Шояд аз диди бисёре, махсусан дар Ғарб, мусиқӣ дар Афғонистон маъное ҷуз "садои сукут" надошта бошад...
Хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ дар гузорише дар бораи "ба по хестан" ва "ҷон гирифтан"-и мусиқӣ дар Афғонистон навиштааст, ки чакидаи ин гузоришро дар идома мехонед:
"Ба маҳзи суқути Толибон дар охирҳои соли 2001-ум, мусиқидонҳо аз дохилу хориҷи Афғонистон барои эҳёи ин ҳунар ба кишварашон омаданд. Аҳмади Сармаст яке аз ин афрод аст. Ӯ, ки мусиқишиноси ҳирфаӣ (касбӣ)-ст, пас аз тағйири авзоъ дар Афғонистон барои таъсиси як омӯзишгоҳи олии мусиқӣ, дар ҳамон маконе, ки дар кӯдакӣ мусиқиро фаро гирифта буд, ба кишвараш бозгашт.
Ҷаноби Сармаст мегӯяд, “ҳар фарди афғон бояд ин тавоноиро дошта бошад, ки ба мусиқӣ гӯш фаро диҳад, онро биомӯзад ва иҷро кунад.”
Танҳо ду сол пас аз таъсиси муассисаи миллии мусиқии Афғонистон дар Кобул он ҳудуди 150 ҳунаромӯзро фаро гирифтааст. Маводи дарсии омӯзишгоҳи олии мусиқии Кобул шомили риёзӣ, адабиёт буда, боқимонда замони омӯзиш ба мусиқӣ ихтисос дорад. Ҳунарҷӯён метавонанд аз байни гароишҳои мусиқии классикии ғарбӣ ё мусиқии суннатии Афғонистон якеро интихоб кунанд.
Кӯдакони хиёбонии собиқ, кӯдакони бесарпаарст ва духтарон, ки дар ҷомеаи мардсолор ва муҳофизакори Афғонистон бо мушкилот ва маҳдудиятҳои бисёре мувоҷеҳ ҳастанд, ниме аз ҷамъияти ҳунарҷӯёнро ташкил медиҳанд. Аҳмади Сармаст, ки 49 сол дорад, мегӯяд, "ҷанги дохилӣ ва сиёсатҳои саркӯбгарона алайҳи мусиқӣ дар даврони Толибон таъсири мондагор бар рафтори мардум бо мусиқӣ ва мусиқидонон барҷо гузоштааст. Ҳатто имрӯз ҳам баъзе мусиқидонони афғон бо таҳқир ва ҳатто бадрафторӣ рӯбарӯ ҳастанд."
Бо ин ҳама, Сармаст таъкид мекунад, ки мусиқидонҳои афғон бо хушбинӣ ба оянда нигоҳ мекунанд ва нисбат ба нақши муҳиме, ки метавонанд дар ин раванд ифо кунанд, огоҳии комил доранд. Вай дар ниҳоят мегӯяд, "мусиқӣ метавонад ба мизони зиёде дар раванди бозпарварӣ ва дармони як миллат муассир бошад. Миллате, ки сӣ сол зери фишору ҷанг ба сар бурд ва ба сахтӣ захм бардошт."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад