро ниҳодҳои зидахли Қирғизистону Тоҷикистон моҷарои ҷавонони ҷиноятпеша арзёбӣ карданд ва гуфтанд, ки он реша ва ё заминаҳои қавмӣ ё миллӣ надорад.

Вале Омбудсмени Қирғизистон баъд аз таҳқиқи ин моҷаро ба чунин хулоса расидааст: “Инро наметавон муноқишаи ҷиноӣ арзёбӣ кард. Ман аз он ҷо маълумот мегирам. Дар он ҷо бачаҳои мо кор мекунанд. Баъзе унсурҳои ҷиноӣ ҳаст, вале асосан ин моҷаро хусусияти миллӣ дорад. Медонед, муноқишаи миёни узбакҳову қирғизҳо дар он ҷо ҳам асар гузоштааст.”

Аҳолии қирғизи ҷануби кишвар бар ин ақидаанд, ки узбакҳо худашон зиндагиашонро мушкил кардаанд. Онҳо моҳи июни соли 2010 талош кардаанд корҳои раҳбариро дар вилояти Ӯш ба даст гиранд. Вале аз ин ақида дар доираҳои сиёсии Қирғизистон ҳимоят намекунанд.

Ҳукумати Қирғизистон иддао мекунад, ки баъд аз моҳи июни соли 2010 садҳо нафар ҷавонони узбактабори Ӯш ба шимоли Афғонистон ва ба Вазиристони Покистон рафтаанд
ва ба Ҳаракати Исломии Узбакистон пайвастаанд. Ба иддаои онҳо, ин ҷавонон дар он ҷо бо ин созмон ва гурӯҳҳои дигари тундрав машқ мегиранд ва имкон дорад онҳо дар оянда баъд аз бозгашт суботи вазъро барҳам бизананд. Коршиносон низ хатари тундгароӣ дар минтақаро инкор намекунанд.

Гузориш мегӯяд, бидуни шак баъзе аз ин ҷавонони узбактабор барои омӯзиш ба Афғонистону Покистон рафтаанд ва то ҳол касе намедонад, ки чӣ теъдоде аз онҳо бозгаштаанд.

Бино ба гузориш, дар ҷануби Қирғизистон 700 000 нафар узбактаборон ба сар мебаранд. Бо вуҷуди ин, ки дар миёни онҳо кам касоне бо муҷоҳидони тундрави машқдида дар Афғонистону Покистон ҳамақидаву ҳамфикранд, вале шахсоне ҳастанд, ки ба чунин ақидаҳо моиланд.

Гурӯҳи Байналмиллалии Бӯҳронҳо дар гузориши худ пешниҳод кардааст, ки барои ислоҳи вазъ бояд дар маҳалҳои узбакнишин, узбактаборони кордон ба мақомҳои пешини худ барқарор шаванд. Онҳоро барои хидмат дар суфуфи пулис сафарбар кунанд. Матбуоти узбакзабон дубора ба фаъолият пардозад ва дар маҳаллоти узбакнишин хатҳои мухобирот барқарор ва шабакаҳои обрасониву роҳҳо таъмир шаванд. Дар шӯъбаҳои пулис ва ниҳодҳои интизомӣ кормандон барои боздоштҳои беасос ва шиканҷаи узбактаборон ба муҷозот кашонда шаванд.
XS
SM
MD
LG