Ваъзгӯиҳо, даъватҳо ва баҳсҳои печидаву тӯлонии оташини исломӣ дар Фейсбук то ба ҳадде зиёд шуд, ки раиси Ҳизби Наҳзати Исломиро водор кард, ҷавонони эътиқодмандро ба риояти эътидол даъват кунад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки гоҳ-гоҳе ба Фейсбук ҳам сар мезанад, зоҳиран рафтори ҳаводоронашро дидааст, ки дар ин шабака бисёр фаъоланд ва пайваста мардумро ба баҳси масъалаи диние мекашанд.
Ӯ дар як маҳфиле дар қароргоҳи ҲНИТ гуфт, "машварати бародарона доштам, ба хоҳарону бародарон, ки дар шабакаҳо ҳастанд, бахусус ба касоне, ки дар мавзӯъҳои динӣ менависанд. Хоҳиш мекардам, эҳсосотӣ нашавед, ба эҳсосот ба ҳеҷ ваҷҳ аз номи дин набояд роҳ дод. Агарчӣ хеле ҳам бо риояти одоб сухан мекунед, эҳсос мешавад, ки баъзе аз ҷавонони мо аз меъёр берун мераванд."
Воқеан, аз баҳсҳо дар бораи масоили динӣ дар Фейсбук, ҳувайдост, ки мубоҳисон на танҳо эҳсосотӣ, балки ошуфтаву хашмгин мешаванд ва "наъра" мекашанд, ки далели ин аломатҳои бешумори хитоб дар поёни ҷумлаҳои баъзе аз он мардуми мӯҳтарам аст. Дур намеравем ва ба шарҳи зери як акси худи Муҳиддин Кабирӣ дар Фейсбук менигарем, ки дар маҳфили “ВАО ва Ислом” гузошта шудааст. Як нафар, ки худро Собир Домулло муаррифӣ кардааст, зери акси мазкур чунин шарҳ навиштааст: “Маро як суол дар ҳайрат гузоштааст, чаро раиси ҲНИТ бе риш аст, ҳоло он ки риш суннати паёмбар Муҳаммад - муаллими ҳаёти ҳамаи мост!"
Дар поёни ҷумлаи Собир Домулло ҳам аломати хитоб гузошта шудааст ва баъд аз он баҳс дар бораи риш идома мекунад ва нафари дигар Шоҳрух Восихов ҳам суол гузоштааст, ки чаро Муҳиддин Кабирӣ риш надорад. Аммо Собир Домуллову Шоҳрух Восихов дар муқоиса ба баъзе дигар аз мубоҳисони масоили динӣ дар Фейсбук ҷавонони ботаҳаммулу ором ба назар меоянд ва агар худатон дар ин шабака бошед, мебинед, ки чӣ гуна як нафар дигареро, ки ба андешаи ӯ мувофиқ несту назари мухолиф дорад, “кофиру муртаду мунофиқу, беимон” меномад.
Ҳатто, дар баъзе аз баҳсҳо Ҷалолиддини Румӣ, ки “Маснавӣ”-и ӯро Қуръон бо забони паҳлавӣ хондаанд ва ё Абдулқодири Бедилро “кофир” гуфтаанд. Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронӣ дар як маҳфили ҳизбаш гуфт, ҳоло 80 дарсади мавзӯъҳои шабакаҳои динӣ дар Интернет мавзӯи динӣ шудааст. Аз ҷумла, дар Фейсбук маҳфилҳои махсуси динӣ ҳаст, ба мисли Анҷумани фалсафа ва ҳикмати тоҷикистониён, ВАО ва Ислом, Минбари Ислом, вале айни замон баъзе рӯзҳо мебинед, ки дар маҳфилҳои ғайридинӣ, сели навиштаҳои мазҳабӣ ҷорӣ мешавад ва мардуми дигар ба истилоҳ ақибнишинӣ мекунанд.
Шояд аз ҳамин сабаб буд, ки Муҳиддин Кабирӣ ба ҳаводоронаш насиҳат кард, ба ифрот роҳ надиҳанд ва барои афкори дигар ҳам ҷо бигузоранд: “Хоҳиш мекунам, ҷойро, фазоро барои дигар андешаҳо бигузоред. Ҳамон тавре ки замоне мо аз набудани фазои муносиб барои андешаи динии худ азият мекашидем, иҷоза надиҳед, ки як гурӯҳи дигар, як бародари дигар, як хоҳари дигар, ки андешаи ғайридинӣ дорад, худашро дар ин шабакаи иҷтимоӣ танҳо ҳис кунад ва боз бигӯяд, ки ин қисмати иттилоотро ҳам масоили динӣ ва баҳсҳои динӣ гирифтааст.”
http://www.youtube.com/embed/iohHsUjhm0s
Дар воқеъ, кор ахиран то ба ҳадде расид, ки масъулони маҳфили “Tajiks on Facebook” гуфтанд, аз ин пас ҳар навиштаи мазҳабиро, ки дар маҳфил гузошта мешавад, пок мекунанд ва иҷоза намедиҳанд, дар ин маҳфил масоили динӣ баҳс шавад. Дар дигар маҳфилҳои Фейсбук шиква мекарданд, ки чаро баъзеҳо намозхонии худро ба намоиш мегузоранду ба дигарон мечаспанд ва панду насиҳат мекунанд, ки чаро мисли ӯ ба тоату ибодат машғул нест.
Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба ин нукта низ ишора кард ва гуфт, чунин рафтор дар шабакаҳои иҷтимоӣ натиҷаи баръакс хоҳад дод: “Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ҳарчӣ бештар дар мавзӯи динӣ бинависанд, ҳарчӣ қадар хостаҳои динӣ бигзорад, ҳамон қадар савобаш бештар аст. Ба хотири савоби бештар мебинед, ки як нафар дар як бегоҳ пайиҳам 10-15 маводро гузоштааст. Шумо фикр кунед, ки хонандагон хаста мешаванд ва ҳар чизе, ки зиёд шуд, малоли хотир ва мардумро хаста мекунад ва ин усули даъват нест. Бахусус аз ҷавонони фейсбукӣ хоҳиш мекардам, ки ин машварати бародаронаи моро ба инобат мегиранд.”
Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки баъд аз ин муроҷиату дидани видеои суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар Фейсбук, ҳаводоронаш машварати ӯро ба инобат хоҳанд гирифт, ё “гирифтани савоби зиёдтар” дар шабакаҳои иҷтимоиро аз насиҳати пешвои маҳбубу ҳушёрашон бартар хоҳанд донист.